Таҷлили иди “Наврӯз-2019” дар Тоҷикистон

© © Sputnik / Амир ИсаевПророщенные ростки пшеницы, архивное фото
Пророщенные ростки пшеницы, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Наврӯз – ҳамчун қадимтарин ҷашни то ба имрӯз боқимонда, дар моҳи сентябри соли 2009 ба феҳрасти осори фарҳангии инсонияти ЮНЕСКО шомил гардид ва дар поёни моҳи феврали соли 2010 аз ҷониби Маҷмаи 64-уми Анҷумани кулли СММ 21 март "Рӯзи байналмиллалии Наврӯз" эълом карда шуд

Наврӯз куҳантарин иди мардумии эронитаборон, аз ҷумла тоҷикистониён аст ва ҳазорсолаҳост, ки бо қадами сабзи худ кӯҳнаҳоро нав мекунад ва ба дили миллионҳо нафар рӯҳи тоза мебахшад.

Наврӯз иди эҳёи табиат буда, ҳамчун ҷашни Соли нав низ шинохта мешавад. Наврӯзро дар баробари мардуми Эрону Тоҷикистону Афғонистон ҳамчунин қавму миллатҳои зиёде таҷлил ва арҷгузорӣ мекунанд.

Таърихи ҷашни "Наврӯз"

© Пресс-служба президента ТаджикистанаЦветение вишни в Таджикистане
Таҷлили иди “Наврӯз-2019” дар Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон
Цветение вишни в Таджикистане

Наврӯз – ҷашни қадимӣ ва анъанавӣ буда, ба рӯзи аввали солшумории шамсӣ-1-уми аввали ҳамал ё 21-уми марти солшумории милодӣ рост меояд. Наврӯзро дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон "Иди сари сол" низ меноманд. Тақрибан зиёда аз 3 ҳазор сол қабл Наврӯз марбути кори деҳқонӣ пайдо шуда, минбаъд такмил ёфтааст.

Рамзи ҷашни байналмилалии Наврӯз ва Соли нави миллӣ, ки ба ҷойи арча истифода мешавад - Sputnik Тоҷикистон
Ба ҷои арча истифода баред: Раҳмон ҷойгузини арча дар Соли нави миллиро қабул кард - акс

Таърихи ташаккули Наврӯз бо эҳё гардидани табиат дар баҳорон, ки пас аз зимистон фаро мерасад, вобаста аст.

Вожаи Наврӯз аз форсии миёнаи баргирифта маънои рӯзи навро дорад. Тибқи маълумоти расмӣ Наврӯз ҳоло дар 13 кишвари ҷаҳон ҷашни расмии миллӣ бо рӯзҳои истироҳат ба шумор меравад. Дар Тоҷикистон ҷашни Иди байналмилалии Наврӯз аз 21 то 24 март ҷашн гирифта мешавад.

Бояд қайд кард, ки Наврӯз яке аз қадимтарин идҳои тоҷикон ба шумор меравад. Мутобиқи тақвими аҷдодиамон ва низоми ҳаракати сайёраҳо 21-уми март шабу рӯз баробар шуда, рӯзи аввали баҳор, рӯзи киштукори деҳқон низ ба шумор меравад.

Чунин шуморида мешавад, ки решаи ин ҷашн аз Эрони қадим аст ва бо парастиши Офтоб ва исми пайёмбари саршинос Зардушт бастагӣ дорад.

© Фото : Аз саҳифаи "Билисак"Наврӯз дар Хоруғ
Таҷлили иди “Наврӯз-2019” дар Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон
Наврӯз дар Хоруғ

Миёни мардуми Тоҷикистон ақоиде вуҷуд доранд, ки дар ин рӯз чанд ҳодиса ба вуқӯъ пайвастааст: Зардушт худо интихоб шуд то ба мардум хушбахтӣ биоварад, шоҳи қадимӣ Таҳмураз девҳои хашмгин ва одамони бераҳмро ба зиндон фиристод, "Гуштосп, малика Каётун ва Ҷомосп мазҳаби Маздоёнсоро", яъне зардуштиро пазируфтанд.

Ид дар Тути калон: дар Хуҷанд Наврӯз даҳ рӯз таҷлил мешавад

Пайдо шудани ҷашни Наврӯзро ҳамчунин ба шоҳи тахаюллии Ҷамшед рабт медиҳанд, ки гӯиё дар ин рӯ ба вай нури офтоб расидааст.

