Юный таджикский музыкант Самир Абдураззаков завоевал награду на гала-концерте Florida Keys

Пианинонавози 9-солаи тоҷик дар Амрико ҷои аввалро ишғол кард

157
(Таҷдидшуда 18:38 22.11.2018)
Дар консерти "Florida Keys" дар Ню-Йорк Самир Абдураззоқови 9-соларо беҳтарин пианинонавози ин чорабинӣ хонданд

ДУШАНБЕ, 22 ноя — Sputnik, Марина Чернишова-Мелник. Ҳафтаи гузашта мусиқинавози навраси тоҷик Самир Абдураззоқов соҳиби мукофоти консерти “Florida Keys”, ки дар толори “Карнеги-холл”-и Ню-Йорк баргузор гашта буд, гардид.

Ин мусобиқаи байналмилалӣ барои наврасон пешбинӣ шудааст, то ки онҳо ҳунари мусиқинавозиашонро нишон дода такмил бахшанд. Дар ин чорабинӣ намояндагони 15 кишвари дунё иштирок карданд. Самири 9-сола Тоҷикистонро намояндагӣ мекард.

Ин наврас новобаста аз он, ки дар Шветсия зиндагӣ мекунад ватани бобоияш – Тоҷикистонро дӯст медорад ва ҳамчун санъткори тоҷик баромад мекунад.

Вай аз кӯдакияш фортепион менавозад, оҳангҳои классикиро нағз мебинад ва кӯшиш мекунад, ки худ оҳанг эҷод кунад. Новобаста аз сину соли хурдаш Самир алакай дар якчанд ҷашнвора ва консертҳои байналмилалӣ иштирок кардааст.

Вақте, ки мусиқинавозӣ наврас барои мусобиқаи Амрико таёри медид Sputnik Тоҷикистон бо волидайни ӯ суҳбат анҷон доданд.

Оилаи боистеъдод

Волидайни Самир ва ҳатто бибию бобояш дар олами санъат тарбия ёфтаанд.

Ҳабибулло Абдуразоққов – ҳунарпеша ва коргардони машҳури даврони Шӯравӣ, ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон дар зиёда аз 50 филм нақш офаридааст. Яке аз нақшҳои беҳтарини ӯ Оғобек аз филми “Роҳат бош” (“Гляди веселей”) мебошад.

Ҳамсари ӯ раққосаи бомаҳорати балет ва миллӣ мебошад. Замоне ҳам дар ансамбли давлатии “Лола” баромад мекардааст.

Ҳоло калонони оилаи Абдураззоқовҳо ба ҳайси нафақахур театрашонро дар Душанбе роҳбарӣ кардаистодаанд.

Фарзанди калонии онҳо Ниссор замоне аз истеъдоди волидайнаш илҳом гирифта тасмим гирифта будааст, ки ҳаёташро ба мусиқи мебахшад. Вай аввал мактаби мусиқӣ ва баъдан консерватрияро дар бахши фортопиан хатм кардааст.

Дӯстони оила ба ӯ тавсия доданд, ки барои омӯзиши илми мусиқӣ ба Шветсия равад. Соли 1977 Ниссор ба аспирантураи донишгоҳи Гитерборг дохил шуда баъдан он ҷо зиндагиашро давом додан гирифтаст.

Вай бо ҳамсари ояндааш – Тахмина, ки якараққосси ансамбли Абдураззоқовҳо будааст маҳз дар театри волидайн шинос шудааст.

Ҳангоми яке аз сафарҳои Ниссор ба Тоҷикистон диққати ӯро духтари қадрас ҷалб кардаааст ва онҳо бо ҳам шинос шуданд.

“Мо бо ҳасарам алакай 11 сол бо ҳам зиндагӣ дорем. Рӯзи 7-уми июли соли 2007  (се рақами 7) оила барпо намудем ва ҳатто ба қайдгири ақди никоҳ дар соати 7 бегоҳ муаян шуда буд”, - мегӯяд Ниссор.

Ҳоло насли ҷавони оилаи Абдураззоқовҳо дар шаҳри Гетерборги Шветсия, маконе, ки замоне Ниссор барои омӯзиш омада буд ба сар мебаранд.

