Ҷашнвораи Роҳи абрешим , Рангоранг, акс аз бойгонӣ

Ҳисоботи оҳангсозон: 129 оҳангу суруд эҷод кардем

67
(Таҷдидшуда 09:16 28.07.2018)
Иттифоқи оҳангсозони Тоҷикистон аз натиҷаи фаъолияташ тайи 6 моҳи аввали соли 2018 гузориш дод

ДУШАНБЕ, 28 июл — Sputnik. Тибқи иттилои Иттифоқ, оҳангсозони кишвар дар нимсолаи аввал 129 суруду оҳанг эҷод кардаанд.

"Аз ҷумла 23 кантата, 12 асари симфонӣ, 7 асар барои оркестри созҳои миллӣ, 4 асар барои оркестри нафасӣ, 83 асарҳои созӣ, вокалӣ — камеравӣ, асарҳо барои хор, сюитаҳои вокалӣ- хорӣ ва хореографӣ, 5 мусиқӣ барои намоишномаҳои театрӣ ва синамо эҷод шуда, инчунин 6 монографияву 13 мақола таълиф гардиданд", — омадааст дар иттилоияи Иттифоқи оҳангсозон.

Манбаъ таъкид намудааст, ки дар нимсола 6 китоби композиторони тоҷик ва осори илмии мусиқашиносон таҳия ва ба нашр супорида шуд.

Иттифоқ афзуд, ки бо мақсади тарғиби фаъолияти эҷодию илмии оҳангсозону мусиқашиносони тоҷик ва дигар муассисаҳои эҷодию касбӣ ва таълимии соҳаи фарҳангу санъат, сомонаи Иттифоқи композиторони Тоҷикистон —www. kompozitor. tj, расман ба фаъолият шуруъ намуд.

67
Барчаспҳо:
Иттифоқи оҳангсозон, оҳангсоз, сурудҳои тоҷикӣ, ҳисобот, Тоҷикистон
В Душанбе состоялась фотовыставка Анисы Сабири Знаки Согдианы

Нахустин филми тоҷикию бритониёӣ аз рӯи филмномаи Аниса Собирӣ наворбардорӣ мешавад

162
(Таҷдидшуда 18:07 20.01.2021)
Филмномаи навиштаи Аниса Собирӣ дар озмуни мактаби синамои Лондон баранда шуда, аз рӯи он филм сабт хоҳад шуд

ДУШАНБЕ, 20 янв — Sputnik. Филмнома ё худ сенарияи Аниса Собирӣ дар London Film School беҳтарин эътироф шуд, хабар дод котиботи ин муассисаи таълимӣ.

Филмномаи "Таноб" – "Tightrope" аз миёни 6 сенарияи дигар пирӯз дониста шудааст.

Ин сенария аз саргузашти сарбозе қисса мекунад, ки аз асорат дар Афғонистон ба ватанаш, шаҳри Дардобод бармегардад. Собиқ низомӣ зодгоҳашро комилан дигаргуна ёфт, маъюберо мебинад, ки замоне ситораи балет буд, ҳамсарашро низ пайдо мекунад, ки аз ӯ рӯй мегардонад.

Ҳаводиси филмнома дар пасманзари таҳаввулоте рух медиҳанд, ки шаҳр дар ҳоли табдилёбӣ ба пойтахти як давлати нав мебошад.

“Ростӣ, интизор надоштам, чун ҳамкурсонам хеле бомаҳоратанд. Мо бо як суръат пеш мерафтем, фаъолона сари лоиҳаҳо кор мекардем ва ман то ҷое худро каме нороҳат эҳсос мекунам, ки пирӯз шудам, гарчанде хеле хурсанд ҳам ҳастам”, - изҳор дошт Аниса дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон.

Филмномаи Аниса, аллакай мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифтааст. Созишнома низ бо продюсери шинохтаи бритониёӣ Люк Шиллер баста шудааст, ки бо Тилдо Суинтон ва Тосин Коул кор кардааст.

"Созишномаро ҳанӯз дар замони таҳсилам дар мактаби синамо бастем, замоне, ки ба Люк филмномаи маро тавсия доданд ва ӯ дар охири соли таҳсил роҳнамои ман шуд. Дар натиҷаи баъзе мулоқотҳо мо созишномаро бастем", - илова намуд Аниса Собирӣ.

Интизор меравад, ки нахустин филми муштараки тоҷику бритониёӣ дар қаламрави Тоҷикистон ба навор гирифта шавад.