Вале қадимтарин манбаъе, ки дар он аз ҷашни Наврӯз зикр мешавад китоби муқаддаси зардуштиҳо "Авасто" мебошад. Тибқи таълимоти "Авасто" мардум муваззафанд ҳар баҳор пайдоиши ҳаёт дар заминро, ки дар "шаш намуд" (фазо, об, замин, растанӣ, ҳайвонот ва инсон) шакл гирифтааст, таҷлил кунанд.

Пайдоиши Наврӯз мувофиқи маълумоти Абурайҳони Берунӣ

© Пресс-служба Президента Республики ТаджикистанУтвержденный символ Навруза в 2019 году в Таджикистане
Таҷлили иди “Наврӯз-2019” дар Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон
Утвержденный символ Навруза в 2019 году в Таджикистане

Бояд гуфт ки манша ва замони пайдоиши Наврӯз, ба дурустӣ маълум нест. Аммо ин ҷашн таърихи зиёда аз сеҳазорсола дорад ва куҳантарин оини миллӣ дар ҷаҳон ба шумор меравад.

Абурайҳони Берунӣ донишманд ва олими қарни даҳум дар китоби машҳури худ “Осор-ул-боқия” аз забони Алӣ бинни Яҳё навиштааст, ки “Рӯзи Наврӯз ягона рӯзест, ки тағйирнопазир аст” ва дар китобаш “Ал-тафҳим” менигорад ки “нахустин рӯз аст аз Фарвардинмоҳ ва аз ин ҷиҳат рӯзи нав карданд, зеро ки нишонии соли нав аст”.

Аз таърихи Наврӯз- куҳантарин ҷашни ниёкон

Дар Суғд “Пойга” ва “Бузкашӣ”-и наврӯзӣ баргузор мешавад

Берунӣ дар китоби “Ал-тафҳим” овардааст, ки “чун Ҷамшед ба подшоҳӣ расид, динҳо аз нав кард ва ин кори хеле бузург ба назар омад ва он рӯзро, ки рӯзи тоза буд, Чамшед ид гирифтӣ, агарчи пеш аз он ҳам Наврӯз бузургу муаззам буд”.

Ҳамчунин дар ҷои дигари ин китоб чунин овардааст: “Аз расмҳои подшоҳон Наврӯз чист? Нахустин рӯз аст аз Фарвардинмоҳ ва аз ин ҷиҳат рӯзи нав ном карданд, зеро ки пешонии соли нав аст”. 

Бояд зикр намуд, ки мувофиқи маълумоти хондашуда аз осори Абурайхон Берунӣ чунин хулосабарорӣ кардан мумкин аст, ки – ин донишманд, ба таври густурдае дар бораи ҷашн гирифтани Наврӯз сухан мегӯяд ва дар таҳқиқоти хеш барои шинохти рамзу рози оинҳо ва маросимҳои гуногун, на танҳо ганҷинаҳои куҳанро мекобад ва дарҳои онҳоро ба рӯи хонандагони асари гаронбаҳояш мекушояд, балки аз амалнамоӣ аз суннатҳои дерина дар рӯзгори худ низ, хабар медиҳад ва ошкоро мегӯяд, ки мардумони давронаш бо покиза гардонию навсозии ҳамаи афзорҳо ва дастмояҳои зиндагӣ ва оростану пиростани хонаву кошона аз Наврӯз истиқбол менамуданд.

Тоҷикистон дар Наврӯз намоишгоҳи байналмилалӣ баргузор мекунад

“Наврӯзнома”-и Умари Хайём

© © Sputnik / Амир ИсаевСуманак, архивное фото
Таҷлили иди “Наврӯз-2019” дар Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон
Суманак, архивное фото

Дар рисолаи нисбат дода ба Умари Хайём – “Наврӯзнома” низ ба ҳамин нигариши равшангарона ба Наврӯзи замони қадим ва хусусиятҳои оинҳои он рӯ ба рӯ мешавем ва ба бахши дигаре аз рамзу розҳои он пай мебарем.