  

Баъди хатми аспирантура Ниссор дар мактаби балет фаъолияташро шуруъ кардааст. Ҳоло вай шогирдони худро дорад ва ба онҳо фортопианнавозиро меомузонад. Дар вақтҳои холигиаш ба аксбардорӣ машғул мешавад. Ҳамсараш рақси тоҷикӣ меомузонад ва кудаконашро тарбия мекунад.

Самир намояндаи хурдтарини оилаи Абдураззоқовҳо мебошад, ки дар ҷодаи санъат гом гузоштаистодааст.

Юный музыкант радует семью на родине
© из личного архива Самира Абдураззакова
Юный таджикский музыкант Самир Абдураззаков

Дар ҳавои мусиқӣ ба дунё омадан

Метавон гуфт, ки ояндаи тифл алакай пеш аз таваллудаш маълум буд.

Якум ин, ки Ниссор ҳамеша орзу мекардааст, ки фарзандаш мисли худаш мусиқинавоз бошад.

Ҳамсараш Тахмина бошад ҳамеша дар вақти ҳомиладориаш ба консертҳо ва баромадҳою дарсҳои шавҳараш мерафтааст.

Вақте, ки Самир ба дунё омад дар хона ҳамеша оҳангҳои Баха, Мосарта, Шопена ва ғайраҳо садо медоданд.

Шогирдони Ниссор ба хонаи ӯ омада оҳангнавозӣ мекардаанд. Самири навзод бошад аз шунидани ин ҳама ҳаловат бурда ба илҳом меомадааст. Вай ҳамроҳи волидонаш алакай то замони омухтани хондану навиштанаш ба консертҳо рафтанро оғоз карда будааст. Яъне оҳанг ва мусиқӣ дар хунаш ҷой гирифтанд. Ҷои тааҷуб нест, аммо кудак худ аз худ навохтанро оғоз кард.

Вақте, ки Самир панҷ сола буд падару волидайнаш барои  истироҳат ба Душанбе сафар карданд ва ӯ бо роял барои бобояш оҳанг навохт. Бобояш ба Ниссор гуфтааст, ки писараш бисёр истеъдоди баланд дорад. Ва бо ин гап Ниссор аз паси такмили истеъдоди писараш шудааст. Самири хурдсол бошад ба қуллаҳои баланди санъат расидаистодааст.

Самир шогирди асосии падар шудааст. Акнун вай дар роял ҳаррӯз мусиқинавозӣ мекунад: баъди дарс 4 соат ва рӯзҳои истироҳатӣ бошад 5 соат машқи оҳангнавозию оҳангсозӣ мекунад.

“Барои писарам ин алакай як одати зиндагӣ шудааст. Муҳим он, ки мусиқӣ ба вай роҳат мебахшад мо бо ҳамсарам ӯро маҷбур намекунем, ки машқ кунад. Вай танҳо вақтҳои бемориаш ва ё дар сафар буданамон ин одаташро иҷро карда наметавонад”, - мегӯяд Ниссор.

Награда за лучшую игру на фортепиано в Карнеги-холл (Нью-Йорк)
© из личного архива Самира Абдураззакова
Юный таджикский музыкант Самир Абдураззаков с наградой

Ошиқи оҳанги классикист

Пианинонавозӣ наврас дар мусобиқаҳои соҳаи мусиқӣ ва консерту ҷашнвораҳои барои ҷавонону наврасон бахшида шуда иштирок карда ҳунарашро намоиш медиҳад.

Тобистони имсол Самир дар Стокголм ва Малме дар назди профессорҳо дар баробари мусиқинавозони 14 сола пианинонавозӣ кардааст. Моҳи сентябр низ дар ҷашнвораи Амстардам ҳунарнамои карда буд.

