Мулоқоти вазири фарҳанг Шамсиддин орумбекзода бо сафири Лаҳистон

Сафири Лаҳистон: пешниҳод дорам Рӯзҳои фарҳанги Лаҳистон дар Тоҷикистон баргузор шавад

75
(Таҷдидшуда 20:37 19.02.2019)
Шамсиддин Орумбекзода, вазири фарҳанги Тоҷикистон дар бораи таҳкими робитаҳои фарҳангии Тоҷикистону Лаҳистон изҳори умедворӣ кард

ДУШАНБЕ, 19 фев — Sputnik. Вазири фарҳанги Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода Сафири Лаҳистон Пётр Ивашкевичро мулоқот анҷом дод, иттилоъ додааст дафтари матбуоти вазорат.

Сафири Лаҳистон зимни мулоқот изҳор намудааст, ки дар Тоҷикистон баргузории фестивали филмҳои лаҳистонӣ ба ҳукми анъана даромадааст.

Пётр Ивашкевич пешниҳод намуд, ки соли равон бо мақсади шиносоии беҳтари мардуми Тоҷикистон бо фарҳанги Лаҳистон Рӯзҳои фарҳанги Лаҳистон дар Тоҷикистон гузаронида шавад. Дар барномаи чорабинӣ ташкили консертҳо, намоиши филмҳо ва намоиши расмҳо пешбинӣ шудаанд. 

“Санъаткорони номии лаҳистонӣ рақсу суруди миллӣ ва анъанавии хешро бо сабки муосир манзури тамошобини тоҷик хоҳанд кард”, - таъкид намудааст Пётр Ивашкевич. 

Тарафҳо доир ба ҷузъиёти ҳамоиш гуфтугӯ намуда, таклиф намуданд, ки муносибатҳои ду кишвар дар сатҳи театру муассисаҳои санъату фарҳанг, инчунин омодасозии кадрҳо низ такмил ёбанд. 

75
Барчаспҳо:
рӯзҳои фарҳангӣ, фарҳанг, мулоқот, вазорати фарҳанг, Тоҷикистон