Профессор Равшан Раҳмонӣ дар бораи Идгардак: чӣ буду чӣ шуд?

© Sputnik / Рамиль Ситдиков / Гузариш ба медиабонкПразднование Курбан-Байрама в Москве
Празднование Курбан-Байрама в Москве - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Равшан Раҳмонӣ, профессори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон маъракаи Идгардакро пажуҳиш карда, хулоса баровардааст, ки он аз оинҳои Ислом нест ва дар Тоҷикистон таҳти таъсири маросими Гулгардонӣ роиҷ шудааст

ДУШАНБЕ, 19 авг — Sputnik. Равшан Раҳмонӣ, бо нашри як матлаб дар сомонаи хабаргузории давлатии "Ховар" изҳор доштааст, ки маросимҳои мардумӣ дар ҳамон шакли бостонии худ то замони мо нарасида,  бо мурури замон ба дигаргуниҳо дучор шуда, ҳатто мувофиқи сиёсати давр ба онҳо гоҳе чизе илова ё аз онҳо чизе кам шудааст.

Sputnik Тоҷикистон идомаи матлаби Равшан Раҳмониро бидуни тағйир пешниҳоди хонандагон мекунад:

Пас аз он ки Искандар кишварҳои эронитаборро забт кард, баъди чанд аср арабҳо вориди зиндагии мардуми мо гаштанд. Пасонтар воқеаҳои таърихии зиёд ба монанди истилои муғул, турктозиҳо ва садҳо моҷароҳои дигар сурат гирифтанд. Бо вуҷуди ин,  аз як тараф расму оинҳо чун маросими муқаддас аз насл ба насл интиқол меёфтанд, аз тарафи дигар ба   онҳо нишонаҳое аз фарҳанги мардумони дигар илова мегардиданд. Ба ҳар ҳол, бисёре аз расму оинҳои мардуми тоҷик бо иловаҳо аз мардумони ҳамсоя  дар маросимҳо иҷро гардида, то замони мо расидаанд.

Дар Тоҷикистон иди Рамазонро таҷлил мекунанд - Sputnik Тоҷикистон
Аз намоз то идгардак: гузориши акси аз таҷлили иди Рамазон дар Тоҷикистон

Мардум ба ин расму оинҳо  бовар доранд, зиндагии худро ба онҳо пайванд медонанд. Баробари расидани ҳар фасли сол, ҳар ҷашну ид, бо дучор шудан ба ин ё он мушкилоти равонӣ  ё ҳангоми иҷрои боварҳои суннатӣ ва ё динӣ  мардум маросимҳои дар рӯзгори худ побарҷоро ҳамчун эътиқод дар амал иҷро менамоянд. Яке аз онҳо маросими гулгардонӣ аст.

Гулгардонӣ аз он оинҳои баҳорӣ аст, ки то ба имрӯз дар байни хурдсолон ва навҷавонон боқӣ мондааст ва бо мурури замон дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон ба шакли дигар ба Идгардаки идҳои исломӣ таъсир расонида, сабабгори пайдоиши он шудааст.

Тавре ки профессор Низом Нурҷонов ёдовар шудааст, дар Калаъи хумб гулгардониро муллобачаҳои мадраса ташкил мекарданд. Ба гуфти эшон, ин муллобачаҳо на фақат хона ба хонаи мардум мегаштанд, балки ба деҳаҳои атроф низ мерафтанд, ки ин гардиш тақрибан 15-20 рӯз идома меёфт. Гулгардонҳо на фақат гулҳои зиндаро, балки гулҳои сохтаро низ ба чӯби дароз бо латаи сурху сафед мебастанд. Навҷавонон дар канори сурудҳои халқӣ ғазалҳои Ҳофизу Бедилро низ мехонданд.

Муҳаққикон М.Раҳимов ва Н.Нурҷонов ёдовар шудаанд, ки ин маросим дар манотиқи гуногуни Тоҷикистон ба ҳамдигар монанд, вале бо андаке тафовут ба назар мерасад.

