Эмомалӣ Раҳомн ҳангоми ифтитоҳи “Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ”

Видеои боғи Фирдавсӣ баъди навсозӣ: истироҳаткунандагонро 60 "камера" назорат мекунанд

543
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, шоми 5 сентябр боғи "Дӯстии халқҳо"-ҳоро, ки номи наваш "Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ" мебошад, ифтитоҳ кард

ДУШАНБЕ, 6 сен — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, боғи мазкур бо супориши  Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва вилоятҳои Суғду Хатлон пурра навсозӣ гардид.

Масоҳати умумии "Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ" 30 гектарро ташкил дода, аз ду даромадгоҳ —шимолӣ ва ҷанубӣ иборат мебошад.

Дафтари матбуоти раисиҷумҳур афзуд, ки барои таъмини амнияти истироҳаткунандагон дар 60 нуқтаи ин боғ камераҳои мушоҳидавӣ ва таҷҳизоти радиошунавонӣ насб карда шуда, ду адад таваққуфгоҳ барои 250 воситаи нақлиёт низ барои истироҳаткунандагон сохта шудаанд.

Манбаъ илова кард, ки дар  "Боғи фарҳангу фароғатии ба номи  Абулқосими Фирдавсӣ" сохтмони амфитеатр барои 1500 ҷойи нишаст аз ҷониби Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи раисиҷумҳур идома дорад, ки дар рӯзҳои таҷлил аз ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор хоҳад гирифт.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳур тайи ду сол дар шаҳри Душанбе 4 боғи фарҳангу фароғатӣ, 47 гулгашт ва майдончаҳои зиёди варзишӣ бунёд ва навсозӣ гардиданд.

Эмомалӣ Раҳмон ба масъулини Маҷмааи боғи фарҳангу фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ супориш додаст, ки дар самти нигоҳубин ва ҳамин тавр ободу зебо нигоҳ доштани ин макони истироҳатӣ масъулиятшинос бошанд ва нуқтаҳои хизматрасониро бо назардошти талабот дар боғҳои фарҳангу фароғатӣ, гулгаштҳо ва ҷойҳои серодам ба таври замонавӣ бунёд созанд.

543
Барчаспҳо:
"Дӯстии халқҳо", навсозӣ, ифтитоҳ, боғи ба номи Фирдавсӣ, Тоҷикистон
Писатель-юморист, народный артист РФ Евгений Петросян

Петросян мубталои коронавирус шуд ва ба бемористон интиқол ёфт

45
(Таҷдидшуда 17:58 27.10.2020)
Евгений Петросян, ки аллакай давоми як шабонарӯз дар бемористон қарор дорад, тавассути доруи сохти русӣ -"Коронавир" ба табобат фаро гирифта шудааст

ДУШАНБЕ, 27 октября — Sputnik. Ҳунарманди халқӣ, нависанда - ҳаҷвнигор, муҷрии барномаҳои телевизионӣ Евгений Петросян мубталои маризии коронавирус гардида, фавран тавассути мошини "Ёрии таъҷилӣ" ба бемористон интиқол ёфт, хабар медиҳад шабакаи телевизионии "360".

Ба иттилои манбаъ, Петросян муддати як шабонарӯз бо доруи сохти Русия алайҳи маризи коронавирус, ки "Коронавир" ном дорад, табобат мешавад.

Пизишкон аллакай ташхиси ҳаҷвнигори русро вируси COVID - 19 арзёбӣ намуданд.

4 фавт ва 600 маризи нав: омори Қирғизистон аз коронавирус барои имрӯз

Манбаъ меафзояд, вазъи Евгений Петросян қаноатбахш буда, табобати ӯ давом дорад.

Ҳунарманди рус соли 1945 дар шаҳри Боку таваллуд шудааст. Ӯ нахустин бор дар синни 12 - солагӣ рӯи саҳна баромада буд. Пас аз хатми мактаби миёна, Петросян дар соли 1961 ба Маскав кӯчид. 

Сар аз соли 1962 Евгений Петросян ба фаъолияти худ дар саҳнаҳои калон шурӯъ намуд. Авохири соли гузашта ӯ барои маротибаи панҷум хонадор шуд. Ҳамсафари зиндагии ӯ духтари 31 - сола шуд.

