Бозгашти “Лаҳзаҳои гуворо” бо ҳаҷвияҳои нав: садҳо ҳазор тамошобин дар як рӯз – видеоҳо

CC0 / StockSnap / Смех, архивное фото
Смех, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Гуруҳи маъруфи “Лаҳзаҳои гуворо” наворҳои нави ҳаҷвиро пешниҳод кардааст, ки дар як рӯзи нашрашон дар интернет садҳо ҳазор тамошобин гирифтаанд

ДУШАНБЕ, 1 янв — Sputnik. Ҳаҷвия, ки аз селфию телефондории зан ва ҷалби шавҳар ба рӯбучину пухтупаз қисса мекунад, писанди тамошобинон шудааст. Ин кори келин мояи норозигии хушдоман гардидааст, аммо арӯс далели худро дорад, чун ба гуфтаи ӯ “виндовз”-и шавҳар паридагӣ аст.

“Арӯси замонавӣ”, аз ҷумлаи ҳаҷвияҳои ҷадиди “Лаҳзаҳои гуворо” мебошад, ки тайи як рӯзи нашраш дар интернет наздики 200 ҳазор тамошобин гирифтааст.

“Туҳфаи хушдоман”– навори дигари “Лаҳзаҳои гуворо” мебошад, ки аз ҷониби ҳайати эҷодии он - Насриддин Нуриддин, Ҷамшеди Ҳалим, Хонум Гулбибӣ ва Холмурод Сиддиқов пешниҳод гардидааст. Ин ҳаҷвияро тайи як рӯзи нашр дар Ютуб беш аз 230 ҳазор тамошобин дидаанд.

Ҳаҷвияи дигари гуруҳро зери унвони “Зани нав” низ даҳҳо ҳазор нафар тамошо карда, садҳо нафар писандидаанд.

“Лаҳзаҳои гуворо” аз ҷумлаи гуруҳҳои ҳаҷвии маъруфи Тоҷикистон мебошад,  собиқаи 27-сола дорад. Гуруҳ аз ҳаҷвнигорони маъруф Холмурод Сиддиқов, Насриддини Нуриддин, Ҷамшеди Ҳалим ва Хонум Гулбибӣ иборат буда, тайи беш аз ду даҳсолаи фаъолияташ ҳаводорони зиёд пайдо намудааст.

Лентаи хабарҳо
0