Аммо сабаби ниҳодани Наврӯз он будааст, ки чун бидонистанд, ки Офтобро ду давр бувад. Яке он ки ҳар сесаду шасту панҷ рӯзу рубъе аз шабонарӯз ба аввали дақиқаи ҳамал боз ояд ба ҳамон вақту рӯз, ки рафта буд, бад-ин дақиқа натавонад омадан. Чи ҳар сол аз муддат ҳаме кам шавад. Ва чун Ҷамшед он рӯзро дарёфт “Наврӯз” ном ниҳод ва ҷашн ойин овард. Ва пас аз он подшоҳон ва дигар мардумон бад-ӯ иқтидо карданд.

Бояд гуфт ки дар баъзе аз матнҳои куҳан аз ҷумла “Шоҳнома”-и Ҳаким Фирдавсии Тусӣ, Таърихи Табарӣ, “Ал-тафҳим” ва ғайраҳо шоҳ Ҷамшед ё ин Каюмарс ба унвони поягузори Наврӯз муаррифӣ шудаанд.

Чаро Наврӯзро 21 март таҷлил мешавад

© Посольство Таджикистана в РоссииПразднование Навруза в Москве на ВДНХ
Таҷлили иди “Наврӯз-2019” дар Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон
Празднование Навруза в Москве на ВДНХ

Таҷлил аз Наврӯз дар рӯзи баробаршавии шабу рӯз ба пайдоиши солшумории хуршедӣ, ки дар Тоҷикистон ва умуман миёни халқҳои Осиёи Миёна ва Эрон ҳафт ҳазор сол пеш қабл аз ҳузури ислом арзи ҳастӣ карда буд, бастагӣ дорад.

Тибқи он соли ҷадид баҳорон 20 ва 21 март дар рӯзи баробаршавии шабу рӯз оғоз мешавад, ки дар ин рӯзҳо баҳори воқеъи ҳукмрон мешавад. Мавсими ҷадиди кишоварзӣ, замони интизориҳо ва умедвориҳои деҳқон оғоз мешавад.

Раисиҷумҳур халтачаҳо барои туҳфа ва ангораи Наврӯз - 2019-ро тасдиқ кард - аксҳо

Дар замонҳои қадим фарорасии Наврӯзро нуҷумшиносон дақиқ мекарданд. Ҳоло ин амр ба кайҳоншиносон вогузор шудааст, ки фарорасии Наврӯзро бо дақиқият аниқ мушшахас мекунанд.

Наврӯзро чанд рӯз ҷашн мегиранд

© Пресс-служба президента Республики ТаджикистанСалют в Душанбе на празднике Навруз
Таҷлили иди “Наврӯз-2019” дар Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон
Салют в Душанбе на празднике Навруз

Дар замонҳои қадим аз Наврӯз 13 рӯз ҷашн мегирифтанд. Дар анҷоми таҷлил мардум ба саҳро баромада аз Соли ҷадид истиқбол мекарданд. Ин як рамзест. Мардум бар ин назар буданд, ки нафари ба саҳро баромада ва аз табиат роҳат медидаро дар тӯли сол хушбахтӣ ва фаровонӣ интизор аст.

Ин расм дар Эрон ҳифз шудааст, ки аз Наврӯз маъмулан 13 рӯз таҷлил мешавад.

Панҷ рӯзи аввал ба истиқболи Наврӯз ва дидорбинӣ аз пайвандон ва дӯстон ихтисос шудааст. Рӯзи нӯҳум ҳамчун Наврӯзи Шаҳриёрон ва рӯзи сенздаҳум ҳамчун Сенздаҳбадар машҳур аст.

Празднование Навруза в Москве на ВДНХ - Sputnik Тоҷикистон
Ид дар Тути калон: дар Хуҷанд Наврӯз даҳ рӯз таҷлил мешавад

Бори аввал дар Тоҷикистон ҷашнвораи "Наврӯз-меъроси фарҳангии сайёҳӣ" баргузор мешавад

Баргузории ҷашни Наврӯз дар замони Сосониён шаш рӯз тӯл мекашид. Ва ба ду давра тақсим мешуд. Наврӯзи кӯчак ё Наврӯзи омма, ки панҷ рӯз буд ва аз якӯм то панҷӯми моҳи фарвардин гиромӣ дошт мешуд ва рӯзи шашуми Фарвардин (Хурдодрӯз), ҷашни Наврӯзи бузург ё Наврӯзи хосса барпо мегашт.

