Сипоси сирки Қирғизистон аз ҳунармандони тоҷик

© Sputnik / Амир ИсаевГастроли Большого московского цирка на воде в Душанбе
Гастроли Большого московского цирка на воде в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Роҳбари Сирки Қирғизистон ба номи Вазири фарҳанги Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода сипоснома равон кардааст

ДУШАНБЕ, 17 дек — Sputnik.  Бино бар иттилои дафтари матбуоти вазорати фарҳанги Тоҷикистон, директори генералии Сирки Қирғизистон ба номи Абӯбакир Изибаев Курмангази Исанаев ба номи Шамсиддин Орумбекзода, вазири фарҳанги Тоҷикистон сипоснома равон кардааст.

Концерт в Большом театре на открытии Дней культуры Таджикистана в России - Sputnik Тоҷикистон
Баромади зебои ҳунармандони тоҷик дар саҳнаи калони Маскав (ВИДЕО)

Дар матни нома Курмангази Исанаев ба Вазири фарҳанг барои иштирок ва касбияти баланди ҳунарпешаи Сирки давлатии Тоҷикистон, Аълочии фарҳанги Тоҷикистон Вафо Иззатуллоев дар Шоуи калони сиркии кишварҳои ИДМ ва хориҷ таҳти унвони “АфроСирк”, ки дар Сирки давлатии Қирғизистон ба номи Абӯбакир Изибаев баргузор гардида буд, самимона изҳори сипос менамояд.

“Сирки мо ба сирки тоҷик дар соҳаи санъати сиркӣ муваффақиятҳои беназир таманно намуда, ба ҳамкориҳои зич дар оянда умед мебандад”, - таъкид намудааст роҳбари сирки Қирғизистон.

 

Лентаи хабарҳо
0