162
Барчаспҳо:
филм, Тоҷикистон
Намозгузорон дар масҷиди Душанбе, акс з бойгонӣ

Шарҳи расмии Кумитаи дин дар бораи хабари кушода шудани масҷидҳо

660
(Таҷдидшуда 14:44 20.01.2021)
Кумитаи дини Тоҷикистон хабарҳо вобаста ба иҷозаи фаъолияти иттиҳодияҳои динӣ, аз ҷумла масҷидҳоро шарҳ додааст

ДУШАНБЕ, 20 янв — Sputnik. Қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ дар мавриди иҷозати фаъолияти масҷидҳо ҳанӯз ба тасвиб нарасидааст, хабар дод Афшин Муқим, сухангӯи Кумитаи дини Тоҷикистон.

Ӯ афзуд, ки бо дарназардошти ба эътидол омадани вазъ ва ба эътибор гирифтани таҷрибаи кишварҳои ҳамсоя, инчунин дархости зиёди ҳамватанон, Кумитаи дин барои фаъоолияти масоҷид ба Ситоди ҷумҳуриявӣ пешниҳод ироа намудааст. Афшин Муқим таъкид кардааст, ки феълан интизори тасмими Ситоданд.

Ин дар ҳолест, ки тибқи омори расмии пешниҳоднамудаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тайи қариб 10 рӯзи охир дар ҷумҳурӣ ягон ҳолати гирифторӣ ба коронавирус сабт нашудааст.

Ахиран хабар дода шуд, ки Ситоди ҷумҳуриявӣ аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим ва Шӯрои уламои Тоҷикистон дастур додааст, ки тамоми омодагиҳоро барои боз кардани масоҷиди панҷвақта ва ҷомеъро рӯи даст гиранд.

“Агар як вазъи дигари хос пеш наояд, омодагиҳо барои боз кардани масҷидҳо аз 1 феврали соли равон бояд гирифта шаванд”, - гуфт манбаъ.

Ситоди ҷумҳуриявии ҷилавгирӣ аз "вируси корона" ё COVID-19 – и Тоҷикистон бори аввал 4 марти соли равон дастури қатъи намозгузориҳо дар масҷидҳои панҷвақта, ҷомеъ ва ҷамоатхонаҳои Тоҷикистонро содир намуда, 20 март дубора дастури боз кардани онҳоро дода буд.

Аммо як моҳ расо нашуда, 18 апрел Шӯрои уламои Тоҷикистон ба хотири ҷилавгирӣ аз густариши "вируси корона" эълон кард, ки дигарбора дари масҷидҳо баста хоҳанд шуд.

Азбаски ин тасмим қабл аз моҳи шарифи Рамазон гирифта шуд, баргузории намози таровеҳ ва ҳатто намозу идгардаки моҳи Рамазон низ манъ шуд.

Дар замони пандемияи “вируси корона” тамоми масоҷид дар олами ислом, ҳатто Масҷиди Ҳарому Масҷиди Набавӣ ва Масҷиди ақсо ҳам баста шуданд.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон ҳудуди 10 рӯзи охир эълон медорад, ки ягон мавриди гирифторӣ ба “вируси корона” дар кишвар расман сабт нашуда, ягон нафар ҳам дар шифохонаҳои ин кишвар бо ин ташхис бистарӣ нест ва ин вазъ роҳро барои боз кардани дари масҷидҳо боз кардааст.

660
Барчаспҳо:
масҷид, кумитаи дин, Тоҷикистон
День 21 января

Аз Рӯзи оғӯш то ниҳолшинонии Эмомалӣ Раҳмон дар боғи "Наврӯзгоҳ": имрӯзи таърих

0
(Таҷдидшуда 19:37 20.01.2021)
Рӯзи бисту якуми январ дар Лаҳистон – Рӯзи бибиҳо, дар Беларус — Рӯзи қӯшунҳои муҳандисӣ. Рӯзи байналмилалии оғӯш мебошад

Рӯзи 21 январ дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1862 Адам Опел дар шаҳри Рюсселхайми Олмон корхонаи истеҳсоли мошинаҳои дӯзандагӣ ифтитоҳ намуд. Соли 1886 ширкати "Опел" истеҳсоли дучарха ва соли 1899 истеҳсоли мошинро сар кард ва  ҳоло яке аз ширкатҳои машҳуртарин дар ҷаҳон мебошад.

Соли 1932 дар Остона аввалин шумораи рӯзномаи "Ҳақиқати Қазоқистон" («Казахстанская правда») нашр шуд.