45
Барчаспҳо:
маризӣ, ҳунарманд, Русия
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Сафари имоми 49-уми исмоилиён Оқохони 4 ба Тоҷикистон

Пешрафти Оқохони IV дар феҳрасти таъсиргузортарин мусалмонҳои ҷаҳон

594
Шоҳ Карим ал-Ҳусайнӣ, Оқохони IV, имоми 49-уми исмоилиёни ҷаҳон дар феҳрасти 500 мусалмони таъсиргузортарини ҷаҳон тайи солҳои охир пеш рафта, дар радабандии ҷадид барои соли 2021 дар зинаи 30-юм ҷой гирифтааст

ДУШАНБЕ, 27 окт — Sputnik. Оқохони IV, ки теъдоди муридонаш дар Тоҷикистон ҳудуди 200 ҳазор нафар арзёбӣ мешавад, ба 30-гонаи мусалмонҳои таъсиргузортарин шомил гардид.

Дар ин радабандӣ, ки ҳамасола нашр мешавад, Оқохони IV соли пешӣ дар мақоми 31 ва пештар аз он дар мақомҳои 36 ва 40 қарор гирифта буд.

Муаллифони пажуҳиш теъдоди пайравони Шоҳ Карим ал-Ҳусайниро дар ҷаҳон ҳудуди 15 миллион нафар арёзбӣ карда, зикр намудаанд, ки ӯ 49-умин имоми исмоилиён буда, ин шаҷара ба Алӣ, амӯзодаи Муҳаммад (с) мепайвандад.  

Инчунин аз амалҳои хайри Оқохони IV дар бахшҳои гуногун тавсиф шудааст, ки аз фарҳанг то маорифу тандурустӣ ва бахшҳои дигарро фаро мегирад.

Ҳабиб Нурмуҳаммадов ба феҳрасти 500 мусалмони таъсиргузори дунё шомил шуд

Шоҳзода Карим Оқохон 13 декабри соли 1936 дар шаҳри Женеваи Швейсария дар хонаводаи шоҳзода Алӣ Салмонхон ва бону Тоҷуддавла Алихон ба дунё омадааст. Вай дастпарвари донишкадаи исломшиносии Донишгоҳи Ҳарвард буда, бунёдгузор ва сарвари Шабакаи тавсеъаи Оқохон (AKDN) аст. Ӯ пас аз падарбузургаш Султон Муҳаммадшоҳ дар рӯзи 11 июли соли 1957, дар 20-солагӣ пешвои руҳонии исмоилиёни ҷаҳон шудааст.

594
Барчаспҳо:
Оқохони IV, Мусалмонон, ҷаҳон
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон

Дастури Раҳмон барои муътадил нигоҳ доштани нархҳо

0
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, имрӯз дар ҷаласаи Ҳукумат масъалаи нарх дар бозорҳои ҷумҳуриро ба миён гузошт

ДУШАНБЕ, 27 окт — Sputnik. Тибқи иттилои котиботи раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва муътадил нигоҳ доштани нархҳо дар бозори истеъмолии кишвар назди мақомдорон вазифа гузоштааст. 

Ҷаласаи Ҳукумати Тоҷикистон
дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон

Дар ин маврид иҷрои қатъии супоришҳои Ҳукумати мамлакат вобаста ба истифодаи самараноки замин, гирифтани ду-се ҳосил аз ҳар як қитъаи он ва дар ин асос зиёд намудани майдони кишти картошка ва зироатҳои дигар, хусусан, ғалладонагиҳо, лӯбиёгиҳо, шолӣ ва ҷуворимаккаи дон ва ғайра зикр шудааст.

Эмомалӣ Раҳмон инчунин таъкид намудаст, ки самарабахш ва оқилона истифода намудани маблағҳои буҷети давлатӣ боиси рушди иқтисоди миллӣ ва баланд шудани сатҳу сифати зиндагии мардуми кишвар мегардад ва аз тамоми роҳбарони вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ масъулияти баландро талаб кардаст.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон аз мақомдорони кишвар пеш аз ҳама амалӣ намудани афзалиятҳои стратегии муҳими давлатӣ, аз ҷумла раҳоии кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ, ба даст овардани истиқлолияти энергетикӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва бехатарии давлат ва саноатикунониро талаб намудааст. 

0
Барчаспҳо:
нарх, Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон