Дни культуры Таджикистана в Москве

Нахустин баргузории Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Қатар

65
(Таҷдидшуда 14:08 19.11.2018)
Тоҷикистон нахустин бор дар давлати Қатар Рӯзҳои фарҳангиии кишварро баргузор менамояд

ДУШАНБЕ, 19 ноя — Sputnik.  Аз 22 то 28 ноябри соли 2018 дар шаҳри Давҳаи Давлати Қатар Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Қатар баргузор мешавад, иттилоъ додааст дафтари матбуоти вазорати фарҳанги кишвар.

Бино ба иттилои манбаъ, Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Давлати Қатар дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бори аввал гузаронида мешавад.

Ҳайати расмӣ ва эҷодии Тоҷикистонро дар Рӯзҳои фарҳанг Вазири фарҳанги Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода сарварӣ мекунад.

Ифтитоҳи маросим 24 ноябр дар шаҳри Давҳа бо роҳандозии барномаи консертӣ, намоиши мусаввараҳо, аксҳо ва ҳунарҳои мардумӣ дар назар аст.

Инчунин баргузории чунин барномаҳои ҳунарӣ рӯзҳои 25 ва 26 ноябр дар Маҷмааи Қатар Молл низ пешбинӣ шудааст.

Ба ҳайати эҷодии Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Давлати Қатар Давлатманд Холов, Хучастаи Мирзовалӣ, Фотима Машрабова, Ситораи Кароматулло, Амирҷон Рӯзиев, Дамирбек Олимов ва ҳунарпешаҳои Ансамбли рақсии “Парасту” шомил мебошанд. 

65
Барчаспҳо:
фарҳанг, консерт, Қатар, Рӯзҳои фарҳанг, Тоҷикистон