Премьера цирковой постановки Эмоци и…

Ҷавони тоҷик дар ҷашнвораи “Фили тиллоӣ”-и Испания соҳиби ҷоизаи махсус шуд

65
Қобили зикр аст, ки ӯ ҳамагӣ як сол пеш баъди хатми омӯзишгоҳ дар Сирки давлатии Тоҷикистон ба фаъолият шурӯъ кард, вале дар муддати кӯтоҳ дар ду ҷашнвораи байналмилалӣ ширкат карда, ду ҷоиза ба даст овад

ДУШАНБЕ, 6 мар — Sputnik. Ҳунарманди ҷавони Сирки  тоҷик Муҳаммад Шарифзода дар   Фестивали 8-уми байналмилалии санъати сиркӣ “Фили тиллоӣ” (8th International Circus Festival Gold Elephant in Gironа) иштирок карда,  Ҷоизаи махсуси мунаққидонро   ба даст овард, иттилоъ додааст ожонси “Ховар”.

Ҷашнвораи “Фили тиллоӣ” дар шаҳри Жиронаи Испания баргузор гардидааст.

Ҳунарманди ҷавони Сирки  тоҷик   Муҳаммад Шарифзода  дар ин ҷашнвора соҳиби Ҷоизаи махсуси мунаққидон гардид. 

Қобили зикр аст, ки ӯ    ҳамагӣ як сол пеш  баъди хатми омӯзишгоҳ дар Сирки давлатии Тоҷикистон ба фаъолият шурӯъ кард, вале дар муддати кӯтоҳ дар ду фестивали байналмилалӣ  ширкат карда, ду ҷоиза ба даст овад.

Дар Фестивали байналмилалии “Фили тиллоӣ” дар Испания  Муҳаммад Шарифзода маҳорати худро дар жанри эквилибр нишон дод. Ба ӯ бар замми ҷоизаи номбурда боз ду тӯҳфаи дигар —  Ҷоизаи махсус аз Ҷумҳурии Муғулистон ва Ҷоизаи махсус аз Русия супорида шуданд.

Сиркбози ҷавон мегӯяд, ки соли дуюми таҳсил, вақте интихоби равия ва жанрҳои сиркӣ пеш омад, ӯ маҳз жанри эквилибрро пеша кард.

“Ба ман гуфтанд, ки ин жанр мушкил аст ва  ҳар кас аз уҳдааш намебарояд ва барои ҳамин нафарони кам онро интихоб мекунанд. Дар вақти омӯзиш ва тамрин чандин бор ҷароҳатҳо бардоштаам. Аммо ман аз роҳ нагаштам, чунки ин жанр бароям писанд аст”, — мегӯяд Муҳаммад.

Эквилибр яке аз жанрҳои санъати сирк ва як навъи дорбозӣ буда, дар он ҳунарманд маҳорати худро  дар нигоҳ дошта тавонистани мувозина дар болои  чизи ноустувор (болои тор, курсӣ, тӯб,  сар,  даст ва ғайра) намоиш медиҳад.

Хотиррасон менамоем, ки дар 8-умин ҷашнвора байналмилалии сиркӣ “Фили тиллоӣ” 78 нафар сиркбозон аз 12 давлати дунё, мисли Россия, Чин, Украина, Бразилия, Колумбия, Ҷопон, ИМА, Муғулистон, Чили, Ветнам, Эфиопия ва дигар кишварҳо иштирок намуданд. Ин  яке аз ҷашвораҳои дар ҷаҳон машҳури сирк  буда,  ҳашт сол муқаддам дар шаҳри Фигерес (Каталония) таъсис ёфта буд, вале се соли охир дар шаҳри Жирони Испания доир карда мешавад.

 

65
Барчаспҳо:
ҷашнвора, Сирк, Испания, Тоҷикистон