Хошим Гадо. Архивное фото

Вазири фарҳанг ба дидорбинии Ҳошим Гадо рафт

456
Вазири фарҳанги Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода ҳунарпешаи мардумии Иттиҳоди Шӯравиро бо ҷашни касбиаш шодбош гуфта, аз номи вазорат кӯмакпулӣ расонидааст

ДУШАНБЕ, 9 ноя — Sputnik. Вазорати фарҳанги Тоҷикистон хабар додааст, ки вазири фарҳанги Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода дар Рӯзи театри тоҷик ба дидорбинии чанд ҳунарманди номдор, аз ҷумла ҳунарманди мардумии Иттиҳоди Шӯравӣ Ҳошим Гадо рафта, Рӯзи теартрро шодбош гуфтааст.

Дар он гуфта мешавад, ки "ба ифтихори Рӯзи театри тоҷик роҳбарияти Вазорати фарҳанги Тоҷикистон бо сарварии Вазири фарҳанги Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода ба хонаи чанд нафар собиқадорони соҳаи театру санъат рафта, онҳоро табрик гуфт".

"Аз ҷумла ҳунарпешаҳои номии зерин, ки барои рушди санъати театрии тоҷик саҳми арзанда гузоштаанд, табрикоти Вазорати фарҳангро қабул намуданд : Қосимова Мушаррафа, Назарова Хайрӣ, Исоева Майрам, Ҷалолов Аҳрор, Гадоев Ҳошим , Ёрова Шарофат , Ғуломова Фотима, Азаматова Сталина, Абдураззоқов Ҳабибулло , Сафаралиева Гуландом , Сабзалиев Бахталӣ, Аҳмадова Барно, Раҳмонқулов Алиризо , Яҳёев Қудратулло", - менависад вазорат.

Ба номбурдагон инчунин ба ифтихори Рӯзи театри тоҷик аз ҷониби вазорат кӯмаки яккаратаи моддӣ низ расонида шуд, афзудааст дафтари матбуотӣ.

Ёдрас мешавем, аввалҳои моҳи октябр дар шабакаҳои иҷтимоӣ корбарон бо изҳори нигаронӣ хабар доданд, ки ҳунарманди номии тоҷик Ҳошим Гадо дар кӯчаҳои Душанбе ба фурӯши китобҳои худ машғул аст.

Бархе аз корбарон менавиштанд, ки "китобфурӯшӣ ор нест ва ҳунарманд ба меҳнати ҳалол машғул аст", аммо бархе аз онҳо мегуфтанд, ки ҳунарманди номие чун Ҳошим Гадо, ки акнун ба китобнависӣ машғул аст, нобояд маҳсули корашро дар кӯчаҳо фурӯшад ва ӯро дастгирӣ бояд кард.

Баъд аз интишори хабари  "Ҳошим Гадо дар кӯчаҳои Душанбе китобфурӯшӣ мекунад" фаъолони ҷамъиятии Душанбе ба дидорбинии ҳунарманд рафта, ҳатто чун нишони дастгирӣ китобҳои ҳунармандро харидорӣ намуданд.

Ҳамчунин бо ибтикори фаъолони ҷамъиятӣ мулоқоти сокинон ба Ҳошим Гадо низ баргузор гардид, ки дар он китобҳои ҳунарманд ва аксҳои ӯ ба намоиш гузошта шуда буд.

Ҳошим Гадо ҳунарманди мардумии Тоҷикистон ва дорандаи ҷоизаи ба номи Рӯдакӣ аст. Ӯ ҳамчун Сӯҳроби синомаи тоҷик дар Тоҷикистон ва берун аз он машҳур аст.

Ёдрас мешавем, соли гузашта раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳошим Гадо дар рӯзи зодрӯзаш унвони фахрии "Арбоби ҳунари Тоҷикистон"-ро тақдим карда буд.

Ҳошим Гадо дар посух гуфта буд, "раисҷумҳур маро дубора эҳё кард".

"Ман дар тӯли 55 сол, чӣ дар театр ва чӣ дар кино, бештар нақшҳоеро иҷро кардаам, ки дар он маро мекушанд. Имрӯз дар ҳаёти ман рӯзест, ки Ҷаноби олӣ маро аз нав эҳё кард, маро зинда кард", — изҳор дошта буд ӯ.

456