Праздничный таджикский дастархан. Архивное фото

Мукофот 10 ҳазор сомонӣ: Шоҳмансур ва Мурғоб ғолибони озмуни “Дастархонороӣ” гардиданд

128
24-уми феврал дар шаҳри Душанбе даври ҷамъбастии озмуни “Дастархонороӣ” баргузор гардид, ки дар он намояндагони 17 шаҳру ноҳияи кишвар, ки дар давраи дуюми озмун ғолиб гардида буданд, ширкат намуданд

ДУШАНБЕ, 26 янв — Sputnik. Аъзои комиссия баъди анҷоми боздиди дастархонҳо натиҷагирӣ намуда, бо назардошти шартҳои пешниҳодшудаи Низомномаи озмуни “Дастархонороӣ” ғолибонро бо тариқи баҳодиҳии алоҳида барои ҳар як нишондод ва ҷамъбасти холҳо муайян намуданд, иттилоъ додааст дафтари матбуотии Кумитаи дин.

Манбаъ афзудааст, ки 24-уми феврал дар шаҳри Душанбе даври сеюм ва ҷамъбастии озмуни “Дастархонороӣ” баргузор гардид.  Дар даври ниҳоӣ намояндагони 17 шаҳру ноҳияи кишвар, ки дар давраи дуюми озмун ғолиб гардида буданд, ширкат намуданд.

Ҳайати ҳакамон аз дастархонҳои пешниҳоднамудаи иштирокчиён боздид намуда, вобаста ба ҳар як дастархон, интихоби дастархон ва мавҷудияти аломатҳои миллӣ дар он, сарфакорона оростани дастархон, зебо, хушоянд ва дилписанд будани он, истифодаи зарфҳои миллӣ ва интихобу ҷобаҷогузории дурусти онҳо дар дастархон ва амсоли он ба ҳар як дастархон баҳогузорӣ намуданд.

Тибқи хулосаи комиссияи мазкур ноҳияҳои Шоҳмансури шаҳри Душанбе ва Мурғоби ВМКБ  сазовори  ҷойҳои аввал ва мукофоти пулӣ ҳар кадом ба миқдори  даҳ ҳазор сомонӣ гардиданд.

Ноҳияҳои  Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд ва Шаҳринав сазовори ҷойҳои дуюм ва мукофоти пулӣ ҳар кадом ба миқдори панҷ ҳазор сомонӣ, шаҳри Бохтари вилояти Хатлон, ноҳияҳои Варзоб ва Рашт сазовори ҷойҳои сеюм ва мукофоти пулӣ ҳар кадом ба миқдори се ҳазор сомонӣ шуданд.

Ноҳияи Айнӣ барои иштироки фаъолона ба ҷойи ифтихорӣ ва мукофоти пулӣ ба миқдори ду ҳазор сомонӣ ва  иштирокчии ҷавонтарин аз ноҳияи Файзобод Мирзоева Муҳиба барои иштироки фаъолона ба ҷойи ифтихорӣ ва мукофоти пулӣ ба миқдори як ҳазор сомонӣ сазовор дониста шуданд.

Зимнан, озмуни “Дастархонороӣ” аз ҷониби Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Тоҷикистон эълон гардид ва давраҳои якуму дуюми  он дар ҳудуди шаҳру ноҳия ва вилоятҳои кишвар ҷамъбаст гардиданд.

 

128
Барчаспҳо:
ноҳияи Мурғоб, ноҳияи Шоҳмансур, дастархони беҳтарин, Тоҷикистон