В министерстве культуры Республики Таджикистан состоялось подведение итогов конкурсов

Омӯзгор ва донишҷӯи беҳтарини Тоҷикистон маълум шуданд

300
(Таҷдидшуда 18:04 08.11.2018)
Вазорати фарҳанги Тоҷикистон натиҷаи озмунҳои “Муаллими беҳтарини сол”, “Донишҷӯи беҳтарини сол”, “Хонандаи беҳтарини сол”-ро эълон намуда дар як маромсими тантанавӣ ба ғолибони ин озмун диплому мукофотпулӣ тақдим кард

ДУШАНБЕ, 8 ноя — Sputnik. Вазорати фарҳанг 7-уми ноябр натиҷаи озмунҳои  “Муаллими беҳтарини сол”, “Донишҷӯи беҳтарини сол”, “Хонандаи беҳтарини сол”-ро эълон кард.

Озмун аз оғози соли хониш дар муассисаҳои таълимии кишвар бо мақсади ҳавасмандгардонӣ, тарғиби навҷӯию эҷодкорӣ, баланд бардоштани маҳорати касбӣ, истифодаи таҷрибаи пешқадам эълон гардида буд.

Ҳайати ҳакамон аз рӯи шартҳои муқарраргардида омӯзгорон ва муҳасилини зиринро беҳтарин интихоб карданд:

1. Ғуломов Ашурмамат - омӯзгор, дотсенти кафедраи режисураи Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода;

2. Сотникова Маргарита Исламбековна – мудири кафедраи тарҳрезии бадеи либос, омӯзгори фанҳои тахассусии Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон;

3. Агапова Лариса Петровна – омӯзгор, дотсенти кафедраи таърих ва назарияи мусиқии Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов;

4. Бозоров Умедҷон Муродович - омӯзгори фанни санъати тасвирии Коллеҷи санъати ҷумҳуриявӣ ба номи М. Олимов;

5. Белинская Наталя Юревна – омӯзгори шуъбаи фортепианои Коллеҷи санъати шаҳри Душанбе ба номи А. Бобоқулов;

6. Ҳасанова Наргис Шавкатовна - омӯзгор, хореографи шуъбаи рақси классикии Коллеҷи ҷумҳурияии хореографии ба номи М. Собирова;

7. Умар Темуров - омӯзгори сози ғижжаки Коллеҷи фарҳанги ҷумҳуриявии ба номи П. Буйдоқов;

8. Акобиров Ғолибшо Ибронович – омӯзгори синфи рубоби Мактаб-интернати миёнаи махсуси мусиқии ҷумҳуриявӣ ба номи З. Шаҳидӣ;

9. Комилова Фируза Сайдуллоев - мудири шуъбаи фортепианои тахассусии Мактаб-интернати миёнаи махсуси санъати ҷумҳуриявӣ ба номи М. Атоев;

10. Доробшоева Дилрабо Бандишоевна - донишҷӯи курси 3-юми шуъбаи «Рӯзноманигори телевизион»-и факултети театр, кино ва телевизиони Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода;

11. Мирзоева Меҳриниссо Қувваталиевна – донишҷӯи курси 3-юми ихтисоси «Дизайни костюм ва газвор»-и факултети дизайни Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон;

12. Анваров Ҳикматулло Сафархӯҷаевич - донишҷӯи курси 4-уми шуъбаи сарояндагии анъанавии Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов;

13. Қаландарзода Ҷумахони Раҳматулло – донишҷӯи курси 4-юми шуъбаи «Созҳои оркестри халқӣ»-и Коллеҷи санъати шаҳри Душанбе ба номи А. Бобоқулов;

1 / 2
В министерстве культуры Республики Таджикистан состоялось подведение итогов конкурсов

14. Машрапов Муҳаммадзоҳид- донишҷӯи курси 4-уми шуъбаи таълими мусиқии Коллеҷи фарҳанги ҷумҳуриявии ба номи П. Буйдоқов;

15. Бандишоева Самима Додалишоевна – донишҷӯи курси 4-юми шуъбаи рақси халқии Коллеҷи ҷумҳуриявии хореографии ба номи М.Собирова;