Дар ин маврид Хоҷа Ҳофиз дар ишораи сарбастае, ба таъбири худаш “дар парда” вобаста ба ин расм мегӯяд:

    Сухан дар парда мегӯям, чу гул аз ғунча берун ой,

    Ки беш аз панҷ рӯзе нест ҳукми мири наврӯзӣ.

                                                         Ҳофизи Шерозӣ

Наврӯз – ҷашни байналмилалӣ

© Sputnik / Амир ИсаевПразднование Навруза в Душанбе, архивное фото
Таҷлили иди “Наврӯз-2019” дар Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон
Празднование Навруза в Душанбе, архивное фото

Утвержденный символ Навруза в 2019 году в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон
Раисиҷумҳур халтачаҳо барои туҳфа ва ангораи Наврӯз - 2019-ро тасдиқ кард - аксҳо
Наврӯз бо қарори Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид аз соли 2010 ин ҷониб ба як иди ҷаҳонӣ табдил ёфтааст, ки дар ин иқдои саҳми Тоҷикистон зиёд аст. Тоҷикистон шояд тамоми ҳақро дорад, ки соли Нави худро аз Наврӯз сар кунад. Наврӯз ба унвони иди баҳор ва эҳёи табиат дар кулли кишварҳои Осиёи Марказӣ ҷашн гирифта мешавад.

Ҳар иде аз ҷумла иди Наврӯз дар Тоҷикистон бо рӯҳи сиёсӣ доир карда мешавад. Наврӯз дар Тоҷикистон ба таври расмӣ ҳар сол 21 март ҷашн гирифта мешавад. Аммо бархе аз муҳaқиқони ойинҳои Наврӯзӣ бар ин назаранд, ки мақомоти кишварҳои туркзабони Осиёи Марказӣ Наврӯзро танҳо ба хотири таъмини бақои таърихии мардуми худ ҷашн мегиранд.

Бо таваҷҷӯҳ ба ин ки мардумони Осиёи Марказӣ равобити хуби таърихӣ доштанд ҷашни Наврӯз дар миёни кишварҳои туркзабони минтақаи Осиёи Миёна, ба вижа Узбакҳо, Қирғизҳо, Қазоқҳo ва Туркменҳо низ дар натиҷаи равобити фарҳангӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва мавқеъи ҷуғрофӣ густариш ёфтаааст. 

Тоҷикистон дар Наврӯз намоишгоҳи байналмилалӣ баргузор мекунад 

Ҳоло, ки дар шаҳрҳои марказӣ Самарқанд, Бухоро, Насаф, Термeз, Деҳнав, ки мардуми Тоҷик аз қадимулайём сукунат доранд ва мардуми таҳҷоии ин манотиқ тоҷик ҳастанд, суннат ва анъаноти Наврӯз ҳифз шуда ва мардуми узбак низ бо чунин расм аз Наврӯз таҷлил ба амал меоранд.

Дар манотиқи мухталифи Узбакистон ғазои наврӯзӣ суманак омода карда мешавад, ки мардуми ин кишвар сумалак мегӯянд.

© Пресс-служба президента ТаджикистанаВ Таджикистане отметили Навруз
Таҷлили иди “Наврӯз-2019” дар Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон
В Таджикистане отметили Навруз

Одатан дар ин меросими халқӣ ҳамчун бузкашӣ, буҷулбозӣ, пойга, гуштингирии паҳлавонҳо, тухмзанак, арғамчинбозӣ мекунанд. Аҳамияти калон барои ороиши дастархони идона ҳатман хӯрокворӣ гузашта мешавад. Таъомҳое, ки номашон бо ҳарфҳои “С” ва “Ш” сар мешаванд гузошта мешуд.

“Ҳафт Син”, “Ҳафт Шин” ва “Суманак” ҳамчун рамзҳои Наврӯз

Суманак ҳамчун рамзи наврӯзӣ навъе аз хуриши ин ид аст, ки аз сабзаи гандум пухта мешавад ва махсусан дар Тоҷикистон Наврӯз бе суманак ҷаҳшн гирифта намешавад. Худи сабза рамзи эҳёи табиат ва зебогию осоиштагии ҳаёт ба шумор меравад.