Писарам дар саҳна бисёр баромад мекунад, аммо то ҳол пеш аз баромад карданаш асабӣ мешавад. Як рӯз пеш аз чорабиниҳо шабҳо хуб хоб намекунад, бисёр фикр мекунад, ки чи гуна бояд баромад кунад. Бисёр кудаки эҳсосотӣ аст. Аммо вақте, ки ба саҳна мебарояд ва навохтанро оғоз мекунад пурра ба мусиқӣ дода мешавад. Ман фикр мекунам, ки ин хислати хуб аст, бигзор вай бо эҳсосот худро тайёр кунад ва барои танқид омода бошад.... Аз тарафи дигар дар вақти навозишаш аз эҳсосот дур шуда ба мусиқӣ дода мешавад ва ӯро дигар чизе халал расонида наметавонад”, - илова кардааст Ниссор.

Ниссор бо писари бо истеъдодаш, ки ба синну соли хело хурдаш нигоҳ накарда аз таҳти дил меҳнат мекунад ва соҳиби ду мукофоти мусобиқаҳои байналмилалии соҳаи мусиқӣ гаштааст,  мефахрад.

“Писарам бисёртар ба оҳангҳои классикӣ шавқ дорад. Бисёртар ба Мотсарт пайравӣ мекунад. Вай филми”Амадей”-ро 40 маротиба тамошо кардааст ва ҳар боре, ки ӯро тамошо мекунадилҳомаш дучанд мешавад  ва омӯзишашро сайқал медиҳад”, - мегӯяд Абдураззоқов.

Бисёр ҷашнвораҳоеро, ки Самир баромад мекунад падараш барои ӯ пайдо мекунад.

Эълон дар бораи ҷашнвораи Florida Keys дар Ню-Йоркро, низ худи Ниссор дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайдо карда будааст.

Ба иштироккунандагон пешниҳод шуда будааст, ки маҳораташонро дар навор сабт карда ба ин ташкилот фиристонанд. Ниссор ҳамроҳи писараш “Соната”-и Скарлаттӣ ва “Доктор градус”-и Клода Дебюссиро интихоб карда буданд. Навори фиристодаи онҳо ба ҳайати жури маъқул шуда Самирро барои иштирок кардан даъват кардаанд.

Ҳамин тариқ дар консерти  Florida Keys-и Ню-Йорк 17 ноябр Абдуразоққови наврасро беҳтарин фортопианонавозӣ ин чорабинӣ хонданд.

Ин аввалин сафари  падару писар ба Амрико будааст ва онҳо боварӣ доранд, ки ин сафар дар хотири онҳо ба таври абад нақш мебандад.

Юный таджикский музыкант Самир Абдураззаков
© из личного архива Самира Абдураззакова
Юный таджикский музыкант Самир Абдураззаков

Оҳанги бобоӣ

Ҳар тобистон Абдураззоқовҳо ба ватанашон Тоҷикистон сафар мекунанд.

Самир Тоҷикистон ва хонаи бибию бобояшро бисёр дӯст медорад. Дар хонаи бобояш роял ҳам ҳаст, ва ӯ давоми дар ватани бобоияш будан бо он менавозад.

“Мо бо писарам бисёр фаъолона эҷодиёти композиторҳои тоҷикро омухтаистодаем. Чихеле, ки набошад ин таърихи мусиқии ватанамон аст. Масалан, Самир дар баҳорон “Рапсодия”-и Толибхон Шаҳидиро менавозад. Умуман мо бо ин оила, ки бисёр шахсиятҳои боистеъдод дорад дӯсти дорем. Бунёди онҳо ба Самир маблағгузорӣ мекунад, то ки он ба дигар кишварҳо рафта истеъдодашро нишон диҳад. Як сол пеш Табрез (оҳанггузори филм) аз истеъдоди писари ман огоҳ шуда ба ӯ ҷамъи дискҳои Эмиля Гилелсаро, ки ба хотири 100-солагиаш бознашр шуда буданд, ҳадя кард”, - гуфт Ниссор.

Самир дар вақтҳои холигияш футбол бозӣ мекунад. Вай Роналдоро мухсили мекунад, аммо ин як тарзи фароғат аст. Вай алаакай тасмим гирифтааст, ки ҳаёташро ба мусиқӣ мебахшад: ё оҳангсоз мешавад ё пианинонавоз.

