Ҳабиб Нурмуҳаммедов

Посухи тунди Ҳабиб Нурмуҳаммедов ба сарояндаҳо Тиматӣ ва Крид: ҷавоб бояд дод

939
(Таҷдидшуда 20:58 11.09.2018)
Тиматӣ, репсарои маъруф ахиран дар сабти видеоие изҳор дошт, ки гӯиё яке аз дастандаркорону ҷонибдорони лағви консерти Егор Крид дар Махачкала Ҳабиб Нурмаҳаммедов будааст

ДУШАНБЕ, 11 сен — Sputnik. Ҳабиб Нурмаҳамедов, қаҳрамони UFC дар вазни сабук, дар посух ба репсаро Тимур Юнусов, мулаққаб ба Тиматӣ изҳор доштааст, ки "ҳар мавҷуд барои гапаш бояд ҷавоб диҳад" ва "касе ҳақ надорад, ки маро аз баёни ақидаам боздорад".

Ӯ изҳор доштааст, ки чунин сарояндаҳоро миёни машваратчиёни худ дидан намехоҳад ва таъкид намудааст, афроди дигаре ҳастанд, ки ба ӯ маслиҳат медиҳанду вай ба онҳо гӯш мекунад.

"Вақтамро бо шумо ҳайф намекунам ва агар рафтори ман ба касе маъқул нашуда бошад, ҷавоб нанависад, ман касеро дар ин роҳ маҷбур накардаам. Касе фикр мекунад, ки ман барои даъват, яъне баёни ақидаи худ ҳақ надорам, бисёр хандаовар аст", — навиштааст варзишгар дар саҳифаи Instagram-аш.

Дар навбати худ Тиматӣ изҳор доштааст, ки дар бораи Ҳабиб Нурмуҳаммедов фикри дигар —  беҳтаре дошт.

Қаблан сароянда Егор Крид дар саҳифаи Instagram-аш навишт, ки интизор надошт Нурмуҳаммедов ҷонибдори баргузор нашудани консерташ дар Доғистон хоҳад шуд. Ин консерт бояд 9 сентябр баргузор мегардид, аммо бархе аз сокинони Доғистон мухолиф баромаданд ва дар пайи паёмҳои таҳдидомез, Крид тасмим гирифтааст, консертро лағв кунад.

Нурмуҳаммедов паёми лағви консерти Кридро дар саҳифааш ҷой дода, сарлавҳа гузоштааст, ки "талафоти бузурге нашудааст".

Ба ақидаи сароянда мухлисон ҳаққи интихоб доранд ва худашон интихоб мекунанд, ки киро гӯш кунанд.

939
Барчаспҳо:
Нурмуҳаммедов, Тиматӣ, реп, лағв, консерт, Русия
Маросими пешвози меҳмонон, акс аз бойгонӣ

Сафари фарҳангиёну адибони Ӯзбекистон ба Тоҷикистон

105
(Таҷдидшуда 14:31 28.09.2020)
Ҳукумати вилояти Суғд аз сафари як ҳайати намояндагони илму адаб ва фарҳанги Ӯзбекистон ба Тоҷикистон хабар дод

ДУШАНБЕ, 28 сен — Sputnik. Гуруҳи намояндагони аҳли илму адаб ва фарҳанги ҷумҳурии Ӯзбекистон тавассути гузаргоҳи сарҳадии “Фотеҳобод” ба вилояти Суғди Тоҷикистон ташриф оварданд, хабар дод котиботи ҳукумати Суғд.

Манбаъ афзуд, ки ҳайати меҳмононро муовини раиси вилояти Суғд, Анвар Яъқубӣ ва намояндагони Вазорати фарҳанги  Тоҷикистон гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.

“Ҳадаф аз ташрифи меҳмонон таҳкими муносибатҳои дӯстона миёни миллатҳои тоҷику ӯзбек, тақвияти ҳамкориҳои адабӣ, илмиву фарҳангӣ миёни ду давлати дӯст арзёбӣ мешавад”, - омадааст дар иттилоия.