Эмомали Рахмон обратился к гражданам Таджикистана с новогодним обращением - Sputnik Тоҷикистон
Баҳор ва суманак: Эмомалӣ Раҳмон рамзи Ҷашни байналмилалии Наврӯзро тасдиқ кард

Тарзи тайёр кардани Суманак дар Тоҷикистон

Тарзи таҳияи сабза ва пухтани суманак дар Тоҷикистон байни мардум чунин аст. Гандумро се рӯз дар оби ҷуй ё оби борон тар карда мемоннд. Баъде ки гандум неш мебаровард, онро гирифта дар табақе ҳамвор мегузоштанд ва руяшро бо докаи тоза мепӯшонданд. Рузе, ки борон меборид ба берун мебароварданд ва пас аз борон оби зиёдатиашро полонида, боз бурда ба хонае, ки даромадани каси бегона ба он ҷо манъ буд, мегузоранд.

Навори Наврӯз дар Арбат: қисме аз Тоҷикистон дар Русия

Вақте ки гандум сабз мешавад, намегузоштанд, ки касе онро бинад, то ин ки ба он  “пай”  наафтад. Ё худ дар вақти пухтан кӯшиш мекарданд, ки ягон каси нопок ба болои дег наояд, зеро пай меғалтид ва суманак дар дег парак-парак садо мебаровард ва аз дег заррахои суманак берун мепарид, ки рафта рафта маҳсули дег кам мешуд. Одамон дар ин гуна ҳолат мегуфтанд, ки суманак дар дег намеистад, пай ғалтидааст, чашми кадом нопок расидааст.

Ақидаи дигаре ҳам буд, ки ҳар касе аз дӯстон ё ҳамсоягон агар дар вақти пухтан ба назди суманакпазон ояд, бояд то пухтани суманак, яъне то ба саҳар ҳамрохи онҳо бошад. Ба омадану рафтан иҷозат набуд.

Тоҷикони Афғонистон Наврӯзро дар Бадахшон таҷлил карданд

Ҳамчунин одамони азодор набояд гандум сабзонанд. Гуфта мешуд, ки агар шахси азодор ё мотамдор гандум сабзонад, решаҳои сабза мисли хун сурх мешудааст, ки онро “сабза вайрон шуд”, гуфта, мепартофтаанд.

Рузи муайяни суманакпазй 3-4 нафар занҳои ҳамсоя бо машварат дар хонаи яке аз ҳамсоягон ҷамъ мешуданд. Маьмулан онхо бегоҳӣ ҷамъ мешуданд ва суфраеро боз карда, сабзаҳоро мегузоштанд, онхоро зиёрат мекарданд, сипас ояте аз “Қуръони Карим” тиловат карда, дар хаққи “Пири Пухтагар”дуо мехонданд ва сабзаҳоро мебуриданд. Дар бегоҳирузӣ сабзаҳои порашударо ба дег меандохтанд, онро аз  чашми каси бегона пинҳон мекарданд, то ки пай наафтад.

Эмомалӣ Раҳмон ҳамроҳи сокинони пойтахт Наврӯзро таҷлил кард

Мэр города Душанбе Рустам Эмомали - Sputnik Тоҷикистон
Қарорҳои Рустами Эмомалӣ дар бораи Фестивали “Наврӯз” ва ярмаркаҳо

Баъд занҳо ба таги дег оташ меафрӯхтанд, бо навбат дегро бо кафча ё кафгир мекофтанд. Дар дег ҳафт адад сангча меандохтанд, ки рамзи бобаракат шуданро ифода мекард. Барои он ки хобашон набарад, суманакпазон  дар назди алав нишаста, афсонагуӣ, чистонёбӣ ва сурудхонӣ мекарданд.

Ҳангоми кофтани дег таронаи “Суманак” суруда мешавад, ки он чунин аст:

Суманак дар ҷӯш мо кафча занем,

Дигарон дар хоб, мо дафча занем.

Суманак бӯи баҳор аст,

Суманак авҷу барор аст,

Мелаи шабзиндадор аст,

Иди Наврузӣ муборак!

Суманак дар ҷӯш мо кафча занем,

Дигарон дар хоб, мо дафча занем.

Суманак ширинии ёр аст,

Суманак аҷаб нигор аст,

Суманак зеби баҳор аст,

Иди Наврузӣ муборак!

Суманак дар ҷӯш мо кафча занем,

Дигарон дар хоб, мо дафча занем.

Субҳ, вақте ки суманак тайёр мешуд, мардумро даъват мекарданд, рақсу бозӣ мекарданд.

