Фарҳод Салимӣ, сафири Тоҷикистон дар ИМА дар намоишгоҳи 7-уми сафоратҳо

Салимӣ дар Вашингтон ҳунарҳои мардумии Тоҷикистонро муаррифӣ кард

82
(Таҷдидшуда 11:37 09.12.2018)
Фарҳод Салимӣ, сафири Тоҷикистон дар ИМА, ҳунарҳои мардумии тоҷикистониёнро дар Вашингтон муаррифӣ кард

ДУШАНБЕ, 9 дек — Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, Салимӣ дар 7-умин Намоиши Сафоратҳо – Winternational, ки дар бинои Роналд Рейган ва Маркази байналмилалии савдои шаҳри Вашингтон баргузор гардид, иштирок намуд.

Манбаъ изҳор дошт, ки дар намоиш намояндагони зиёда аз 50 сафорати муқими ИМА фарҳанг, имкониятҳои сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумии кишвари худро муаррифӣ намуданд.

Дар Тоҷикистон соли 2018,  соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардида, дар доираи намоишгоҳҳои зиёд дар дохилу хориҷ баргузор гардиданд.

82