Сбор труппы театра им. Станиславского и Немировича-Данченко

Театри шаҳри Самарқанд ба Суғд меояд

70
(Таҷдидшуда 16:25 10.12.2018)
Театри вилоятии мусиқӣ-драмавии шаҳри Самарқанд дар Суғд намоишномаи “Иҷозат деҳ ман бимурам” -ро ба намоиш мегузорад

ДУШАНБЕ, 10 дек — Sputnik. Рӯзҳои 10 – 12 декабри соли равон ҳунармандони Театри вилоятии мусиқӣ-драмавии шаҳри Самарқанд дар ҳайати 16 нафар ба маркази вилояти Суғд – шаҳри Хуҷанд ташриф меоранд, иттилоъ додааст ҳукумати вилояти Суғд.

Тибқи иттилои масъулини Раёсати фарҳанги вилояти Суғд ҳунармандони театри Самарқанд дар Театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Камоли Хуҷандии маркази вилоят намоишномаи “Позволь мне умереть”-ро ба тамошобинони тоҷик пешниҳод менамоянд.

Манбаъ таъкид намудааст, ки густариши муносибатҳои фарҳангӣ миёни вилоятҳо, таҳкими равобити дӯстӣ ва баҳравар гардидан аз санъати театрии ҳамдигар аз ҳадафҳои асосии сафари намояндагони вилояти Самарқанд ба вилояти Суғд арзёбӣ мешавад.

70
Барчаспҳо:
Самарқанд, Узбакистон, Суғд, намоишнома, театр, Тоҷикистон
Народний артист Таджикистана Афзалшо Шодиев

Мақоми нави Афзалшоҳ Шодиев баъди барканорӣ аз раҳбарии Филармония ва муддате истироҳат

2632
(Таҷдидшуда 16:43 06.08.2020)
Ҳунарманди шинохтаи тоҷик, пас аз барканорияш аз раҳбарии Филармонияи давлатӣ тӯли шаш моҳ дар истироҳат буд. Қаблан гуфта буд , ки вақти холигияшро мехоҳад сарфи эҷод кунад.

ДУШАНБЕ, 6 авг — Sputnik. Афзалшоҳ Шодиев, ҳунарманди шинохтаи тоҷик, ки моҳи феврали соли ҷорӣ аз вазифаи раҳбарии Филармонияи давлатӣ барканор шуда буд, мақоми нав гирифт, дар ин бора бародари ӯ Набиҷон Шодиев дар сафҳаи фейсбукияш хабар додааст.

Ба иттилои манбаъ, ҳунарманди шинохта роҳбарии Муассисаи давлатии "Ансамбли тарона ва рақси "Сомон" таъйин шудааст.

Таъйини раиси нав дар Филармонияи давлатӣ: Афзалшоҳ Шодиев барканор шуд

Гуфта мешавад таъйини Афзалшоҳ Шодиев ба ин мақом бо фармони вазири фарханг Зулфия Давлатзода  ва пешниҳоди президент Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифтааст. 

Ӯ қаблан тӯли панҷ сол Филармонияи давлатиро роҳбарӣ кард ва замони барканорияш зимни суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, рафтанаш аз ин вазифа бо розигии худаш сурат гирифтаст ва аз фаъолияташ дар ин макон хурсанд аст ва мехоҳад каме ба эҷод машғул шавад.

Гиряи кормандон барои раис: Афзалшоҳ Шодиев дар бораи барканорӣ ва нақшаҳои баъдӣ

Ӯ ҳунарманди мардумии Тоҷикистон аст ва дар моҳи феврали соли 2013 дар Русия ҷоизаи "Хиради Миллат"-ро дарёфт кардааст.

 

2632
Кинопленка, архивное фото

Филми коргардони тоҷик дар ҷашнвораи Англия намоиш дода мешавад

82
(Таҷдидшуда 14:30 06.08.2020)
Барои аввалин бор филми яке аз коргардонҳои тоҷик Комил Каримов дар ҷашнвораи филми Англия намоиш дода мешавад

ДУШАНБЕ, 6 авг — Sputnik. Филми кӯтоҳи "Шахсият", ки моли коргардони тоҷик Комил Каримов мебоша, ба марҳалаи ниҳоии ҷашнвораи филми Англия роҳ ёфт, хабар медиҳад Авеста.

Ромфурди Англия мизбони дуввумин ҷашнвораи филми Авросиё дар соли 2020 аст.

Кумитаи баргузоркунандаи ҷашнвораи филм умедвор аст, ки дар оянда ширкаткунандагони бештаре аз Тоҷикистонро бо корҳои фохир дар ин ҷашнвора бибинанд.

