Ифтитоҳи намоиш дар Маҷмааи фарҳангию таърихии  “Қалъаи Хуҷанд”

Намоиши расомони вилояти Суғд дар Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд”

24
(Таҷдидшуда 14:54 06.09.2018)
Дар Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” бахшида ба 27-умин солгарди Истиқлолияти Тоҷикистон намоиши рассомони вилоят ифтитоҳ шудааст

ДУШАНБЕ, 6 сен — Sputnik. Маҷмааи фарҳангию таърихии "Қалъаи Хуҷанд" намоиши мусаввараҳо аз фонди Осорхонаи таърихии вилояти Суғд ва эҷоди рассомони вилоят таҳти унвони "Мӯъҷизаи рангҳои табиат" оғоз намуд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти осорхона.

"Намоиши асарҳои рассомони вилояти Суғд расман оғоз гардид. Намоиши мазкур тӯли як моҳ идома меёбад", — таъкид кардааст манбаъ.

Ҳамчунин бахшида ба 27-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар толори намоишии Осорхонаи таърихии вилояти Суғд гӯшаи намоишӣ таҳти унвонӣ "Истиқлолият-шарафу ифтихори халқи тоҷик" ташкил шудааст.

Дар намоиши мазкур асарҳои адибон доир ба дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ бахшида шудааст.

24
Барчаспҳо:
Хуҷанд, Суғд, осорхона, намоиш, Тоҷикистон, Тоҷикистон