Духтар дар аробаи маъюбӣ

Даҳ тавсия барои муоширати дуруст бо шахсоне, ки мушкили ҳаракат доранд

84
Маъракаи миллӣ дар масоили маъюбият, ки зери унвони "Ҳар яки мо - тавоно!" дар Тоҷикистон амалӣ мешавад, даҳ тавсия барои муоширати дуруст бо шахсони дорои мушкили ҳаракатро ироа кардааст

ДУШАНБЕ, 7 дек — Sputnik. Масъулин дар тавсияҳои нашршуда хотиррасон кардаанд, ки аробачаи маъюбӣ муҳити шахсии инсон аст ва тела додани он бидуни иҷозат баробар ба кашола кардани инсон аст.

“Ба он такя накунед! Ба ҳаракат даровардани аробача бе иҷозати соҳибаш мисли он аст, ки инсонро бе рухсати ӯ кашола кунед”, - таъкид шудааст дар муроҷиатномаи “Ҳар яки мо – тавоно”.

Манбаъ афзудааст, ки пеш аз расонидани ёрӣ ҳатман бипурсед, ки оё кумак лозим аст? Агар ягон дари вазнинро кушодан ва ё дар рӯйи қолин ҳаракат кардан лозим бошад, ёрии худро пешниҳод созед.

“Агар пешниҳоди шумо қабул шавад, бипурсед, ки чӣ бояд кард ва аз рӯйи ҳамон тавсияву гуфтаҳо амал кунед. Аввал аробачаро оҳиста ба ҳаракат дароред. Зеро суръати ҳаракати он якбора зиёд шуда метавонад ва такони ногаҳонӣ мувозинатро аз байн мебарад”, - изҳор доштаанд мутахассисон.

Масъулин дар хитоб ба шаҳрвандон таъкид намудаанд, ки ҳамеша муайян кунед, ки оё ҷойи баргузории чорабинӣ муҳити дастрас дорад, қаблан бипурсед, ки чӣ гуна мушкилоту монеаҳо вуҷуд доранд ва онҳоро чӣ тавр бояд бартараф кард?

“Ба тахтапушт ва ё китфи шахсе, ки дар аробачаи маъюбӣ нишастааст, бо кафи даст назанед. Агар имкон бошад, тарзе ҷойгир шавед, ки чеҳраҳо дар як сатҳ бошанд, то ҳамсуҳбати шумо рӯяшро ба тарафи боло накунад”, - муҳим донистаанд масъулини “Ҳар яки мо – тавоно!”.

Инчунин таъкид шудааст, ки агар мушкилоту монеаҳо барои ҳаракат дар кӯча ва ё дохили бино мавҷуд бошанд, пешакӣ огоҳ кунед, то ин ки шахс имкони қабули қарор дошта бошад. Дар хотир бояд дошт, ки шахсони дорои мушкилоти ҳаракат маъмулан биноӣ, шунавоӣ ва дарку фаҳмиши хуб доранд.

Дар охир дастандаркорони иқдом изҳор доштаанд, фикр накунед, ки зарурати истифодаи аробачаи маъюбӣ фоҷиа мебошад.

“Он як воситаи ҳаракати озодона аст, агар монеаҳо дар кӯчаю биноҳо набошанд. Одамоне ҳастанд, ки аз аробачаи маъюбӣ барои сарфаи қуввати худ ва ҳаракати зудтар истифода мекунанд. Онҳо зимнан тавони роҳгардиро аз даст надодаанд ва бо истифода аз асобағал ё воситаҳои дигар қадам зада метавонанд”, - иттилоъ додаанд масъулини лоиҳаи “Ҳар яки мо – тавоно!”.

Маъракаи миллӣ зери унвони “Ҳар яки мо – тавонон!”,  дар Тоҷикистон соли равон оғоз шуда,  ҳадафи он ташвиқи эҳтиром ба ҳуқуқ ва шаъну шарафи кӯдакон, занон ва мардони дорои маъюбият, коҳиши доғгузорӣ ва рафъи тасаввуроти ғалат дар бораи маъюбият, инчунин бунёди ҷомеаи фарогир бо имконот барои ҳамагон мебошад.

84