Нахустин консерти Оркестри давлатии симфонии назди дастгоҳи раисиҷумҳури Тоҷикистон

Раҳмон, Убайдуллоев, Зуҳуров ва Озода Раҳмон ба консерти таърихӣ рафтанд - акс

2221
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон 15 март бо мақомдорони дигар ва намояндагони хориҷӣ дар нахустин консерти Оркестри давлатии симфонии назди дастгоҳи раисиҷумҳур иштирок кард

ДУШАНБЕ, 15 мар - Sputnik. Бар асоси гузориши дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар нахустконсерт инчунин Озода Раҳмон, роҳбари дастгоҳи Президент, Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси Маҷлиси Миллӣ, Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагон ва мақомдорону меҳмонони хориҷӣ иштирок доштанд.

  • Нахустин консерти Оркестри давлатии симфонии назди дастгоҳи раисиҷумҳури Тоҷикистон
    Нахустин консерти Оркестри давлатии симфонии назди дастгоҳи раисиҷумҳури Тоҷикистон
    дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон

  • Концерт в театре оперы и балета имени Садриддина Айни
    Концерт в театре оперы и балета имени Садриддина Айни
    © Официальная страница пресс-службы президента РТ в Facebook.

1 / 7

Тибқи иттилои котиботи раисиҷумҳур, муаррифии нахустин консерти Муассисаи давлатии “Оркестри давлатии симфонӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ баргузор гардид.

Муассисаи давлатии “Оркестри давлатии симфонӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президент бо ташаббуси Эмомалӣ Раҳмон моҳи августи соли 2016 таъсис дода шудааст. Дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, ин коргоҳи навтаъсиси санъати мусиқии касбии Тоҷикистон соҳибистиқлол мебошад.

Манбаъ афзуд, ки Оркестри давлатии симфонӣ бо асбобҳои муосири торӣ, нафасӣ ва зарбиву навозандагии хос ба оркестр ва бинои алоҳида таъмин гардид.

“Бино бо тарҳи замонавӣ ва мутобиқ ба фаъолияти эҷодии муассиса таъмир карда шуда, аз ибтидои соли 2018 расман ба фаъолият оғоз кард.Дар айни замон дар ҳайати оркестр зиёда аз 100 нафар мутрибону мутахассисони ҷавони хатмкардаи мактабҳои мусиқии касбии дохил ва хориҷ ҷалб карда шудаанд”, - омадааст дар иттилоия.

Ба иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳур, Эмомалӣ Раҳмон баъди анҷоми барномаи нахустини консертӣ, ба маҳорати ромишгарон баҳои баланд дод ва ҳамзамон барои таъмини фаъолияти беҳтари оркестр, аз ҷумла интихоб ва таълиму тарбияи кадрҳои ҷавону ояндадори соҳа ва саҳмгузорӣ дар тарбияи ҳисси ифтихору сарфарозии насли наврас аз фарҳанги миллии Тоҷикистон дастурҳо додааст.

2221