Занҳову духтарон ҳам сурудхонӣ, рақсу бозиҳо ва ҳазлу хандаҳо мекарданд. Ақидае буд, ки агар соли навро бо ханда ва  хурсандию шодмонӣ пешвоз гирӣ, хамон сол пурра ба хуррамию шодӣ  зиндагӣ хоҳӣ кард.

© Фото : Аз саҳифаи Нилуфар АсламшоеваНаврӯз дар Хоруғ
Таҷлили иди “Наврӯз-2019” дар Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон
Наврӯз дар Хоруғ

Истироҳати шашрӯза ва қарори Рустами Эмомалӣ дар бораи “Наврӯз – 2019”

Ҳамчун қоида дар иди Наврӯз ду намуди дастархон оро дода мешавад: Ин “Ҳафт Син” ва “Ҳафт Шин” мебошад. Дар алифбои форсӣ “Син” ва “Шин” ҳарфҳои “С” ва “Ш” мебошад.

Кохи Борбад, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Тоҷикистон дар Наврӯз намоишгоҳи байналмилалӣ баргузор мекунад

Бояд қайд кард, ки дар дини зардуштӣ ва исломӣ рақами 7-ро ҳамчун рақами муқаддас мешуморанд. “Ҳафт Син”-ро арабҳо ба ҷои “Ҳафт Шин” ворид карданд чунки дар ислом нӯшидани шароб манъ аст, ва тоислом яке аз нушиданиҳои “Ҳафт Шин” ин шароб буд. Аммо “Ҳафт Шин”-ро аз байн бурда натавонистанд.

“Ҳафт Син”и Наврӯз

Яке аз анъанаҳои Наврӯзи ин “Ҳафт Син” мебошад. “Ҳафт Син” ин ҳафт номгӯи чизҳоест, ки аввали саршавии онҳо бо ҳарфи – С (Син) сар мешаванд. Ба инҳо дохил мешаванд:

1. Сир

2. Себ

3. Сабзӣ

4. Санҷид

5. Сирко

6. Суманак

7. Сипанд

Ба ғайр аз инҳо дар дастархон махсусан дар Тоҷикистон аксар вақт китоби муқаддаси Қуръон ва ё Шоҳнома дида мешавад.

Гашту гузор, рақсу суруд ва аспдавонӣ: оғози таҷлили Наврӯз дар Тоҷикистон

Концерт, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Сарам дар осмон: намоҳанги нахустини Қадами Қурбон то Наврӯз пешниҳод мешавад - видео

Умуман инҳо аз урфу одати ҳар миллат вобаста мебошад. Ҳар як давлат урфу одати худро дорад. Бинобар ин ба ҷои “Ҳафт Син” номбаршуда дигар чизҳоро низ дар дастархон дидан мумкин.

“Ҳафт Шин”-и Наврӯз

“Ҳафт Шин” — Ба ғайр аз “Ҳафт Син” дар рӯи дастархони Наврӯзӣ “Ҳафт Шин”  мемонанд.

“Ҳафт Шин” – ин он номгӯи чизҳои рӯи дастархониест, ки аввали саршавии ҳарфи онҳо бо “Ш” (Шин) оғоз меёбанд. Ба онҳо дохил мешаванд:

1. Шакар

2. Шона

3. Шамъ

4. Ширини

5. Шарбат

6. Ширбиринч

7. Шир

Бояд қайд кард, ки орзуву омоли мардум на танҳо шифоҳатан бо хондани суруду таронаҳо ва рубоиҳо, балки тавассути иҷрои амалҳои суннатӣ, расму ойинҳо ва инчунин дар сурати ашё, ҷонварон, меваю ғизоҳо, рангҳо, аносири табиат ва амсоли инҳо дар шакли рамз ё самбулҳо низ баён мегарданд. Ҳар як ҷашну маросими мардуми Тоҷикистон моломоли рамзу маъниҳои нуҳуфта, розҳои таърихию асотирии бостонӣ ва мазмунҳои печидаи ҳаётӣ мебошанд.

Эмомалӣ Раҳмон бо мардуми Панҷиканд Наврӯз таҷлил кард

Бояд қайд кард, ки рамз як навъ баёни иҷтимоӣ мебошад, ки дар шаклҳои лафзӣ, хаттӣ, тасвирӣ, иҷроӣ ва моддӣ унсурҳои асотирию мазҳабӣ, адабӣ ва иҷтимоию фарҳангиро дар бар гирифта, аз як фард ба фарди дигар ва аз як насл ба насли баъдӣ интиқол ёфтаанд.

