Барзу Абдураззаков

Бале дар хонаам! истеъфо ва бозгашти Барзу Абдураззоқов ба Ватан

744
(Таҷдидшуда 15:32 30.12.2018)
Барзу Абдураззоқов, коргардони шинохтаи тоҷик аз мақоми роҳбари эҷодии театри “Жас Саҳна”-и Алмато истеъфо дода, ба Ватан баргаштааст

ДУШАНБЕ, 30 дек — Sputnik. “Бале дар хонаам”, - тасдиқ кардааст Абдураззоқов дар саҳифааш дар Фейсбук ва паёми хайрбодро бо “Жас Саҳна” ва ҳамкоронаш нашр намудааст.

Коргардони тоҷик 29 декабр дар саҳифаи фейсбукияш навиштааст, ки се соли кораш дар “Жас Саҳна” чун як лаҳза гузашт.

Ӯ бо тавсиф аз ҳайати ҳамкоронаш, аз Алмато ва аз Қазоқистон, театри “Жас Саҳна”-ро орзуе хонд, ки аллакай амалӣ шуду омодаи пазироии тамошобинон аст.

Абдураззоқов ба ҳайати эҷодии “Жас Саҳна” муваффақият таманно карда, дар мавриди худ изҳор доштааст, ки ӯ роҳи худро дорад ва онро бояд идома диҳад.

Ӯ гуфтааст, барои идомаи фаъолият ба Ватан бармегардад, аммо мушахассан ба кадом тарҳҳо машғул хоҳад шуд, феълан маълум нест.

Барзу Абдураззоқов аз шинохтатарин ходимони театр на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар минтақа мебошад, ки чанд соли қабл Ватанро барои кор дар хориҷ тарк карда буд.  

744