Верхнелужицкая научная библиотека в Герлице, Германия

Озмун дар Суғд: беҳтарин китобхона барандаи 12 ҳазор сомонӣ мешавад

105
(Таҷдидшуда 10:42 03.03.2019)
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо қарори навбатӣ байни китобхонаҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят озмуни вилоятии “Китобхонаи намунавии вилояти Суғд дар соли 2019” эълон кард

ДУШАНБЕ, 3 мар — Sputnik. Бахшида ба 28-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон ва “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон гардидани солҳои 2019-2021 соли равон дар байни китобхонаҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят озмуни вилоятии “Китобхонаи намунавии вилояти Суғд дар соли 2019” баргузор хоҳад шуд.

Дар ин бора дафтари матбуоти ҳукумати вилояти Суғд хабар додааст. 

Бино бар иттилои манбаъ, озмуни мазкур бо мақсади дуруст ба роҳ мондани фаъолияти  китобхонаҳои марказӣ ва китобхона-филиалҳо, омӯзиши ҳолати нигаҳдории махзан, истифодаи босамари китобҳо, баланд бардоштани дараҷаи тахассусмандии китобдорон дар раванди фаъолият, беҳдошти маҳорати касбии китобдорону китобшиносон, муайян кардани сатҳи хизматрасонии китобиву иттилоотӣ баргузор мешавад.

Барандаи Шоҳҷоизаи озмуни “Китобхонаи намунавии вилояти Суғд дар соли 2019” бо 12 ҳазор сомонӣ ва соҳибони ҷойҳои якум, дуюм ва сеюми озмун мутаносибан бо 10 ҳазор сомонӣ, 8000 сомонӣ ва 6000 сомонӣ мукофотпулӣ сарфароз гардонида мешаванд.

Манбаъ зикр намудааст, ки бо ибтикори роҳбарияти вилоят озмуни мазкур соли гузашта низ баргузор шуда буд ва дар он китобхонаи марказии шаҳри Исфара, китобхона-филиали №2 деҳаи Ғўлакандози Ҷаббор Расулов, китобхона-филиали №20 деҳаи Қалъачаи Азими ноҳияи Деваштич ва Китобхонаи вилоятии бачагонаи ба номи Аминҷон Шукўҳӣ барандаи озмун шуда буданд.

105
Барчаспҳо:
мукофотпулӣ, озмун, китобхона, Суғд, Тоҷикистон