Празднование Ураза-Байрам в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Кумитаи дин гуфт дар иди Қурбон "исрофкорон" ва "қиматфурӯшон"-ро ҷарима мекунад

Баъди ба поён расидани моҳи Рамазон ва иди Қурбон дар байни бачагони баъзе минтақаҳои Тоҷикистон (асосан шаҳру навоҳии марказ ва ҷануби кишвар)  маросими Идгардак баргузор мешавад, ки тибқи иҷрои он хурдсолон ва навҷавонон хона ба хонаи мардум гашта, садо мекунанд: "Иду айём муборак!". Ва соҳибхонаҳо  ба  истиқболи  хурдсолон баромада, барояшон ҳадяҳо медиҳанд.

Тибқи мутолиа ва пурсишҳо маълум шуд, ки чунин Идгардак   дар тамоми кишварҳои исломӣ вуҷуд надорад, балки фақат дар бахше аз минтақаҳои Тоҷикистон мавҷуд асту халос. Ин чиз моро ба он водор намуд, ки ба мутолиа ва пурсуҷӯи он машғул шавем.

Маълум гардид, ки дар манобеи хаттӣ дар бораи Идгардак ҳамчун иди исломӣ маълумоти дақиқ нест. Ҳатто мардумшиносони садаи Х1Х ва аввалҳои садаи ХХ низ дар бораи Идгардак иттилоъ ҷамъ наовардаанд. Агар ҷамъ оварда бошанд ҳам дастраси мо нест.

Модом ки Гулгардонӣ ва Идгардак дар асл як оини мардумӣ аст, ба таҳқиқи он бояд бо равиши мардумшиносӣ наздик шуд. Яъне аз мардуми калонсоли минтақаҳои гуногун пурсон шавем ва ҳамчунин ба мушоҳидаҳои он мардумшинсоне, ки дар минтақаи Осиёи Марказӣ кор кардаанд ва асарҳо навиштаанд, назар андозем.

Мэр города Душанбе Рустам Эмомали - Sputnik Тоҷикистон
Бо қарори Рустам Эмомалӣ: дар иди Қурбон ҷойҳои махсуси забҳи ҷорво ташкил мешавад

Мувофиқи мушоҳида ва маводи гирдовардаи мардумшинсон Н.А.Кисляков, М.Андреев, М.Раҳимов, Н.Нурҷонов, И.Муҳиддинов ва дигарон дар бораи он ки дар моҳи шарифи Рамазон ва иди Қурбон маросими Идгардак будааст ё не,  иттилоъ мавҷуд нест.

Пурсуҷӯҳои мо аз калонсолони 70-90-сола  дар охири садаи ХХ   низ тасдиқ карданд, ки Идгардак ҳамчун маросими хурдсолон дар  идҳои Рамазон ва  Қурбон дар гузашта вуҷуд надоштааст.

Дар навиштаҳои Н.Нурҷонов, ки эшон қариб тамоми минтақаи тоҷикнишини Осиёи Марказиро гашта, дар бораи Гулгардонӣ маводи фаровон гирд овардаанд,  дар бораи Идгардак иттилое дарёфт накардем.

Маълум аст, ки барои мардуми мусулмон моҳи шарифи Рамазон ва иди Қурбон даҳрӯзӣ дар ҳаракат аст ва он дар ҳар 12 сол ба баҳор, яъне истиқболи Наврӯз рост меояд. Дар тӯли беш аз ҳазор сол ба таври табиӣ дар баъзе минтақаҳо, бо таъсири ҳамон Гулгардонӣ оини Идгардак ба вуҷуд омадааст. Дар Идгардак мегӯянд: «Иду айём  муборак!», аммо дар Гулгардонӣ суруд  мехонанд.

Хулосаи мо ин аст, ки, тибқи оинҳои исломӣ, дар байни мусулмонони кишварҳои дигар Идгардак мавҷуд нест. Он фақат дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бо таъсири Гулгардонӣ роиҷ гардидааст.

Лентаи хабарҳо
0