Ниссор ҳам дар ҷодаи санъат фаъолона ҳаракат кардаистодааст. Вай бисёр фаъолона аврупоиҳоро бо сиомои ватанаш ошно месозад ва алакай ду чорабинии намоиши аксҳо дар мавзӯи Тоҷикистонро дар Париж ва Стокголм баргузор кардааст.

Самирро ҷашнвораҳои дар пешистода, ки ба наздики дар Гамбург ва Вена баргузор мегарданд, интизоранд.

Самир оҳангҳои классикӣ менавозад ва албата ҳамчун пианинонавози тоҷик баромад хоҳад кард.   

157
Барчаспҳо:
тоҷик, мусиқӣ, оҳангсоз, Шветсия, Тоҷикистон
Маркази шаҳри Душанбе

С ба ҷои З: парлумон номи як ноҳияи Тоҷикистонро тағйир дод

5443
(Таҷдидшуда 16:20 25.01.2021)
Маҷлиси миллии Тоҷикистон бо пешниҳоди Ҳукумати кишвар дар номи яке аз ноҳияҳои вилояти Хатлон як ҳарфро иваз намуд

ДУШАНБЕ, 25 янв — Sputnik. Маҷлиси миллӣ бо пешниҳоди Ҳукумати Тоҷикистон лоиҳаи қарор дар бораи иваз намудани номи ноҳияи Шаҳритузи вилояти Хатлон ба ноҳияи Шаҳритусро якдилона қабул кардааст. 

Ба иттилои котиботи палатаи болоии парлумон, қарори мазкур имрӯз дар иҷлосияи панҷуми Маҷлиси миллӣ, таҳти раёсати Рустами Эмомалӣ қабул шуд. 

Бар асоси Донишномаи озод, ноҳияи Шаҳритус, яке аз ноҳияҳои идории вилояти Хатлон аст, ки ҳанӯз 29 августи соли 1930 дар Тоҷикистони шӯравӣ таъсис ёфтаст.

Ноҳияи Шаҳритус бо ҳудуди наздики 2,4 ҳазор километри мураббаъ дар дараи рӯди Кофарниҳон ҷой дорад. Дар шимол бо Вилояти Сурхондарёи Ӯзбекистон, дар шарқ бо ноҳияи Қубодиён, дар ғарб бо ноҳияи Носири Хусрав аз ноҳияҳои вилояти Хатлон ва дар ҷануб бо вулусволии Хулм аз бахшҳои Вилояти Балх дар Афғонистон ҳаммарз аст.

Дар ҳудуди ноҳияи мазкур водии Бешкент ҷойгир аст, ки дарозиаш 70 километр бараш то 5 километр буда, яке аз водиҳои гармтарини ҷумҳурист.

5443
Барчаспҳо:
тағйир, парлумон, Тоҷикистон
Намоз дар Душанбе, акс аз бойгонӣ

Намоз бо ниқоб: қоидаҳои масҷидравӣ дар Тоҷикистон

1094
(Таҷдидшуда 15:45 24.01.2021)
Ситоди ҷумҳуриявии мубориза бо коронавирус дар Тоҷикистон, ки аз 1 феврали соли 2021 намозгузорӣ дар масоҷидро иҷозат дод, таъкид кардааст, ки роияи қоидаҳои беҳдоштӣ ҳатмӣ мебошанд

ДУШАНБЕ, 24 янв— Sputnik. Ситод мақомоти дахлдорро муваззаф кардааст, ки масҷидҳо риояи қатъии қоидаҳои гигенаи шахсию ҷамъиятиро ҳангоми баргузории ибодати дастаҷамъона таъмин намоянд.

Таъкид шудааст, ки шаҳрвандон  дар масҷидҳо, махсусан дар намозҳои ҷумъа ҳатман аз ниқобҳои тиббӣ истифода намоянд.

Наврӯз Ҷаъфаров, сардори Раёсати амнияти санитарию эпидемиологӣ, ҳолатҳои фавқулода ва кумаки фаврии тиббии Вазорати тандурустӣ, изҳор доштааст, ки албатта, ақоиди динӣ ва рукнҳои намозгузорӣ тартиби муайяни худро доранд.

