Ёдгор Файзов, иҷрокунандаи вазифаи раиси ВМКБ

Паёми Файзов ба Оқохони IV: аз хоҳиши дуо то саҳм дар сулҳи тоҷикону назари Эмомалӣ Раҳмон

1477
Ёдгор Файзов, раиси ВМКБ бо як паём Шоҳзода Карим ал-Ҳусайнӣ Оқохони IV, 49-умин имоми исмоилиёнро бо 82-юмин солгарди мавлудаш, ки 13 декабр таҷлил мешавад, шодбош гуфта, ихлоси худу бадахшониён ва назари раисиҷумҳури Тоҷикистонро баён доштааст

ДУШАНБЕ, 13 дек — Sputnik.  Тибқи паёми шодбошии Ёдгор Файзов, ки дафтари матбуоти ҳукумати маҳаллии ВМКБ нашр кардааст, раиси вилоят дар хитоб ба Оқохони IV гуфтааст, “мехоҳам дар ин лаҳзаҳои сурурафзо ва ҳаяҷонбахш ихлосу эътиқоди худ ва тамоми мардуми Бадахшонро ба Шумо расонам”.

Файзов инро, ки ҷаҳон имрӯз Оқохони IV-ро аз таъсиргузортарин ва обрӯмандтарин шахсиятҳо эътироф кардааст, далели ниятҳои олии созандагӣ ва инсонмеҳвар будани иқдомоти ӯ хондааст.

“Ба ҳайси саршиностарин чеҳра дар олами ислом дар ривоҷу равнақи ислому фарҳанги исломӣ нақши бебадалу поянда доред. Ҳамзамон дар симмати Пешвои исмоилиёни ҷаҳон баҳри камолоти маънавию мазҳабии исмоилиёни ҷаҳон ва рушди иқтисодию иҷтимоии ҷамоати исмоилиёни замон иқдомоти олию наҷиб содир кардаед. Талошҳои пайгиронаи Шумо дар бозгашти сулҳ ба Тоҷикистон ва пешрафти иқтисодию иҷтимоии он аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар сатҳи олӣ арзёбӣ гардидааст. Ин ҳамкориҳо, хушбахтона, марҳилаҳои тозаи пешрафтро касб карда, тавсеаи бештаре пайдо карда истодаанд”, - омадааст дар паёми шодбошии Ёдгор Файзов ба имоми исмоилиёни ҷаҳон.

Раиси ВМКБ таъкид намудааст, ки ҳидоят ва иршодҳои имом ба тарбия ва рушди маънавию мазҳабии исмоилиёни Бадахшон ва дигар нуқтаҳои ҷаҳон нақши бесобиқаю поянда дорад, ки ин мояи хушҳолист.

“Волоҳазрат! Мо ба Шумо изҳори ихлос менамоем ва умед мебандем, ки Шумо дуои хайри худ ва меҳрубониатонро ба фарзандони руҳониатон дар Бадахшон ва тамоми ҷахон нисор хоҳед кард ва аз дуои неки Шумо ҷанбаи руҳониву моддии зиндагиамон пурнур хохад гашт ва баракати тоза хоҳад ёфт”, - таъкид намудааст Файзов.

Раиси ВМКБ, ки бисёри сокинони ин вилоят пайрави исмоилия мебошанд, дар хитоб ба имоми давр гуфтааст, “таманно дорам, ки офтоби осмони умратон ҷовидона рахшон бошаду чаманистони зиндагиатон ҳамеша сарсабз бимонад”.

Шоҳ Карим ал-Ҳусайнӣ Оқохони Чаҳорум, 13 декабри соли 1936 дар шаҳри Женеваи Швейсария дар хонаводаи шоҳзода Алӣ Салмонхон ва бону Тоҷуддавла Алихон ба дунё омадааст.

Аълоҳазрат Шоҳ Карим донишомӯхтаи донишкадаи торихи исломи Донишгоҳи Ҳарвард буда, бунёдгузор ва сарвари "Шабакаи тавсеъаи Оқохон" (AKDN) аст. Ӯ пас аз бобояш Султон Муҳаммадшоҳ Оқохони Севум, дар рӯзи 11 июли соли 1957, дар 20-солагӣ пешвои руҳонии исмоилиёни ҷаҳон шудааст. Теъдоди муридони Оқохони IV дар Тоҷикистон ҳудуди 200 ҳазор нафар арзёбӣ мешавад.

1477