Фарангис Нуруллозода, набераи оҳангсози машҳур Зиёдулло Шаҳиди

Номбардорони миллат: набераи Зиёдулло Шаҳидӣ сазовори боз як ҷоиза гардид

335
(Таҷдидшуда 19:07 28.08.2018)
Ёдрас мешавем, ки соли 2017 Фарангис Нуруллохоҷа сазовори нишони тиллоии "Global music" шуда буд

ДУШАНБЕ, 28 авг — Sputnik. Фарангис Нуруллохоҷа — композитори машҳури Тоҷикистон ва Канада, набераи композитори машҳури ҷаҳонӣ Зиёдулло Шаҳидӣ сазовори Идрори Гуггенхайм гардид. Дар ин бора Вазорати фарҳанги Тоҷикистон хабар медиҳад.

Гуфта мешавад, ҷоизаи Бунёди таърихии Джон Саймон Гуггенхайм ба шаҳрвандони Амрико, Канада ва Амрикои Лотинӣ, ки дар соҳаи санъат ба дастовардҳои назаррас ноил шудаанд ва бо фаъолияти худ сазовори истеъдоди фавқулодда буданашонро собит кардаанд, супорида мешавад.

Ёдрас мешавем, ки соли 2017 Фарангис Нуруллохоҷа, сазовори нишони тиллоии "Global music" шуда буд.

"Эҷоди мусиқӣ — ин саёҳат ба олами то ҳол кашфнашуда, ҷустуҷӯи оҳанг дар фазое мебошад, ки касе надидааст ва нашунидааст", —мегӯяд Фарангис.

Фарангис Нуруллохоҷа дар шаҳри Душанбе дар оилаи арбоби санъат ба дунё омадааст.

Маълумоти олиро дар Консерваторияи Шветсия гирифта, баъдан дар Амрико ва Фаронса такмили ихтисос кардааст.

Вай бо осораш дили ҳаводорони санъати классикиро дар аксари кишварҳои дунё ба даст овардааст.

335
Барчаспҳо:
Шаҳидӣ, оҳангсоз, мусиқинавоз, идрорпулӣ, Амрико, ҷоиза, Душанбе, Тоҷикистон
Индийская модель и актриса Айшвария Рай Баччан на красной дорожке в рамках 71-го Каннского международного фестиваля.

Абхишек Баччан вазъи Айшвария ва фарзандашро шарҳ доду барои дуогӯии мардум сипос гуфт

1129
(Таҷдидшуда 17:00 13.07.2020)
Нахуст мубталошавии ҳунарманди машҳури Болливуд Айшвария Рай ва духтарчаи ӯ ба маризии сироятии коронавирусро вазири тандурустии Махараштра нашр намуд

ДУШАНБЕ, 13 июл – Sputnik. Посте, ки вазири тандурустии иёлати Махараштра Раҷеш Топе дар Твиттер нашр намуд, бо гузашти андак вақт тоза карда шуд.

Сипас ҳамсари Айшвария, ҳунарманди номии Ҳиндустон Абхишек Баччан низ дар сафҳаи худ дар Твиттер олуда шудани завҷа ва духтарчаи худ ба вируси COVID -19 - ро тасдик кард, хабар медиҳад РИА Новости.

Омори ҷадиди як рӯз: фавти 5 000 ва сироятшавии 237 ҳазор нафар ба коронавирус дар ҷаҳон

Ба гуфтаи Абхишек, ташхиси Айшвария ва фарзанди онҳо аз коронавирус мусбат баромад.

"Маризии онҳо дар шакли сабук ҷараён дорад ва онҳо ба қарантини хонагӣ гирифта шуданд. Ба ҳамаи онҳое, ки дуоҳои самимӣ унвонии ману хонаводаам мефиристанд, изҳори миннатдорӣ мекунам", - навиштааст дар сафҳаи худ Баччан.

Қаблан аз мубтало шудани Амитабх Баччан ва Абхишек Баччан хабар дода шуд. Вазъи саломатии падару писар ҳам мӯътадил буда, дар шароити хона ба табобат фаро гирифта шудаанд.

Айшвария Рай Баччан ғолиби озмуни "Мисс ҷаҳон" -и соли 1994 ва ҳунарпешаи маъруф дар Ҳиндустон аст, ки дар филмҳои зиёд нақш бозидааст. Вай дорандаи ду ҷоизаи Filmfare Awards аст, ки қадимтарин ва бонуфузтарин ҷоизаи филм дар Болливуд дониста мешавад.

1129
Барчаспҳо:
маризӣ, Ҳинд, ҳунарманд
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Казы Бишкека, муфтий Садриддин Маджитов

Даргузашти қозии зодаи Тоҷикистон дар Бишкек дар синни 48-солагӣ

1192
(Таҷдидшуда 10:32 11.07.2020)
Садриддин Маҷидов, қозии шаҳри Бишкек ва яке аз руҳониёни шинохтаи Қирғизистон, ки зодаи ноҳияи Ёвони Тоҷикистон буд, даргузашт

ДУШАНБЕ, 11 июл — Sputnik. Раёсати мусалмонони Қирғизистон аз даргузашти Садриддин Маҷидов, қозии шаҳри Бишкек хабар дода, муфтии кишвар Мақсад Токтомушев ба наздиконаш таслият гуфтааст.

