Министр культуры Шамсуддин Орумбекзода и посол Ирана в РТ Худжатуллох Фагони

Сафири Эрон пеш аз тарки Душанбе бо вазири тоҷик мулоқот кард

1089
Ҳуҷҷатуллоҳ Фағонӣ гуфтааст, ки пас аз тарки Душанбе низ барои таҳкими робитаҳои фарҳангӣ байни ду давлат талош мекунад

ДУШАНБЕ, 6 мар — Sputnik. Вазири фарҳанги Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода бо сафири Эрон дар Тоҷикистон Ҳуҷаттуллоҳ Фағонӣ мулоқот кардааст. Дар ин бора Вазорати фарҳанги Тоҷикистон хабар медиҳад.

"6 марти соли 2019 Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Ҳуҷҷатулло Фағониро ба ҳузур пазируфт" - менависад манбаъ.

Бино бар иттилои вазорати фарҳанг, Фағонӣ, ки ба наздикӣ мӯҳлати сафириаш дар Тоҷикистон ба анҷом мерасидааст ва тарки Душанбе мекардааст, бо вазири тоҷик дар бораи рушди муносибатҳои фарҳангии ду кишвар сӯҳбат кардааст.

Сафири Эрон иброз дошт, ки баъди бозгаштан ба шаҳри Теҳрон низ барои таҳкими робитаҳои фарҳангӣ байни ду давлат кӯшиш ба харҷ медиҳад.

Ҷонибҳо иброз доштанд, ки Тоҷикистону Эрон аз қадим соҳиби забон ва фарҳанги муштарак буданд ва минбаъд низ имкониятҳои ҳамкориҳои муштарак дар соҳаи театру синамо ва табодули таҷриба бисёртар хоҳанд буд.

Мулоқот дар фазои хушу дӯстона сурат гирифт.

1089