Нашри "Тоҷикнома"-и Усмонов: аз масъалаи Эрон то тоҷикият ва суолҳои таърихӣ

© SputnikИбрагим Усманов. Архивное фото
Ибрагим Усманов. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
"Тоҷикнома", китоби донишманди маъруфи тоҷик, Усмонов Иброҳим Кенҷаевич дар 3 ҷилд - 2 ҷилди тоҷикӣ ва 1 ҷилди русӣ ба нашр расид

ДУШАНБЕ, 6 авг — Sputnik. "Тоҷикнома", китобҳо, рисолаҳо, мақолаҳо ва мусоҳибаҳои доктори илми таърих, профессор Иброҳим Усмонов, ки дар тӯли бештар аз 45 сол эҷод шудаанд, дар бар мегирад.

Тавре дар шиносномаи китоб навишта шудааст, мақсади ягонаи муаллиф — муайян кардани ҷойгоҳи халқи тоҷик дар Осиёи Миёна ва мавқеи вай дар байни мардуми эронинажод аст.

Президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон: халқи тоҷик аз имтиҳони ҷиддии таърих сарбаландона гузашт

"Муаллиф вожаи эронро, на ба мафҳуми имрӯзаи ҷуғрофияи сиёсӣ, балки дар фаҳми таърихии он, сарзамини Мовароуннаҳр ва Хуросон истифода мекунад. Хокдони халқу забони худро дар ҳамин минтақа ва решаи аҷдодии худро дар халқиятҳои хурду калони инҷо, аз ҷумла Суғду Бохтар медонад. Таҳқиқҳои муаллиф ба осори зиёди илмии форсу тоҷик, араб, рус ва донишмандони аврупоӣ такя мекунанд"- омадааст дар шиносномаи китоб.

Дар оғози китоби аввал Усмонов суолгузориҳо кардааст, ки мо мардуми таҳҷоии Осиёи Марказӣ ҳастем ё қавми омадаем? Аврупоиҳо дар таърихи тоисломии халқҳои эронӣ, суғд, бохтар ва форсро шинохтаанд, розӣ мешавем ё не? Пас, ҳамчун халқи қадимӣ мо суғду бохтар ҳастем ё форс?

Агар мо худро форс ва эронӣ гӯем, сарнавишти падару модар ва хоҳару бародар ва фарзандони дар Ӯзбекистон, Қазоқистон ва Қирғизистон будаамон чӣ мешавад? Онҳоро форсшавӣ намемонанд. Оё тоҷикияташон ҳам аз байн намеравад?

Умед Джайхани, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Умед Ҷайҳонӣ: забони Рӯдакиро бояд дар ниҳодҳои давлатӣ ба кор гирифт

Бароямон чӣ беҳтар, моро ҳамчун тоҷик ва тоҷикистонӣ шиносанд ё ҳамчун форс ё эронӣ? Мустақил будан беҳтар ё ҷузъи миллати бузург, бе номи худ?

Истилоҳи тоҷик, ки хитоиҳо, арабҳо, туркҳо, юнониҳо, арманиҳо, русҳо, аз бузургони мо Унсурӣ, Саноӣ, Аттор, Саъдӣ, Мавлавӣ, Ҷомӣ, Амир Хусрав, Бедил истифода бурдаанд, ишора ба чист? Халқ, миллат ё ягон мафҳуми дигар?

Эрон шакли калимаи ориёиҳо. Воқеан мо яке аз халқҳои ориёӣ ҳастем. Аз ин нигоҳ мо эронӣ мебошем. Номи Эрон чун ҳудуди давлатӣ дар соли 1936 пайдо шуд.

Мо дар солҳои шӯравӣ аз он норизо будем, ки баъзе миллатҳои мамлакатамон тарҷумаро аз адабиёти классикии мо «тарҷума аз форсӣ» мегуфтанд. Ҳоло бо онҳо ҳамфикр шудаем?

Пантуркистҳо оё дуруст мегуфтанд, ки мардуми тоҷик туркҳои ба таъсири мадраса забонгумкардаанд?

Қисми зиёди даризабонҳои Афғонистон худро тоҷик мегӯянд, онҳоро эронӣ ва форс номидан мумкин аст?