Ба иттилои раёсати мусалмонҳои Қирғизистон, Маҷидов 22 июни соли 1972 дар деҳаи Қирғизободи ноҳияи Ёвони Тоҷикистон таваллуд шудааст.

“Ӯ хеле инсони бомасъулият, донишманд ва меҳрубон буд. Дар паҳнсозии арзишҳои аслии Ислом саҳми бузург гузошта, шогирдони зиёд тарбия кард”, - омадааст дар таслиятнома.

Манбаъ зикр кард, ки марҳум бемории қанд дошт, аммо дақиқ сабаби марг гуфта нашудааст.

Дар назар аст, ки Маҷидовро 11 июл дар ноҳияи Қадамҷой, деҳаи Орукзар ба хок супоранд.

1192
Барчаспҳо:
даргузашт, беморӣ, Қирғизистон
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон

Ҷаласаи Ҳукумат: аз коронавирус то омодагӣ ба зимистон баррасӣ шуд

0
(Таҷдидшуда 21:05 13.07.2020)
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, бо баргузории ҷаласаи Ҳукумат, масъалаҳои таъмини амнияти озуқаворӣ, ҷамъоварии ҳосил, кишти такрорӣ, чораҳои санитарӣ - гигиенӣ алайҳи коронавирус ва омодагӣ ба зимистони солҳои 2020-2021-ро баррасӣ кард

ДУШАНБЕ, 13 июл — Sputnik. Тибқи иттилои котиботи раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи аъзои Ҳукумати кишвар, роҳбарони вазорату идораҳо ва шаҳру ноҳияҳоро ба вазъи имрӯзаи ҷомеаи ҷаҳонӣ, таъсири омилҳои беруна ба иқтисоди миллӣ, хатари пандемияи коронавирус дар ҷаҳон ва таъсири манфии он ба рушди иҷтимоиву иқтисодии кишварҳои олам ҷалб кард.

Раисиҷумҳур ба Ҳукумати кишвар, мақомоти шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони вазорату идораҳо супориш додаст, ки бо мақсади фаъолияти босуботи иқтисоди миллӣ, ҷиҳати кам кардани таъсири манфии хавфҳои беруна ба он ва таъмини фаъолияти мунтазами тамоми соҳаҳои иқтисодиёт, чораҳои таъхирнопазир андешанд.

Ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ ҷиҳати тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешниҳоди тавсияи мутахассисони соҳа барои риояи қоидаҳои санитарӣ-гигиенӣ, таъмини марказҳои саломатӣ бо маводи доруворӣ дастуру супоришҳо дода шуд, таъкид кард котиботи раисиҷумҳур.

"Инчунин тамоми роҳбарони мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вазифадор шуданд, ки захираву имкониятҳоро вобаста ба ғамхорӣ нисбат ба табақаҳои ниёзманд, беҳтаргардонии хизматрасониҳои тиббӣ ва пешгирӣ кардани бемории сироятии коронавирус ва пешбурди корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолӣ оид ба тозаву озода нигоҳ доштани муҳиту маҳалли зист, коргоҳу, иншоот ва риояи қоидаҳои беҳдоштӣ (гигиенаи шахсӣ) ба таври самаранок истифода баранд", - омадааст дар иттилоия.

Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумат ва дигар расонаҳои иттилоотии кишвар супориш гирифтаанд, ки дар бораи истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ ва хоҷагиҳои ёрирасон, бо истифода аз имкониятҳои ҳар як оила коркарди хонагии меваю сабзавот ва захираи зарурии маводи хуроквориро дар хонаҳо бештар тарғиб намоянд.

Дар охири кори маҷлис Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳукумати кишвар ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ барои дар сатҳи зарурӣ доир кардани маъракаи зимистонгузаронӣ, истифодаи сарфаркоронаи неруи барқ дар шароити камобӣ, омода намудани иншооти соҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ ба давраи зимистон, захираи кофии маводи хӯрокворӣ, захираи ангишт ва дигар сӯзишворӣ, таъмини барқу гармӣ ба муассисаҳо ва аҳолӣ дар фасли зимистон, омода кардани марказҳои барқу гармидиҳӣ, тайёр кардани муассисаҳои миёна ва олии таълимии кишвар, аз ҷумла донишгоҳу донишкадаҳо, литсейю коллеҷҳо ва омӯзишгоҳҳо ба соли хониши 2020-2021, оид ба вусъати корҳои ободониву бунёдкорӣ бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ, супоришҳои мушаххас додаст.

0
Барчаспҳо:
зимистон, Ҳукумат, Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон