Мансур Ҳоҷибоев, пайкарасоз

Пайкарасози Исмоили Сомонӣ дар бораи чеҳраи шоҳ ва ҳунари меросӣ (НАВОР)

522
(Таҷдидшуда 18:35 25.09.2018)
Мақомоти Тоҷикистон дар замони истиқлол, ба ҷои муҷассамаҳои Ленин, ки аз замони Шӯравӣ боқӣ монда буданд, тандиси асосгузори давлати тоҷикон, шоҳ Исмоили Сомониро насб карданд

ДУШАНБЕ, 25 сен — Sputnik, Қамари Аҳрор. Аз ҷумла соли 2011 тандиси Ленинро дар Хуҷанд, ки аз баландтарин муҷассамаҳои роҳбари коммунистон дар Осиёи Марказӣ  ба ҳисоб мерафт, пайкараи аввалин асосгузори давлати тоҷикон шоҳ Исмоили Сомонӣ иваз намуд.

Нахустин тандиси шоҳ Исмоили Сомонӣ дар Хуҷанд, маркази маъмурии Суғдро устои муҷассамасоз Мансур Ҳоҷибоев офарид.  Муҷассамаи сохтаи ӯ  аз 13 метр иборат буда, бо зерпояаш  27 метр баландӣ ва 26 тон вазн дошта, аз бузургтарин тандиси шоҳ Исмоили Сомонӣ дар вилояти Суғд мебошад.

Мансур Ҳоҷибоев мегӯяд, сохтмони ин муҷассама бо чунин шаҳомат  барои ӯ ва ҷамъи ҳамкоронаш як имтиҳони ҷиддие буд, зеро то ин замон ҳеч кадоме аз онҳо ба сохтмони чунин муҷассамаи бузург ва он ҳам  бо роҳи гудозиши металҳо даст назада буданд.

© предоставленно Камаром Ахрором
Скульптор Мансур Ходжибоев рассказал, как создал памятник Исмоила Сомони, основоположника государства Саманидов

“Барои аввалин бор буд, ки дар Тоҷикистон бо роҳи гудохтан ва рехтани метал  ба сохтмони ҳайкал даст задем. Ин кор ба назар шояд  саҳлу содда менамояд. Ҳарчанд аз соли 1996 мо ба гудохтану рехтани металҳо дар сохтмони нимпайкараҳо машғулем, аммо сохтмони муҷассамаи бузург ва дорои 27 метр баландӣ бори аввал аст. Ба сохтмони муҷассамаи шоҳ Исмоили Сомонӣ ҳудуди як сол машғул шудем ва тавонистем дар вақташ онро насб намуда, супорем”, - изҳор дошт Мансур Ҳоҷибоев.

Пардарбардорӣ аз рӯи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ дар Хуҷанд яке аз иншооти ҷашнии 20-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон бо ширкати раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон баргузор шуд

Ҳоло ин ҷо, ки акнун маъруф ба хиёбони Сомонӣ аст, аз серодамтарин ҷодаҳои Хуҷанд мебошад.

Бо пардабардорӣ аз рӯи ин муҷассамаи баландтарин, қариб ҳар сол тандисҳои дигари Исмоили Сомонӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд сохта ва рӯнамоӣ карда мешаванд.

Рӯзҳои таҷлили Наврӯз дар  соли 2016 раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Масчоҳ муҷассамаи  Исмоили Сомониро кушод, ки  таҳкурсиаш 12 метр баландӣ дорад.

Худи имсол дар рӯзҳои ҷашнгирӣ аз 21-умин солрӯзи иди Ваҳдати миллӣ бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Конибодом рӯнамоии муҷассамаи Исмоили Сомонӣ сурат гирифт, ки   7, 5 метр қад дорад.

Иддае аз коршиносон рӯнамоии муҷассамаҳои Исмоили Сомонӣ дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистонро заминаи рушди худшиносиву хештаншиносӣ таъкид мекунанд. 

Мансур Ҳоҷибоев мегӯяд, барои офаридани чеҳра ё образи шоҳ Исмоили Сомонӣ дар муҷассама ба сарчашмаҳои таърихӣ ва машварати муаррихон руй оварда, барои тасдиқи портрети он ба  асари рассоми маъруфи суғдӣ  Ғафурҷон Ҷӯраев такя кардааст.   

Мансур Ҳоҷибоев, ки ҳоло муаллифи бузургтарин муҷассамаи шоҳ Исмоили Сомонӣ дар Суғд муаррифӣ мешавад, таъкид мекунад, ки дар кадом як донишгоҳ ва ё ҳунаристони вижа таҳсил накардааст, балки ҳунари муҷассамасозӣ барои ӯ меросӣ буда, ин корро аз тағояш омӯхтааст.  Ӯ мехоҳад, ҳоло ин ҳунарро ба фарзандонаш ба мерос гузорад.

522
Барчаспҳо:
Исмоили Сомонӣ, муҷассама, Тоҷикистон