Соли 1954 дар ҷаҳон нахустин маротиба бомбаи атомии зери обӣ сар дода шуд.

Соли 2011 дар Остона, дар  Донишгоҳи миллии санъати Қазоқистон ҷаласаи дуюми Шӯрои ректорони консерваторияҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид.

Соли 2014 дар пойтахти Чин- шаҳри Пекин ҷаласаи якуми раёсати Шӯрои расмии Созмони ҳамкории Шанхай доир гардид. Дар ҷаласа роҳбарони қисмҳои миллии Шӯрои расмии кишварҳои иштирокчии СҲШ- Тоҷикистон, Русия, Чин, Қирғизистон, Қазоқистон ва Узбакистон ширкат варзиданд.

Соли 2016 ВАО хабар доданд, ки дастаҳои футболи Испания — "Реал" ва "Барселона", инчунин "Манчестер Юнайтед"-и Англия дар соли 2015 беш аз 500 миллион евро ба даст овардаанд.

Рӯзи 21 январ дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 2000 нахустин шумораи ҳафтаномаи "Азия-Плюс" аз чоп баромад.

Соли 2004 Парлумони Тоҷикистон ба қонун “Дар бораи уҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ” тағйирот ворид кард, ки мувофиқи он муҳлати хизмати ҳатмии ҳарбӣ барои хатмкунандагони донишгоҳҳо аз 18 ба 12 моҳ поин оварда шуд.

Соли 2011 бо Фармони Президенти Тоҷикистон Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд.

Соли 2014 сарвазир Қоҳир Расулзода бо ҷараёни корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар минтақаҳои наздисоҳилии  шаҳри Кӯлоб ва ноҳияи Восеи вилояти Хатлон шинос шуд.

Соли 2017  Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба хабари ҳузнангези ба ҳалокат расидан ва ҷароҳат бардоштани шаҳрвандони Венгрия, аз ҷумла, кӯдакону наврасон бар асари садамаи воситаи нақлиётӣ дар Италия ба Президенти Венгрия Янош Адер барқияи тасаллият ирсол намуд.

Соли 2018 Эмомалӣ Раҳмон бо  раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар Боғи Наврӯзгоҳи пойтахт дарахтони нодири сояафкану ороишӣ шинонида, ба маъракаи ниҳолшинонӣ ва вусъати корҳои ободонию сабзазоркунӣ ва сабзу хуррам гардонидани муҳити атроф ҳусни оғоз бахшиданд.

Ҷашнҳои рӯзи 21 январ

  • Дар Лаҳистон – Рӯзи бибӣ (модаркалон).
  • Дар Беларус — Рӯзи қӯшунҳои муҳандисӣ.
  • Рӯзи байналмилалии оғӯш.

Рӯзи 21 январ кӣ ба дунё омадааст

Анвар Абдурасулов (1947)- физикдон, профессор.

Аҷамӣ Муҳаммадалӣ (1954) – шоир.

Бандишоева Савсан (1922 – 2003) – актрисаи театр, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон.

Гулов Тағоймурод (1945) – доктори илми кишоварзӣ.

Ғаниев Комилҷон (1950) – сароянда, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон.

Кандинов Лев (1932) – нависанда.

Каримова Аза (1925 – 2000) – доктори илми филологӣ.

Қаландарбеков Имомёрбек (1955)- доктори илми техникӣ, профессор.

Мастонгулов Мирзо (1939-2008)- доктори илми иқтисод, аввалин лётчики касбии тоҷик.

Маҳкамов Файз (1941) – дойрадаст, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.

Мирзоев Кароматулло (1941) – Нависандаи Халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷойизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ.

Мусулмонкулов Раҳим (1938) – доктори илми филологӣ, профессор.

Собиров Султон ( 1933 – 1998) – доктори илми химия, профессор, Ходими шоистаи илми Тоҷикистон.

0
Барчаспҳо:
Ҷаҳон, Тоҷикистон, ҷашн
Мавзуъ
Аз ифтитоҳи радиои "Садои Душанбе" то марги 5 ҳазор нафар дар Чин: имрӯзи таърих
Аз зодрӯзи Аҳмад Бобоқулов то таҷдиди сохтори Дастгоҳи президент: имрӯзи таърих
Таъсиси "ЦРУ" ва тасдиқи лоиҳаи "CASA-1000" аз ҷониби Тоҷикистон: имрӯзи таърих
Рӯзи ҳамсар, таъсиси ноҳияҳои Хуҷанду Қумсангир ва зодрӯзи Дастин Поре: имрӯзи таърих