“Вақте ки даъват ба намоз мешавад, бояд намозгузор, пеш аз ҳама, дар такопӯ нашуда, навбати ворид шудан ба масҷидро риоя намояд. Барои мисол, агар намози пешин соати 13:00  бошад, хуб мешуд намозгузорон ним соат пеш тибқи навбат дохили масҷид   шаванд”, - изҳор доштааст Ҷаъфаров дар суҳбат бо “Ховар”.

Манбаъ афзудааст, новобаста ба он ки дар масҷидҳо ҷойнамози умумӣ мавҷуд аст, хуб мешуд ҳар нафар ҷойнамози алоҳидаи худро дошта бошад, зеро ин амал ба таъмини қоидаҳои гигиениву беҳдоштии ҳар нафар равона шудааст. 

“Вақти намоз гузоштан шояд ҳолатҳое шаванд, ки ниқоб аз рӯй канда шавад ва ҳамон зарраҳои хурде, ки тавассути болооби даҳон ё ин ки бо нафаси мо ба  ҷойнамоз меафтанд, эҳтимол  сабаби сироят ёфтани нафари дигар шаванд”, - тавзеҳ додааст Ҷаъфаров.

Ӯ таъкид намуд, ки вақте шаҳрвандон вориди масҷид мешаванд ва ё аз дохил берун мебароянд, хуб мешуд бо даст салом накунанд, балки дастро болои сина гузошта, бо ишораи сар салом намоянд.

“Дар ин баробар ҳангоми намоз гузоштан аз ниқобҳои тиббӣ истифода баранд. Бояд ҳар масҷид системаи ҳавотозакунӣ дошта бошад, ки гардиши ҳаво таъмин карда шавад. Зеро дар маконе, ки ҳаво иваз мешавад, эҳтимоли хуруҷи бемориҳои вирусӣ кам мегардад”, - таъкид намуд мақомдори Вазорати тандурустӣ.

1094
Барчаспҳо:
намоз, масҷид, Тоҷикистон

Интиқоди тунди Жириновский аз Туркия: наравед ба он ҷо

0
(Таҷдидшуда 20:07 26.01.2021)
Владимир Жириновский, раиси Ҳизби либерал-демократи Русия аз сафар ба "кишвари маккор" - Туркия, ҳушдор дод

ДУШАНБЕ, 26 янв — Sputnik. Раиси Ҳизби либерал-демократи Русия, Владимир Жириновский макони истироҳат - Туркияро кишвари "маккортарин" номид.

"Ба Туркия наравед, маккортарин кишвар аст", - изҳор дошт Жириновский.

Бо чунин суханон Жириновский ҳамлаи мусаллаҳона ба чор шаҳрванди Русияро шарҳ дод. Ин ҳамла дар кӯчаи Бешикташи шаҳри Истамбул ба вуқӯъ пайвастааст.

Як марди кӯчарӯб ба ду зан ва як марди русиягӣ ҳамла кардааст. Гуфта мешавад, ки ӯ аз ҷиҳати равонӣ бемор будааст.

Шаҳрвандони Русия ҷароҳатҳои гуногун бардоштанд. Сокинони маҳаллӣ ба захмиён кумаки аввалия расонида ва баъдтар онҳо бистарӣ карда шуданд.

Яке аз замхиёнро ба зудӣ аз бемористон ҷавоб хоҳанд дод, чун вазъи саломатии ӯ хуб арзёбӣ мешавад.

Жириновский: Тоҷикистон ва Арманистон бояд ба ҳайати Русияи Бузург ҳамроҳ шаванд

Ёдрас мешавем, ки чанде пеш нархномаи истироҳат барои шаҳрвандони Русия дар Туркия дар қиёс бо соли 2020, то 15 дарсад боло рафт.

Коршиносон пешгӯӣ мекунанд, ки ин нархнома боз ҳам гаронтар хоҳад шуд. Ногуфта намонад, ки 90 дар сади истироҳаткунандагон Анталияро интихоб мекунанд.

0
Барчаспҳо:
Русия, Туркия, Владимир Жириновский