© Sputnik / Ратушенко / Гузариш ба медиабонкУчастницы праздника навруз раздают суманак - традиционное блюдо из ростков пшеницы.Архивное фото
Таҷлили иди “Наврӯз-2019” дар Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон
Участницы праздника навруз раздают суманак - традиционное блюдо из ростков пшеницы.Архивное фото

Мардуми тоҷик дар гузашта ранги сафедро ҳамчун рамзи покиву беолоишӣ, сулҳу осоиштагӣ, осмони соф ва кӯшоиши кор шумурда, дар интихоби ғизову ашё ва либосу ороиши хона ба он афзалият медоданд. Ниёгони тоҷикон кӯшиш менамуданд, ки ҳар чӣ бештар ин ранг дар айёми Наврӯз ба назарҳо расад.

Празднование Навруза в Наврузгохе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Озмун: интихоби сенария барои ҷашнҳои “Рӯзи модар”, “Наврӯз-2019” ва “Сайри лола” дар Суғд

Масалан, ҳангоми таҳвили сол либосҳои сафед ба бар мекарданд. Дар руйи суфраи наврӯзӣ шакар, шир ва хӯрокҳои аз ширу биринҷ таҳияшуда мегузоштанд. Аз гӯшти ҷонварон, асосан, мурғ ва моҳиро рӯи дастархон мениҳоданд, ки сафедранг ҳастанд. Дар ин суфраи идона инчунин себу сир ва санҷид ҳам ҷойгир мешуданд, ки дарунашон сафед мебошад.

Озмун: интихоби сенария барои ҷашнҳои “Рӯзи модар”, “Наврӯз-2019” ва “Сайри лола” дар Суғд

Расми сафедгузинӣ ва рамзофарӣ дар замонҳои хеле қадим низ маъмул будааст. Бино ба маълумоти Мусо ибни Исо Ал-Хисравӣ, шоҳони сосонӣ пагоҳии рӯзи Наврӯз бози сафедеро парвоз медоданд ва субҳи Наврӯзро бо ошомидани шири навҷӯшида ва ё хӯрдани порае панири тоза оғоз мекарданд. Ва дар ин рӯзи Наврӯз ба шоҳ дар обгинаи нуқрагин об мебурданд.

Чун Наврӯз пешонаи фасли баҳор аст, мардуми кӯҳистон асосан дар айёми Наврӯз шурӯь ба корҳои кишоварзӣ ва зироаткорӣ мекарданд. Рамзи баракату фаровонӣ дар шаклҳои мухталиф дар фарҳанги мардуми Тоҷикистон мунъакис гаштааст. Занҳои тоҷик ҳангоми пухтани ғизои наврӯзӣ — сангчаҳоро ба дег меандозанд, ки рамзи фаровонӣ ва файзу баракат ба шумор меравад. Дар бисёр ҷойҳо ба деги суманак ба ҷои сангчаҳо 7 дона чормағз меандохтаанд.

© Пресс-служба президента Республики ТаджикистанПразднование Навруза в Таджикиктане, архивное фото
Таҷлили иди “Наврӯз-2019” дар Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон
Празднование Навруза в Таджикиктане, архивное фото

Хӯрокҳои анъанавии наврӯзии тоҷикон аслан ғизоҳоянд, ки аз анвои ғалладона пухта мешаванд. Чунончӣ, дар ноҳияи Ҳисор аз гандуми кӯфта, нахуд, лӯбиё ва баъзе гиёҳҳои хуштаъм ба монанди райҳон, пудина, шулха, ҷаъфарӣ, пиёз ва ғайра гандумкӯча мепазанд, ки онро дар дигар минтакахо далда (Кӯлоб), кашк (Яғноб), бон (Бадахшон) гуча (дар Панҷакент) ва ғайра меноманд. Хӯроки мазкур, ки аз хубубиёт ва гиёҳҳо таҳия мегардад, рамзи фаровонии ҳосили кишоварзи соли нав ва инчунин ғизои солимро ифода мекунад.

