Масҷиди марказии Душанбе, акс аз бойгонӣ

Шӯрои уламо дар бораи буридани мӯй, никоҳи пинҳонӣ ва таскини шаҳват бо даст

4700
Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон ба як қатор суолҳои нави корбарони сомонааш посух додааст

ДУШАНБЕ, 7 мар – Sputnik. Дар ҳоле, ки дар Тоҷикистон ҷашнвораи “Чакомаи гесу” таҷлил мегардад, Идрис, як корбари сомонаи Шӯрои уламо аз ин ниҳод дар бораи ҷоиз будани буридани мӯйи сари занон суол кардааст.

Шӯрои уламо посух додааст, ки мўйи сар барои зан зинати Худованд аст, аз ин лиҳоз буридани он ҷоиз нест.

“Вале агар узре ҳамчун беморӣ пеш ояд, ба андозаи зарурат ҷоиз аст”, - тавзеҳ додааст Шӯро.

Ба суол, ки оё писар метавонад, пинҳонӣ аз падару модараш бо духтаре никоҳ кунад, Шӯрои уламо гуфтааст, агарчи тибқи мазҳаби ҳанафӣ бе иҷозати волидайн никоҳ дуруст мешавад, вале иҷозати волидайн барои издивоҷ амри зарурӣ мебошад.

“Таҷриба нишон додааст, ки он ҷавононе, ки бе ризояти волидайн издивоҷ мекунанд, зиндагии бобаракат намебинанд ва оқибат пушаймон мегарданд. Бинобар ин, хидмати волидайнро қадр бояд кард ва дар ҳама корҳои зиндагӣ иҷозат ва дуои неки онҳоро бояд гирифт”, - таъкид намудааст Шӯро.

Ин ниҳод ба Шамсиддин низ, ки худро донишҷӯи муҷаррад муаррифӣ карда, иҷозати таскини шаҳват бо дастро пурсидааст, маслиҳат додааст.

“Ман донишҷӯ ҳастам ва аз сабаби муҷаррад будан худро идора карда наметавонам. Оё дуруст аст, ки шаҳвати худро бо даст таскин диҳам?”, - суол гузоштаст Шамсиддин.

Шӯрои уламо дар посух таъкид кардааст, ки аз нигоҳи дини Ислом, амали истимно, ё худ бо даст таскин додани шаҳват гуноҳ аст.

“Бародари азиз, аз нигоҳи дини Ислом амали истимно - бо даст таскин додани шаҳват гуноҳ маҳсуб мешавад, зеро Расули Худо (с) шахсеро, ки ин амалро анҷом медиҳад, малъун хондааст. Роҳи дурусти паст кардани шаҳват рӯзаи нофила доштан аст”, - фатво додааст Шӯрои уламо бо такя ба “Ал-биноя”, ҷ. 3, саҳифаи 141-ум.

4700
Барчаспҳо:
донишҷӯй, ақди никоҳ, никоҳ, фатво, Шӯрои уламо, Тоҷикистон