Российский паспорт - Sputnik Тоҷикистон
Пешсафии тоҷикон дар дарёфти шаҳрвандии Русия: 29 ҳазор дар як сол

Аз рӯи гуфтаи бузургони илму адабамон то қарни XVII аксарияти аҳолии Хуросону Шероз чун халқ худро тоҷик мегуфтанд. Чаро имрӯз чунин намегӯянд?

Дар идомаи "Тоҷикнома" Иброҳим Усмонов аз хизматҳои бузурги Садриддин Айнӣ зикр карда, пешниҳод кардааст, ки Маркази Айнишиносӣ ташкил карда шавад.

"Дар ҳамаи ихтисосҳои гуманитарии мактабҳои олии Тоҷикистон дар барномаи таълим Айнишиносӣ ҳатман дохил карда шавад ва бо назардошти ихтисос таълим дода шавад — адабиёт ва адабиётшиносии Айнӣ, таърихшиносии Айнӣ, ҷаҳоншиносии Айнӣ, фалсафаи Айнӣ, педагогикаи Айнӣ, публитсистикаи Айнӣ ва амсоли ин", — пешниҳод кардааст таърихшиноси тоҷик.

Инчунин Усмонов таъкид кардааст, ки агар сокини Тоҷикистон аз он чӣ гирифтаасту ё мегирад қонеъ набошад, ин бисёр бад аст.

"Пас, дар ин соҳа таҳаввулот, яъне дигаргунӣ лозим аст. Он дигаргуние, ки эҳтиёҷоти ҳамин мардум, камбудии рӯзгори ҳамин халқро ҳал карда тавонад. Агар ин норозигӣ норозигии иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ, миллӣ ё маҳалливу чизи дигаре буд, давлат бояд кӯшиш намояд, ки ин гуна камбудҳо ислоҳ шаванд. Ин заминаи ба вуҷуд омадану устувор шудани ифтихороти миллиро аз Ватан мустаҳкам мекунад", — изҳор доштааст ӯ

Донишманди тоҷик афзудааст, ки тоҷикистонӣ будану аз Тоҷикистон ифтихор намудан, мутлақо маънои худро аз халқи дигару давлати дигар боло гузоштанро надорад.

История и традиции Навруза. Инфографика - Sputnik Тоҷикистон
Наврӯз: таърих ва анъанаҳо

"Агар ин гуна эҳсос ба вуҷуд омад, ин миллатчигӣ ба ҳисоб меравад, ки албатта, ҳеҷ гуна таблиғ ба миллатчигӣ набояд сабаб шавад. Бояд мо худро, Ватан, халқ, забони худро ҳампоя ва ҳампаҳлӯи ҳар халқи дигар ва ҳар ватани дигар донем. Мо ҳам Ватани худро дӯст медорем, дигарҳо низ Ватани худро дӯст медоранд. Мо, ки Ватани худро дӯст медорем ба хоки дигар мардум бо чашми бад наменигарем ва онҳо низ ба хоки кишвари мо ин гуна наменигаранд. Зиёиёнии мо ҳар гоҳе дар масъалаи он ки мо тоҷикон миллат ҳастем ё  не, баҳс мекунанд. Мо миллатем", — изҳор доштааст Усмонов.

Муаллиф афзудааст, ки халқи мо дар таърихи худ бо зӯрӣ чизеро ҳосил накардааст, балки бо ҳилму тамкин ва ақлу фаросат ёфтааст.

"Халқи мо кушки ҳастии худро дар Мовароуннаҳру Хуросон бино карда, дар сесад соли охир танҳо Осиёи Миёнаашро нигоҳ дошта тавонистаасту бас. Лиҳозо бо ин боб гуфтаниам; худро ҳамчун халқ дар Мовароуннаҳр суроғ кунем, забони ориёии худро дар сарманзили Осиёи Миёна нигоҳ дорем, марзу иддаои давлатро аз муҳиту марказаш шиносем он гоҳ ишораҳои халқу миллат ва забону давлатамонро мисли мо дигарон низ мефаҳманд", — таъкид кардааст Усмонов.

Лентаи хабарҳо
0