16. Кишварзода Томирис Абдурашид - донишҷӯи курси 3-уми шуъбаи «Типографика»-и Коллеҷи ҷумҳуриявии рассомии ба номи М. Олимов;

17. Ардашерзода Комрон Ардашер - хонандаи синфи 11-уми шуъбаи назарияи мусиқии Мактаб – интернати миёнаи махсуси мусиқии ҷумҳуриявӣ ба номи З. Шаҳидӣ;

18. Ҳабибов Шаҳриёр Тоҳирҷонович – хонандаи синфи 9-уми шуъбаи созҳои оркестрӣ, синфи скрипкаи Мактаб-интернати миёнаи махсуси санъати ҷумҳуриявии ба номи М. Атоев.

Омӯзгорону донишҷӯёну хонандагони макотиби кишвар, ки ғолиб омадаанд, бо диплом ва мукофоти пулӣ сарфароз гардонида шуданд. 

300
Барчаспҳо:
муаллим, беҳтаринҳо, Ту беҳтаринӣ, беҳтарин, натиҷа, озмун, Тоҷикистон
Писатель-юморист, народный артист РФ Евгений Петросян

Петросян мубталои коронавирус шуд ва ба бемористон интиқол ёфт

93
(Таҷдидшуда 17:58 27.10.2020)
Евгений Петросян, ки аллакай давоми як шабонарӯз дар бемористон қарор дорад, тавассути доруи сохти русӣ -"Коронавир" ба табобат фаро гирифта шудааст

ДУШАНБЕ, 27 октября — Sputnik. Ҳунарманди халқӣ, нависанда - ҳаҷвнигор, муҷрии барномаҳои телевизионӣ Евгений Петросян мубталои маризии коронавирус гардида, фавран тавассути мошини "Ёрии таъҷилӣ" ба бемористон интиқол ёфт, хабар медиҳад шабакаи телевизионии "360".

Ба иттилои манбаъ, Петросян муддати як шабонарӯз бо доруи сохти Русия алайҳи маризи коронавирус, ки "Коронавир" ном дорад, табобат мешавад.

Пизишкон аллакай ташхиси ҳаҷвнигори русро вируси COVID - 19 арзёбӣ намуданд.

4 фавт ва 600 маризи нав: омори Қирғизистон аз коронавирус барои имрӯз

Манбаъ меафзояд, вазъи Евгений Петросян қаноатбахш буда, табобати ӯ давом дорад.

Ҳунарманди рус соли 1945 дар шаҳри Боку таваллуд шудааст. Ӯ нахустин бор дар синни 12 - солагӣ рӯи саҳна баромада буд. Пас аз хатми мактаби миёна, Петросян дар соли 1961 ба Маскав кӯчид. 

Сар аз соли 1962 Евгений Петросян ба фаъолияти худ дар саҳнаҳои калон шурӯъ намуд. Авохири соли гузашта ӯ барои маротибаи панҷум хонадор шуд. Ҳамсафари зиндагии ӯ духтари 31 - сола шуд.

93
Барчаспҳо:
маризӣ, ҳунарманд, Русия
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Сафари имоми 49-уми исмоилиён Оқохони 4 ба Тоҷикистон

Пешрафти Оқохони IV дар феҳрасти таъсиргузортарин мусалмонҳои ҷаҳон

914
Шоҳ Карим ал-Ҳусайнӣ, Оқохони IV, имоми 49-уми исмоилиёни ҷаҳон дар феҳрасти 500 мусалмони таъсиргузортарини ҷаҳон тайи солҳои охир пеш рафта, дар радабандии ҷадид барои соли 2021 дар зинаи 30-юм ҷой гирифтааст

ДУШАНБЕ, 27 окт — Sputnik. Оқохони IV, ки теъдоди муридонаш дар Тоҷикистон ҳудуди 200 ҳазор нафар арзёбӣ мешавад, ба 30-гонаи мусалмонҳои таъсиргузортарин шомил гардид.

