Тавсифи Ибодулло Машраб ва Эмомалӣ Раҳмон аз ҳамдигар

© Sputnik / Стас ЭтвешПервый замминистра культуры Республики Таджикистан Ибодулло Машраб
Первый замминистра культуры Республики Таджикистан Ибодулло Машраб - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати фарҳанги Тоҷикистон аз маросими гусели Ибодулло Машраб, муовини якуми вазири фарҳанг ба нафақа ва муаррифии ҷойгузинаш Обидҷон Назаров хабар додааст

ДУШАНБЕ, 8 фев — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти Вазорати фарҳанг, Абдуҷаббор Раҳмонзода, ёрдамчии раисиҷумҳур дар масоили робита бо ҷомеа, зимни гусели Ибодулло Машраб ба нафақа, ба ӯ аз номи раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумат изҳори сипос намуд.

Заседание правительства Республики Таджикистан - Sputnik Тоҷикистон
Тағйироти кадрӣ: аз ректору директорони навтаъин то нафақаи стратегҳои раисиҷумҳур-навшуда

“Ҷаноби олӣ изҳор доштанд, ки Ибодулло Машраб дар бисёр чорабиниҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ роҳбари бадеӣ буданд ва дар саҳнавӣ кардани асарҳои зиёд ва баландмазмун саҳми бориз дошта, барои баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии ҷомеа ҳисса гузоштаанд”, - иброз дошт Абдуҷаббор Раҳмонзода.

Ибодулло Машраб изҳор доштааст, ки аз рӯзҳои нахустини фаъолияти эҷодияш ҳамеша аз ғамхориҳои Ҳукумат баҳраманд будааст.

“Баъди ба синни нафақа расиданам муҳлати иҷрои вазифаи муовини якуми вазирро бароям боз ду сол тамдид намуданд, ки аз меҳрубониҳои Президенти маҳбуби кишвар аст”, - таъкид кардааст Ибодулло Машраб.

Дар ин ҷамъомад инчунин муовини якуми вазири фарҳанг Обидҷон Назаров муаррифӣ гардидааст, ки қаблан вазифаи сардори раёсати фарҳанги шаҳри Душанберо ба уҳда дошт.

Аловуддин Абдуллоев - Sputnik Тоҷикистон
Таъиноти кадрӣ дар Вазорати фарҳанг: Аловиддин Абдуллоев мансаби нав гирифт

Обидҷон Назаров ба Ҳукумат барои ба ӯ бовар кардани чунин вазифаи пурмасъул изҳори сипос намуда, зикр намуд, ки барои иҷрои вазифаҳои муҳими дар пешистодаи соҳаи фарҳанг камари ҳиммат мебандад.

Ибодулло Машраб бо қарори Ҳукумат 16 марти соли 2015 муовини якуми вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардида буд. Дорандаи ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи А.Рӯдакӣ, дорандаи ордени “Дӯстӣ”, медали ҷашнии 20-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва лауреати мукофоти байнидавлатии ИДМ “Ситораи Иттиҳод”  мебошад.

Лентаи хабарҳо
0