Министр культуры РТ Шамсиддин Орумбекзода

Сипосномаи раиси кумитаи забон ба вазири фарҳанг барои татбиқи забони давлатӣ

78
(Таҷдидшуда 12:42 04.01.2019)
Гавҳар Шарофзода раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Тоҷикистон дар номаи худ аз вазири фарҳанг барои ҳамкориҳои пайваста дар роҳи татбиқи Қонуни Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Тоҷикистон” изҳори сипос кардааст

ДУШАНБЕ, 4 янв – Sputnik.  Гавҳар Шарофзода раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Тоҷикистон ба Вазири фарҳанги Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода номаи сипос равон кардааст, иттилоъ додааст дафтари матбуоти вазорати фарҳанги Тоҷикистон.  

Бино бар иттилои манбаъ, ба Вазири фарҳанги Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода аз номи раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Тоҷикистон Гавҳар Шарофзода номаи сипос омад.

“Тавассути нома Кумитаи забон ва истилоҳот ба Вазири фарҳанг барои ҳамкориҳои пайваста дар роҳи татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дар сатҳи баланд баргузор намудани вохӯрӣ бо сарояндагон изҳори сипос менамояд”, -таъкид намудааст манбаъ. 

Инчунин Кумита дар сипосномаи худ ба кормандони вазорат барои ҳамкорӣ ва иштирокашон дар вохӯрӣ бо сарояндагон арзи сипосу қаноатмандӣ кардааст.

78
Барчаспҳо:
вазорати фарҳанг, Шамсиддин Орумбекзода, сипоснома, Кумитаи забон ва истилоҳот, Тоҷикистон