Посухи Кумитаи дин ба онҳое, ки боздиди руҳониёнро аз осорхона "гуноҳ" хонданд

© SputnikПразднование Курбан-Байрама в Душанбе
Празднование Курбан-Байрама в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раёсати фатвои Маркази исломии Тоҷикистон мегӯяд, боздид аз осорхона ва огаҳӣ аз таърихи дуру наздик дар дини мубини Ислом манъ нест, балки бар асоси қиссаҳои қуръонӣ ба таърих бояд диққат диҳему панд гирем

ДУШАНБЕ, 5 авг — Sputnik. Ҷамолиддин Хомӯшов, сармутахассиси Раёсати фатвои Маркази исломии Тоҷикистон мегӯяд, касе, ки таърихи гузаштагони худро намедонад, ӯ дар ҳама гуна ҷомеа ба ҳайси як инсони закиву бофарҳанг пазируфта намешавад.

Хомӯшов бо нашри як матлаб дар сомонаи Кумитаи дини Тоҷикистон изҳор доштааст, ки Худованди мутаол дар Қуръони азимушшаъни худ Паёмбари гиромии худ, саллаллоҳу алайҳи ва салламро аз таърихи гузаштагон борҳо хабар додааст.

Служба в мечети, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Бояд торихро донанд: имомхатибони масҷидҳо ба тамошои осорхона мераванд

"Инчунин дар Қуръони карим қиссаҳои Паёмбароне, ки пеш аз Паёмбари мо гузаштаанд, зикр шудаанд, то уммати охирин Паёмбар аз таърихи умматҳои гузашта огоҳӣ дошта бошанд. Ва низ қиссаҳои қавмҳои саркаш мисли Од ва Самуд ва Фиръавну Намруд такрор ба такрор барои ибрати мардум омадааст", ‑ изҳор доштааст Хомӯшов

Ӯ изҳор доштааст, ки шеваҳои омӯзиши таърих бо мурури замон тағйир меёбанд ва боздид аз осорхонаю шиносоӣ бо бозёфтҳо роҳи муосири таърихомӯзӣ мебошад.

Сармутахассиси Раёсати фатво аз иқдоми Кумитаи дин барои боздиди руҳониён аз осорхонаҳо истиқбол карда, мухолифини ин маъракаро бехабар аз асли Ислом хондааст.

"Мутаассифона, ҳолатҳое ҳам буданд, ки бархе аз ашхоси ноогоҳ аз асли таълимоти ислом нисбат ба ин тадбири нек вокуниши манфӣ нишон додаву ҳатто боздиди ходимони дин аз осорхонаро "гуноҳ" хонданд. Бехабар аз он, ки агар донистани таърихи гузаштагон гуноҳ мебуд, ё кароҳате медошт, ҳеҷ гоҳ Худованди мутаол ба Паёмбараш таърихро бозгӯ намекард", — таъкид кардааст ӯ.

Дар идома Хомӯшов аз бинои Осорхонаи миллӣ тавсиф карда, изҳор доштааст, ки дар он бозёфтҳо ва катибаҳое аз сулолаҳои Сосониён, Кушониён ва Сомониён хаёли касро ба гузаштаҳои дур мебарад.

Ба гуфтаи муаллиф дар осорхона баробари китобҳои бузургони гузаштаи миллат, инчунин нусхаи номаҳои Паёмбар (с) ба Хусрави Парвиз-малики ҳамқарни форсаш вуҷуд дорад.

Хомушов таъкид намудааст, ки тамошои ин осорхонаву осорхонаҳои дигар на ин ки дар дини мубини Ислом манъ нест, балки чунонки аз қиссаҳои қуръонӣ бармеояд, ба онҳо диққат бояд дод ва панд бояд гирифт.

Лентаи хабарҳо
0