Театр, акс аз бойгонӣ

Эълони озмуни ҷумҳуриявӣ миёни драманависони Тоҷикистон

25
Вазорати фарҳанги Тоҷикистон ба ифтихори 30-солагии Истиқлолият озмуни ҷумҳуриявии драманависонро эълон кард

ДУШАНБЕ, 7 фев — Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати фарҳанг, озмун аз 1 марти соли 2019 оғоз ёфта, мақсад аз он дарёфти асарҳои беҳтарини драмавии муосир мебошад.

Манбаъ афзуд,  асарҳо бояд то 1 августи соли 2019 дар се нусхаи чопи компютерӣ пешниҳод гарданд.

“Бояд мавзӯъҳои муосири таҷассумгари дастовардҳои сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишварро дар замони истиқлолият дар бар гиранд”, - тавзеҳ додааст Вазорат.

Ин ниҳод таъкид кардааст, ки асарҳои бо забони русӣ ва узбакӣ таълифшуда бояд тарҷумаи таҳтуллафзӣ дошта бошанд.

Асарҳои беҳтарин аз тариқи раъйдиҳии пӯшида муайян гардида, баҳои ниҳоиро ҳайати ҳакамони озмун муайян мекунанд. Ба иттилои Вазорати фарҳанг, асарҳои беҳтарин дар шакли маҷмӯа интишор меёбанд ва ба ҳамаи театрҳои ҷумҳурӣ дастрас карда мешаванд.

Барои ғолибони озмун, барандаи ҷойи якум – 5 ҳазор сомонӣ, ҷойи дуюм – 3 ҳазор сомонӣ ва ҷойи сеюм – 2 ҳазор сомонӣ ҷоиза муқаррар гардидааст.

25
Барчаспҳо:
ҷоиза, озмун, драма, фарҳанг, Тоҷикистон