встреча министр культуры Таджикистана с Ректором Всероссийского государственного университета кинематографии имени С.А.Герасимова (ВГИК) Владимиром Малышевым

Орумбекзода пешниҳод намудааст, ки кадрҳои ҷавони тоҷик дар ВГИК Русия таҳсил намоянд

239
Вазири фарҳанг ба ҳайати Донишкадаи давлатии умумирусиягии кинематография ба номи С. А. Герасимов пешниҳод намуд, ки кадрҳои ҷавону боистеъдоди Тоҷикистон дар ин муассисаи машҳур таҳсил намоянд

ДУШАНБЕ, 13 мар – Sputnik.  Вазири фарҳанги Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода бо ҳайати Донишкадаи давлатии умумирусиягии кинематография ба номи С. А. Герасимов, ки роҳбариашро ректори донишкада, профессор Владимир Малишев дар уҳда дошт, вохӯрӣ анҷом дод.

Дар ин бора дафтари матбуоти вазорати фарҳанги Тоҷикистон иттилоъ додааст.

Зимни мулоқот тарафҳо доир ба баргузории “Рӯзҳои ДДУК (ВГИК) дар Тоҷикистон” суҳбат намуданд.

Бино бар иттилои манбаъ, “Рӯзҳои ДДУК (ВГИК) дар Тоҷикистон” аз 12 то 15 марти соли равон идома ёфта, дар доираи он баргузории дарсҳои сайқали маҳорат, машғулиятҳои омӯзишӣ, намоиши филмҳо ва намоишномаҳо, барномаҳои консертӣ дар назар аст. 

Дар ҳамин ҳол зимни мулоқот, профессор Владимир Малишев таъкид доштааст, ки барои гузаронидани Рӯзҳо ҳайати 38 нафара аз донишкадаи мазкури Русия ба Тоҷикистон омадаанд.

“30 нафар донишҷӯёни фаъол ба ҳайъат шомиланд, ки филмҳо ва намоишҳои худро манзури ҳамтоёни тоҷикистонии худ мегардонанд. Ин барои ҳам донишҷуёни тоҷик ва ҳам рус имкони хуби табодули таҷриба хоҳад буд”, - қайд намуд Малишев.

Инчунин манбаъ зикр намудааст, ки тарбияи кадрҳои ҷавони тоҷик дар ДДУК ва омодасозӣ ва пешниҳоди довталабони боистеъдод аз Тоҷикистон барои таҳсил дар ин муассисаи машҳури таҳсилоти олӣ, ки маъруфтарин ҳунарпешагони ҷаҳониро ба камол расонидааст, мавзӯи асосии суҳбат буд.

239
Барчаспҳо:
дидор, ҳайат, вохурӣ, мулоқот, Русия, Шасиддин Орумбекзода, фарҳанг, Тоҷикистон