Филми "Дӯғоб"-и коргардони тоҷик дар ҷашнвораи Бишкек намоиш дода мешавад

Дар ин ҷашнвора 60 филм ба забони англисӣ дар бахшҳои филмҳои баланд, кӯтоҳ ва мусиқии филм ширкат карданд.

Илова бар ширкат кунандагони тоҷикистонӣ , намояндагони кишварҳои Қазоқистон , Италия, Финландия , Иёлоти Муттаҳида  , Белорус , Суид , Олмон, Эрон, Украина, Арманистон, Русия ва Ӯзбекистон ҳам осори худро ба ин ҷашнвора ирсол карданд.

Маросими эҳдои ҷавоиз низ 18 август дар шаҳри Ромфурд баргузор мешавад.

82
Барчаспҳо:
тоҷик, коргардон, филм, Англия
Задержание пранкеров в Душанбе

Боздошти "пранкерон": ҳабси Шаҳриёри Давлат ва 2 ҳаммаслаконаш - видео

0
(Таҷдидшуда 17:07 07.08.2020)
Кормандони мақомоти милитсияи Душанбе дар асоси муроҷиати шаҳрвандон чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ роҳандозӣ карда шуда, пранкерон Шаҳриёри Давлат ва 2 ҳаммаслаконашро боздошт кард

ДУШАНБЕ, 7 авг — Sputnik. Чанде пеш дар ютуб-шабакаи шахсии сарояндаи ҷавон Шаҳриёр Давлатов навор ё ба истилоҳ «пранк»-е нашр гардид, ки дар он ҳолати вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ ва тарғиби бадгуфториву алфози қабеҳ инъикос ёфтаанд.

Бино ба гузориши Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе навори мазкур мавриди вокуниши манфии шаҳрвандону истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ қарор гирифта, корбарон аз Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дархост намуданд, то нисбати чунин блогерон чораандешӣ карда шавад.

Дар паи санҷиши РВКД дар шаҳри Душанбе муайян гардидааст, ки навори мазкур қаблан бо маслиҳати пешакӣ бо соҳибмулки шабака, яъне Шаҳриёри Давлат гӯё ба хотири санҷиш ва мушоҳидаи вокуниши ӯ омода гаштааст.

Дар навори мазкур дида мешавад, ки ҷавонони ҳамкор ва ё шогирдони Шаҳриёр чархҳои автомашинаи ӯро кушода, ба истилоҳ ӯро «пранк» намуда, мехоҳанд вокуниш ва ҷавоби Шаҳриёрро дар чунин ҳолат мавриди санҷиш қарор диҳанд.

Дар натиҷа Шаҳриёр Давлатов чуноне дар навор дида мешавад бо мушоҳидаи ин ҳолат тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон намуда, нисбати ҳамкорони худ суханони қабеҳ ва амалу рафтори ноҷо намуда, ҳамзамон дидаву дониста ин наворро, ки дорои саҳнаи хушунат ва алфози қабеҳ мебошад дар шабакаи худ нашр намудааст.

Аз ҷониби кормандони мақомоти милитсияи пойтахт дар асоси муроҷиати шаҳрвандон вобаста ба ҳолати мазкур як қатор чорабиниҳои дахлдори оперативӣ-ҷустуҷӯӣ роҳандозӣ карда шуда, Давлатов Шаҳриёр Нусратович соли таваллудаш 07.09.1991, истиқоматкунандаи вилояти Хатлон, ноҳияи Вахш ҷамоати деҳоти Киров-1, деҳаи Қуштеппа, Мирзоев Дилшод Нодирович соли таваллудаш 25.06.1988, истиқоматкунандаи ноҳияи Рӯдакӣ, ҷамоати деҳотӣ Лоҳур, деҳаи Гулисой ва Солеҳзода Фарҳод Файзулло соли таваллудаш 12. 10.1992. истиқоматкунандаи вилояти Хатлон, ноҳияи Ёвон, ҷамоати деҳоти Ҳасан-Ҳусейн, деҳаи Тилло Солеҳ дастгир ва нисбаташон чораандешӣ карда шуд.

Задержание пранкеров в Душанбе
Задержание пранкеров в Душанбе

Бо назардошти ҳолати мазкур нисбат ба ҳамаи номбурдагон тибқи талаботи моддаи 460 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, бо қарори Суд нисбат ба ҳар кадоме ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 10-шабонарӯзӣ таъин карда шуданд.

0
Барчаспҳо:
боздошт, ВКД, Тоҷикистон