Дар ин радабандӣ, ки ҳамасола нашр мешавад, Оқохони IV соли пешӣ дар мақоми 31 ва пештар аз он дар мақомҳои 36 ва 40 қарор гирифта буд.

Муаллифони пажуҳиш теъдоди пайравони Шоҳ Карим ал-Ҳусайниро дар ҷаҳон ҳудуди 15 миллион нафар арёзбӣ карда, зикр намудаанд, ки ӯ 49-умин имоми исмоилиён буда, ин шаҷара ба Алӣ, амӯзодаи Муҳаммад (с) мепайвандад.  

Инчунин аз амалҳои хайри Оқохони IV дар бахшҳои гуногун тавсиф шудааст, ки аз фарҳанг то маорифу тандурустӣ ва бахшҳои дигарро фаро мегирад.

Ҳабиб Нурмуҳаммадов ба феҳрасти 500 мусалмони таъсиргузори дунё шомил шуд

Шоҳзода Карим Оқохон 13 декабри соли 1936 дар шаҳри Женеваи Швейсария дар хонаводаи шоҳзода Алӣ Салмонхон ва бону Тоҷуддавла Алихон ба дунё омадааст. Вай дастпарвари донишкадаи исломшиносии Донишгоҳи Ҳарвард буда, бунёдгузор ва сарвари Шабакаи тавсеъаи Оқохон (AKDN) аст. Ӯ пас аз падарбузургаш Султон Муҳаммадшоҳ дар рӯзи 11 июли соли 1957, дар 20-солагӣ пешвои руҳонии исмоилиёни ҷаҳон шудааст.

914
Барчаспҳо:
Оқохони IV, Мусалмонон, ҷаҳон
Денежные купюры, архивное фото

Арзиши доллар ва рубл боз боло рафт? - эъломи Бонки миллӣ

0
(Таҷдидшуда 10:44 28.10.2020)
Дар Тоҷикистон тайи ҳафтаҳои ахир афзоиши ҳама асъори хориҷӣ, аз ҷумла доллар ва рубл нисбат ба сомонӣ дар ҳоли баландшавист

ДУШАНБЕ, 28 окт — Sputnik. Пули миллии тоҷикӣ - сомонӣ дар пасманзари болоравии қурби асъори маъмули хориҷӣ дар кишвар коҳиш ёфта истодааст.

Танҳо доллари амрикоӣ дар тӯли ҳафтаи гузашта ва ҳоло чанд зина боло рафт.

Тибқи нишондодҳои Бонки миллии Тоҷикистон қурби миёнаи фурӯши 1 доллари ИМА дар муассисаҳои қарзии Тоҷикистон аз 10.3396 то 10.3400 сомонӣ арзёбӣ мешавад.

Дар тӯли ду ҳафта ба доллар муяссар шуд, ки аз 10.3310 то 10.3396 сомонӣ боло равад.

Асъори аврупоӣ низ дар ҳоли суқут набуда ҳамарӯза дар баробари сомонӣ боло меравад.

Коҳишёбии сомонӣ идома дорад: болоравии рублу доллар ва евро дар Тоҷикистон

Бар пояи нишондоди Бонки миллӣ имрӯз як евро 12.2328  сомонӣ арзиш дорад.

Ин дар ҳолест, ки ҳафтаи гузашта евро 12,1354 сомониро ташкил медод. 

Рубли русӣ низ пас аз коҳишёбии шадид, дубора дорад боло меравад.

Як рубли русӣ дар овезаи Бонки миллӣ барои имрӯз дар бозори нақд  0.1348 то 0.1380  сомонӣ нишон дода шудааст.

Ёдовар мешавем, ки қаблан коршиносони БМТ бо ишора ба пешгӯии расмии нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодии кишвар дар чор соли оянда гуфтанд, ки дар ин давра коҳиши солонаи сомонӣ 3% пешбинӣ шудааст.

Иқтисодшиносон ҷаҳиши рекордии доллар ва евроро пешгӯӣ карданд

БМТ шаҳврвандонро огоҳ менамояд, ки “берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст ва риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, сабаби ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашидан мегардад”.

0