Нигина Амонқулова, акс аз бойгонӣ

Нашри суруд ва клипи нави Нигина Амонқулова аз Самарқанд (НАВОР)

2389
(Таҷдидшуда 11:33 17.09.2018)
"Azim Production" суруд ва намоҳанги ҷадиди Нигина Амонқулова, овозхони шинохтаи тоҷикро нашр кард, ки бо иштироки раққосаҳои Узбакистон дар шаҳри Самарқанд сабт шудааст

ДУШАНБЕ, 17 сен — Sputnik. "Дилнома" — суруд ва намоҳанги нави Нигина Амонқулова мебошад, ки матни он эҷоди Орзу Исоев, шоир ва рӯзноманигори шинохтаи тоҷик мебошад.  Намоҳанги ҷадиди Амонқулова дар "Регистон"-и Самарқанд сабт шуда, тайи ҳамагӣ чанд соати нашр дар шабакаҳои иҷтимоӣ даҳҳо ҳазор мухлис пайдо намудааст.

Ахиран Нигина Амонқулова дар доираи як барномаи ҳунарӣ дар шаҳри Самарқанд қарор дошт ва дар консерт зери унвони "Шоми дӯстӣ"  баробари як гурӯҳ ҳунармандони  дигар аз Тоҷикистону Узбакистон ҳунарнамоӣ намуд.

Дар доираи сафар Амонқулова бо хабарнигори  "Пайки Самарқанд" мусоҳиба карда, аз пуштибонҳояш дар саҳнаи ҳунар суҳбат намуд.

Ӯ гуфт, бо дастгирии бародараш Хусрав  ва модаркалонаш дар саҳнаи ҳунар мавқеъ пайдо кард.

"Ҳангоми таҳсил дар коллеҷи тиббӣ дар барномаҳои фарҳангии зиёде баромад мекардам, сурудҳои халқӣ мехондам. Таронаҳоям ба тамошобинон писанд омада,  маро намегузоштанд, ки аз саҳна равам. Хоҳиш мекарданд, ки ақалан як суруди дигар иҷро кунам.  Он вақт фаҳмидам, ки табибӣ касби ман нест. Ҷиддан ба мусиқӣ машғул шудам", — изҳор дошт Амонқулова.

Овозхон аз модаркалонаш низ миннатдорӣ кардааст, ки падарашро розӣ кардаанд, то Нигина ба роҳи санъат пеш равад.

"Ташаккур ба модаркалонам, ки маро дастгирӣ карданд ва падарамро розӣ кунонданд, ки ман мавқеи худро ёфтам. Ҳамин тавр ман донишҷӯи Консерваторяи Тоҷикистон ва овозхони ансамбли "Дарё" гаштам. Ман аз устодонам Музаффар Муҳиддинов, Мастона Эргашева ва Аслиддин Низомов миннатдорам", — таъкид намуда буд Амонқулова дар суҳбат бо хабарнигорони Узбакистон.

2389
Барчаспҳо:
клип, намоҳанг, суруд, Самарқанд, Узбакистон, фарҳанг, Тоҷикистон, Тоҷикистон
Давлат Худоназаров советский, таджикский кинодокументалист, политик и общественный деятель. Народный артист Таджикской ССР (1989)

Худоназаров филми офаридаи Далер Имомалиро арзёбӣ кард

13
(Таҷдидшуда 19:34 08.07.2020)
Сиёсатмадор, фаъоли ҷамъиятӣ ва коргардони барҷастаи тоҷик Давлат Худоназаров ширкати филми коргардон Давлат Имомалиро дар Ҷашнвораи синамои мусалмонон дар Қазон арзёбӣ кард

ДУШАНБЕ, 8 июл — Sputnik. Филми нави ҳуҷҷатии коргардони ҷавони тоҷик Далер Имомалӣ "Кӯчаи умед - 612" ба 16-умин Ҷашнвораи байналмилалии синамои мусалмонӣ дар Қазон, даъват шуд.