Ба ҷои арча истифода баред: Раҳмон ҷойгузини арча дар Соли нави миллиро қабул кард - акс

Рӯзи Наврӯз дар бисёр манотиқи Тоҷикистон дегҳоро пур карда, оши палав ва гандумкӯча мепухтанду мепазанд ва бо ин амал онҳо орзу мекарданд, ки тамоми сол серию пурӣ ва пурфайзу баракат бошад.

Наврӯз-2019 дар Тоҷикистон

© © Sputnik / Амир ИсаевПразднование Навруза в городе Гиссар, архивное фото
Таҷлили иди “Наврӯз-2019” дар Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон
Празднование Навруза в городе Гиссар, архивное фото

Бояд қайд кард, ки бо фарорасии Наврӯзи имсол раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон барои соли 2019 ангораи Ҷашни байналмилалии Наврӯзро тасдиқ намуданд.

Пророщенные ростки пшеницы, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Истироҳати шашрӯза ва қарори Рустами Эмомалӣ дар бораи “Наврӯз – 2019”

Ангораи мазкур намуди доирашакл дошта, дар мобайни он кураи замин, аз ду тарафи он Парчами миллӣ ва пайки баҳор – суманак, парасту, накшу нигори гулдӯзӣ ҳамчун рамзи ҳунарҳои мардумӣ ва рангинкамон бо навиштаҷоти “Наврӯз – 2019” бо забони тоҷикӣ инъикос ёфтааст.

Дар Тотористон барои таҷлили Наврӯз деҳкадаи наврӯзӣ ташкил карданд

Вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, воситаҳои ахбори омма метавонанд аз ангораи Ҷашни байналмилалии “Наврӯз – 2019” васеъ истифода намоянд.

Дар Тоҷикистон, ки порае аз зодбуми Наврӯз аст, ин ид дар ҳама шаҳру деҳот ва дар ҳар хонавода бо дилбастагии хоссае таҷлил мешавад.

Тоҷикистон Наврӯзро бо як шаҳомати хосса ҷашн мегирад. Мардуми Тоҷикистон дар иди Наврӯз ба кори баҳории шуруъ мекунанд. Наврӯз дар Тоҷикистон ҳамчун иди баҳор шинохта мешавад. Иди Наврӯз дар Тоҷикистон аз қадим боқӣ мондааст. Тоҷикистон Нарӯзро чор рӯз расман ҷашн мегирад. Дар саросари Тоҷикистон Тоҷикистон иди Наврӯз мардумро бо ҳам меорад. Аз соли 2010 ин ҷониб дар Тоҷикистон Наврӯзро ба таври расми бо тантана дар шаҳрҳои гуногуни кишвар ҷашн мегиранд.

Бори аввал дар Тоҷикистон ҷашнвораи "Наврӯз-мероси фарҳангии сайёҳӣ" баргузор шуд

Президент Татарстана Рустам Минниханов - Sputnik Тоҷикистон
Сафари президенти Тотористон ба Тоҷикистон дар арафаи Наврӯз - 2019

Нарӯз ин зиндашавии табиат мебошад. Тоҷикистон барои байналмилалӣ гардидани ҷашни Наврӯз кӯшиши бе андоза кардааст. Тоҷикистон метавонад Наврӯзро ҳамчун соли нав ҷашн бигирад. Дар Тоҷикистон дар иди Наврӯз бозиҳои мардона ба монанди гуштингирию бузкаши баргузор мегардад. Тоҷикистон Наврӯзи соли 2019-ро дар Норак ҷашн мегирад. Мардуми Тоҷикистон аз омадани Наврӯз болидарӯҳ мегарданд.

Ҳамчунин бояд қайд кард, ки иди Наврӯзро Ҳукумати Тоҷикистон бо иштироки раисҷумҳур – Эмомалӣ Раҳмон  ҳар сол дар шаҳру навоҳии гуногуни кишвар 21-уми март бо як шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил мекунад. Бо ин тартиб имсол мувофиқи қарори мақомоти кишвар Наврӯзӣ ҷумҳуриявии Тоҷикистон дар шаҳри Норак таҷлил мегардад.  

Sputnik Тоҷикистон фарорасии соли нави хуршедиро ба ҳамаи мардуми шарифи кишвар табрик мегӯяд ва соле хушу пурбаракат ва ҳамроҳ бо иззату саломатро орзу мекунад.

Наврӯзатон пирӯз бод!

Ҳар рӯзатон Наврӯз бод!

Лентаи хабарҳо
0