Фестиваль Шелкового пути Рангоранг прошел

Дар Душанбе фестивали “Рангоранг” баргузор мегардад

147
(Таҷдидшуда 17:04 14.12.2018)
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон дар фестивали “Рангоранг” маснуоти косибон ба таври васеъ пешкаш карда мешавад

ДУШАНБЕ, 14 дек — Sputnik. Рӯзи 18-19 декабри соли равон дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон Фестивали ҳунарҳои мардумӣ таҳти унвони «Рангоранг» баргузор хоҳад шуд, иттилоъ додааст вазорати фарҳанги Тоҷикистон.

Бино бар иттилои манбаъ, дар фестивали мазкур маснуоти  косибон ба таври васеъ пешкаш карда мешавад.

Дар фестивал зиёда  аз 60 нафар косибон аз тамоми гӯшаю канори ҷумҳурӣ иштирок хоҳанд кард.

“Фестивали “Рангоранг” бахшида  ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ гузаронида шуда, он барномаи ҷамъбастии рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар мамлакат мебошад”, - таъкид намудааст манбаъ.

Дар ин фестивал косибон аз вилоятҳои Хатлон ва Суғд, ВМКБ, навоҳии Рашт ва дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ маҳсулоти худро пешниҳод мекунанд.

Манбаъ хабар додааст, ки фестивали ҳунарҳои мардумии  “Рангоранг” бо  ташаббуси Осорхонаи миллии Тоҷикистон ва Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Тоҷикистон баргузор мешавад.

 

147
Барчаспҳо:
Осорхонаи миллии Тоҷикистон, Душанбе, фестивал, фарҳанг, Тоҷикистон