Чунин таваҷҷӯҳ ба филми Далер Имомалӣ хабари хушоянд аст, гуфт сиёсатмадор, фаъоли ҷамъиятӣ ва коргардони барҷастаи тоҷик Давлат Худоназаров.

Ӯ ёдоварӣ кард, ки соли гузашта коргардони тоҷик аллакай як филми худро дар ин ҷашнвора ба намоиш гузошта буд.

Ба фикри Далер Худоназаров филми Далери Имомалӣ бисёр унвони зебо ва ғайриоддӣ дорад - "Кӯчаи умед - 612". 

"Қаҳрамони филм Саъдулло Раҳимов - шахсияти илмӣ, намояндаи бузурги фарҳанги тоҷик. Ӯ фаъолияти касбияшро дар шӯъбаи философияи Академияи илмҳои Тоҷикистон оғоз карда буд. Баъдтар киношинос ва мунаққид шуд. Ҳамаи даҳсолаҳо ӯ дар мавқеъи худ устувор буд. Ба муносибати шахсӣ бо он ё ин коргардон нигоҳ намекарда, ӯ доим рост ва он чиро, ки эҳсос мекард, егуфт ", - гуфт Худоназаров дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон.

Ӯ қайд кард, ки корҳои Раҳимов ба беҳтар шудани сифати синамои "Тоҷикфилм" таъсири мусбат кард.

Худоназаров ҳамчунин баргузории 16-умин ҷашнвораи Қазонро воқеъаи хушоянд арзёбӣ карда, гуфт аз як тараф ин ҷашнвора ҳамаи синамогарони мусалмонро якҷо ҷамъ меорад ва аз сӯи дигар барои ҳамагон кушода аст.

Дар баробари ин Худоназаров бар ин аст, ки ҷашнвора метавонад миқёси худр бо филмҳои минтақавии Русия васеътар кунад. Ба гуфти ӯ, филмҳо аз ҳар минтақа бозгукунандаи симои ҳар минтақа шуда барои ошноӣ бо онҳо заминаи хубе хоҳанд буд.

13
Барчаспҳо:
ҷашнвораи кино, Қазон
Школьная ярмарка в Душанбе

Китоби нависандаи тоҷик Марямбону Фарғонӣ дар Эрон чоп шуд

53
(Таҷдидшуда 15:47 08.07.2020)
Китобе дигар аз маҷмуаи адабиёти муосири Тоҷикистон аз хати кирилӣ ба форсӣ баргардон шуда, дар 376 саҳифа ба чоп расид

ДУШАНБЕ, 8 июл — Sputnik. Доктор Ҳажири Теҳронӣ, пажӯҳишгари эронӣ дар саҳифаи Фейсбукии худ навиштааст, ин китоб, ки “Ман чунин девонаам” ном дорад, гулчине аз достонҳо ва ҳикоятҳои Марямбону Фарғонӣ, рӯзноманигор, нависанда ва шоири муосири тоҷик аз чанд китоби пешини ӯ аст, иттилоъ додааст радиои тоҷикии Садои Хуросон.

Марямбону Фарғонӣ, чандин ҷоизаи адабӣ дар Тоҷикистон ва Русия дарёфт кардаааст, ки аз байни онҳо метавон ба ҷоизаи Борис Пастернак дар Русия (1995) ва ҷоизаи Садриддини Айнӣ дар Тоҷикистон (2012) ишора кард.

Китоби “Шаҳболи Хаёл”-и ӯ низ ҷоизаи китоби соли Тоҷикистонро дар соли 2013 дарёфт кардааст.

Ӯ  аз соли 1992  узв Иттиҳодияи журналистон ва аз 1996 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.

Хонум Фарғонӣ чанд соле низ дар Садои Хуросони Эрон фаъолият кардааст.

Китоби “Ман чунин девонаам”-ро доктор Маҷиди Асадӣ, пажӯҳишгари эронӣ, ки чанд соле дар Тоҷикистон фаъолият доштааст аз хати кирилӣ ба форсӣ баргардонда ва виросторӣ кардааст.

53
Барчаспҳо:
китоб, чоп, Эрон, тоҷик, нависанда, Шоира