Ҷазои шаҳрвандон барои майдаавбошӣ ва таҳқири бонувон дар Душанбе

Ҷазо барои таҳқири бонувон-пешхизматҳо дар тарабхонаҳои Душанбе

1319
(Таҷдидшуда 12:18 09.09.2018)
Мақомоти милисаи шаҳри Душанбе мегӯянд, дар пайи дастури шаҳрдор Рустами Эмомалӣ назорати тартиботи ҷамъиятӣ ва одоби шаҳрнишиниро пурзӯр кардаанд

ДУШАНБЕ, 9 сен — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти Раёсати умури дохилии шаҳри Душанбе, бисёри ҳолатҳои нақзи тартиботи ҷамъиятӣ ва муносиботи дағал нисбати бонувон дар тарабхонаю қаҳвахонаҳо сурат мегиранд.

Манбаъ афзуд, дар пайи амалиёт Беҳруз Валиев, сокини 26-солаи ноҳияи Ҳамадонӣ боздошт гардид, ки 4 сентябр дар ҳолати мастӣ дар тарабхонаи "Лондон", воқеъ дар кӯчаи Неъмат Қарабоеви ноҳияи Фирдавсӣ нисбати шаҳрванд Шоираи Мирзомурод беэҳтиромӣ намуда, ӯро дашномҳои қабеҳ додааст.

Ҷазои Зоир Самиев, сокини Душанбе барои дашном додани модараш
дафтари матбуоти Вазорати умури дохилӣ

Додгоҳ Валиевро барои майдаавбошӣ ба 5 шабонарӯз ҳабси маъмурӣ маҳкум кардааст.

Раёсати умури дохилии Душанбе афзуд, ҳамчунин шаҳрванд Достиев Бахтиёр Дониёрович соли таваллудаш 1983 ва Саймиддинова Зарина Наврӯзовна, соли таваллудаш 1988 истиқоматкунандагони шаҳри Душанбе, боздошт гардиданд.

"Номбурдагон 2-юми сентябри соли ҷорӣ тахминан соати 20:30, дар ошхонаи "Чинор" воқеъ дар кӯчаи Ҳофизи Шерозӣ, дар ҳолати мастӣ бо пешхизмат дарафтода, дашномҳои қабеҳ доданд", — омадааст дар иттилоия.

Манбаъ таъкид намуд, ки бо қарори додгоҳ Бахтиёр Достиев ба 5 шабонарӯз ҳабси маъмурӣ ва Зарина Саймиддинова ба 350 сомонӣ ҷарима маҳкум шудааст.

Мақомоти умури дохилии Тоҷикистон афзуданд, ки дар пайи дастури Рустами Эмомалӣ назорати одоби шаҳрдорӣ ва тартиботи ҷамъиятиро пурзӯр карда, аз шаҳрвандон даъват намуданд, ки дар ҳолати ҷой доштани чунин ҳолатҳо ба мақомот муроҷиат кунанд.

1319
Барчаспҳо:
дағалӣ, тартиботи ҷамъиятӣ, ҷазо, қоидавайронкунӣ, боздошт, ҳабс, Тоҷикистон
Персидская вязь

"Нома ва номанигорӣ дар Шоҳнома": дар Эрон китоби Ҷӯрабек Назриро бознашр карданд

39
Ин китоб бо ҳимояти Муассисаи фарҳангии ЭКО ба эҳтимом ва вироиши Ҳасани Қарибӣ ва ба ҳиммати интишороти “Орван” мунташир шуд

ДУШАНБЕ, 20 сен — Sputnik. Дар Эрон асари "Нома ва номанигорӣ дар Шоҳнома"-и шодравон Ҷӯрабек Назриро бознашр кардаанд. Дар ин бора "Парс тудэй" гузориш медиҳад.

Бино бар иттилои манбаъ, тарҷумаи форсии китоби "Нома ва номанигорӣ дар Шоҳнома", асари равоншод Ҷурабек Назрӣ ва Алимуҳаммади Хуросонӣ бознашр шуд.

"Ин китоб бо ҳимояти Муассисаи фарҳангии ЭКО ба эҳтимом ва вироиши Ҳасани Қарибӣ ва ба ҳиммати интишороти “Орван” мунташир шуд", - менависад манбаъ.

Ин китоб пас аз даргузашти нобаҳангоми равоншод Ҷурабек Назрӣ бар асари куруно ба поси хадамоти он устоди фақид бознашр шудааст.

Доктор Фатҳуллоҳ Муҷтабоӣ гуфтааст, ин асар бахше аз таърихи адабиёти форсӣ дар Эрони фарҳангӣ аст.