Таъкид шудааст, ки меҳмонон давоми рӯз аз Маҷмааи фарҳангию “Қалъаи Хуҷанд”, Осорхонаи вилоятӣ, Хона — музейи Камоли Хуҷандӣ боздид намуда, бо таъриху фарҳанги миллати тоҷик шинос гардиданд.

Манбаъ афзуд, ки сипас, меҳмонон тибқи барномаи сафар ба пойтахти мамлакат — шаҳри Душанбе равон шуданд. 

Дар шаҳри Душанбе феълан сафари ҳайати Ӯзбекистон давом дорад.

105
Барчаспҳо:
илм, фарҳанг, Ӯзбекистон, Тоҷикистон
Сангҳои сари роҳ, акс аз бойгонӣ

Раҳмон аз бошишгоҳи одамони асри санг ва шаҳри Мунк дар Ховалинг гуфт

176
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, аз мавзеъҳои таърихӣ дар ноҳияи Ховалинг гуфта, дастур дод, ки сайёҳони дохилию хориҷӣ ба онҳо бештар ҷалб карда шаванд

ДУШАНБЕ, 27 сен — Sputnik. Тибқи иттилои котиботи раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон гуфт, ноҳияи Ховалинг бо таърихи бостонӣ ва фарҳанги ғании худ маълуму машҳур мебошад.

Ӯ афзуд, дар ҳудуди он шумораи зиёди ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ, аз қабили мазори Султон Увайси Қаранӣ, Боғ – осорхонаи Восеъ, шаҳри Мунки қадим, бошишгоҳҳои одамони асри санг ва маъбади буддоии Чепол мавҷуданд, ки барои сайёҳони дохиливу хориҷӣ бисёр ҷолиб мебошанд.

“Аз ин лиҳоз, обод нигоҳ доштани мавзеъҳои табииву таърихӣ ва ҳарчи бештар ҷалб кардани сайёҳони дохиливу хориҷӣ аз ҷумлаи вазифаҳои муҳимтарини роҳбарону масъулони ноҳия ва Кумитаи рушди сайёҳӣ ба ҳисоб меравад.”, - омадааст дар матни суханронии раисиҷумҳур.

Ба гуфтаи Раҳмон, илова ба ёдгориҳои нодири таърихӣ ва табиати зебои ин диёр муҳайё сохтани инфрасохтори зарурӣ барои рушди сайёҳӣ, бахусус, сайёҳии табобативу экологӣ ва ҷалби сайёҳони дохиливу хориҷӣ яке аз воситаҳои асосии бо ҷойи кор таъмин намудани аҳолӣ ва беҳтар гардонидани сатҳи зиндагии сокинони ноҳия мебошад.

Ӯ таъкид кард, ки ин раванд бояд дар доираи чорабиниҳои солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ вусъат дода шавад.

176
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон

Тағйироти кадрӣ бо 7 фармони Раҳмон: аз мақоми нави Давлаталӣ Назрӣ то сардори разведка

1721
(Таҷдидшуда 21:03 28.09.2020)
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, имрӯз бо имзои 7 фармону як қарор дар сохтори Вазорати умури хориҷӣ ва Гвардияи миллии ҷумҳурӣ тағйироти кадрӣ анҷом дод

ДУШАНБЕ, 28 сен — Sputnik. Бо фармони раисиҷумҳур, полковник Сатторов Ҳасан Мирзоевич сардори Раёсати разведкаи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардид.

Раҳимзода Султон Нурмаҳмадпур бо фармони раисиҷумҳур аз вазифаи сафири Тоҷикистон дар Ҳиндустон озод гардида, бо қарори Эмомалӣ Раҳмон раиси Кумитаи иҷроияи Фонди байналмиллалии наҷоти Арал таъйин шуд.

Бобокалонзода Луқмон сафири нави Тоҷикистон дар Ҳиндустон таъйин гардид.

Холбобоев Файзулло Самадович бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи сафири Тоҷикистон дар Украина озод гардида, ба ҷои ӯ Назризода Давлаталӣ Ҳайдар, сафири Тоҷикистон дар Украина таъйин шуд.

Имом Шарофиддин Зуҳуриддинзода бо сабаби ба нафақа баромадан аз вазифаи сафири Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон озод карда шуд. Шарифӣ Саъдӣ сафири нави Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон таъйин гардид.

1721