Министр культуры поздравил заслуженную артистку Таджикистана Мушаррафа Косимова со 101-летием

Мушаррафа Қосимова- ҳунарпешаи хизматнишондодаи Тоҷикистон 101 сола шуд

1228
(Таҷдидшуда 18:57 20.12.2018)
Вазири фарҳанги Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода, ҳунарпешаҳои халқии Тоҷикистон Ортиқи Қодир, Лутфулло Давлатзода ва Афзалшо Шодиев ба хонаи Мушаррафа Қосимова омада, ӯро бо рӯзи мавлуд муборакбод гуфтанд

ДУШАНБЕ, 20 дек — Sputnik. Мушаррафа Қосимова, ҳунарпешаи хизматнишондодаи Тоҷикистон ба синни 101 расид, иттилоъ додааст дафтари матбуоти Вазорати фарҳанги Тоҷикистон.

Бино бар иттилои манбаъ, ба муносибати садумин солгарди зодрӯзи ин шахсияти бузург ва нотакрор китобе оид ба зиндагиномаи ӯ таҳти унвони “Модари саҳнаи тоҷик – Мушаррафа Қосимова” интишор ёфтааст. 

Ба аёдати Мушаррафа Қосимова аз ҷумла Вазири фарҳанги Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода, Ҳунарпешаҳои халқии Тоҷикистон Ортиқи Қодир, Лутфулло Давлатзода ва Афзалшо Шодиев омада, ӯро бо рӯзи мавлуд муборакбод гуфтанд.

“Ин бонуи ҳунар ҳатто барои чандин меҳмонон китобро бо соядасти худ тӯҳфа кард”,- таъкид намудааст манбаъ. 

Министр культуры поздравил заслуженную артистку Таджикистана Мушаррафа Косимова со 101-летием
Министр культуры поздравил заслуженную артистку Таджикистана Мушаррафа Косимова со 101-летием

Китоби зиндагиномаи Мушаррафа Қосимова дар нашриёти “Истеъдод” нашр гардида, онро муаллифон Мирзоалӣ Алиев ва Ғаниҷони Олим таълиф намудаанд. 

Мушаррафа Қосимова 19 декабри соли 1917 дар шаҳри Самарқанд ба дунё омадааст. Барои хизматҳои беназир ва бузургаш ӯро дар байни мардум «Модари театри тоҷик» ном мебаранд. Дорандаи орденҳои «Шараф (1999), «Байрақи сурхи меҳнат» (1971), медалҳои «Барои меҳнати бошуҷоат дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ» (1975, 1985, 1995, 2005, 2015), «Барои меҳнати шоён» (1965), «Ба шарафи 100-солагии В.И. Ленин (1970), Ифтихорномаҳои Шӯрои олии Тоҷикистон, Вазорати фарҳанги Тоҷикистон, Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистон аст.

1228