Асли ин китоб ба хатти кириллӣ аст, ки барои аввалин бор дар даҳаи ҳаштоди хуршедӣ нусхаи баргардоншудаи он ба хатти форсӣ ва ба теъдоди маҳдуд бо муқаддимаи доктор Алиасғари Шеърдӯст, сафири вақти Эрон дар Тоҷикистон дар Душанбе ба нашр расид.

"Бо таваҷҷуҳ ба интишори ин китоб дар авоили даврони истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон, Эрондӯстии мантиқии тоҷикон дар саросари ин асар ошкоро нуҳуфтааст", - менависад "Парс тудэй".

39
На территории больницы Истиклол

Муҳаммадҷон Шодӣ аз бемористон мураххас шуд

402
(Таҷдидшуда 12:44 15.09.2020)
Муҳаммадҷон Шодӣ, ҳунарманди шинохтаи синамо ва театри тоҷик, ки ахиран бо гумони гирифторӣ бо вируси корона бистарӣ шуд, шифо ёфтааст

ДУШАНБЕ, 15 сен - Sputnik. Наздикони Муҳаммадҷон Шодӣ хабар доданд, ки ҳунарманд шифо ёфта, аз бемористон мураххас шудааст.

Ӯ ба ҳамаи мухлисон ва онҳое, ки дар рӯзҳои беморӣ дуогӯяш буданду шифои комил хостаанд, изҳори миннатдорӣ намудааст. Шодиеви 66-сола аз нимаи солҳои 80-уми асри гузашта то ҳол дар Театри давлатии академии драмавии ба номи Лоҳутӣ кор мекунад.

Дар ҳамин ҳол Вазорати тандурустии Тоҷикистон, 14 сентябр хабар дод, ки тайи як шабонарӯз дар ҷумҳурӣ 39 ҳолати нави сироят ба COVID-19 ба қайд гирифта шуд.

Ин ниҳод таъкид карда буд, ки дар як шабонарӯзи охир 112 нафар гумонбарон зери назорати табибон қарор дошта, 37 нафар баъд аз муолиҷа ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд.

Дар маҷмӯъ шумораи гирифторони ин беморӣ дар Тоҷикистон расман 9088  нафар арзёбӣ мешавад, ки 7853 нафар ё худ 86,4%-ашон шифо ёфтаанд.

402
Барчаспҳо:
театр, фарҳанг, Тоҷикистон

Муроҷиати видеоии Путин ба Маҷмаи умумии Созмони милал

0
(Таҷдидшуда 21:23 20.09.2020)
Ин муроҷиати видеоии Владимир Путин, раисҷумҳури Русияро тамоми ҷаҳон дар рӯзи ифтитоҳи нишасти ҳафтоду панҷумини Маҷмаи умумии СММ тамошо хоҳанд кард

ДУШАНБЕ, 20 сен — Sputnik. Раисҷумҳури Русия Владимир Путин дар нишасти 75-умини Маҷмаи умумии Созмони милали муттаҳид иштирок мекунад.

Тавре телевизиони "Россия 1" гузориш медиҳад, президент аллакай махсус барои Маҷмаи умумии Созмони милали муттаҳид муроҷиати видеоӣ сабт кардааст.

Дар навор дида мешавад, ки Путин дар назди овезае, ки дар он "Ояндаи ҳама бо қувваи ҳама" навишта шудааст, суханронӣ мекунад.

Афзун бар ин дар навор, бастаи ғафсеи коғазҳоро метавон дид, ки бо он сарвари кишвар навор сабт кардааст.

Ҳафтаи дараҷаи олии нишасти 75-уми Маҷмаи умумии СММ дар Ню-Йорк аз 22 то 29 сентябр баргузор мешавад.

Бо далели пандемия, чорабинӣ дар "формати виртуалӣ" баргузор мешавад. Дар ҳамин ҳол, дар толор аз ҳар як кишвар як намоянда иштирок хоҳад кард.

СММ: муҳоҷирони Осиёи Миёна дар кишварҳои Аврупо ҳавзаҳои террористӣ ташкил доранд

Маҷмаи умумӣ ба роҳбарони кишвар ва вазирон пешниҳод кардааст, ки баромадҳояшонро сабт кунанд ва онро дар толор намоиш хоҳанд дод. Давомнокии видео на бояд бештар аз 15 дақиқа бошад.

Навори муроҷиати Путинро дар рӯзи ифтитоҳи нишаст - 22 сентябр намоиш медиҳанд.

Бино бар иттилои котиботи СММ, созмон аз роҳбарони 26 кишвар чунин навор дарёфт кардааст.

0