Дональд Трамп выступает на пресс-конференции после саммита с лидером Северной Кореи Ким Чен Ыном

Табрикоти Доналд Трамп ба муносибати иди Наврӯз

326
Президенти ИМА, Доналд Трамп дар паёми шодбошӣ ба муносибати Соли нави тоҷикӣ-форсӣ бо суханони табрикотӣ, таҷлилкунандагони ин идро табрик гуфт

ДУШАНБЕ, 22 мар — Sputnik. Перезиденти Амрико Доналд Трамп таҷлилкунандагон иди Наврӯзро табрик гуфтааст, иттилоъ додааст агентии “Ховар”.

Манбаъ афзудааст, ки 20 марти соли 2019 Президенти Амрико Доналд Трамп дар  паёми шодбошӣ ба муносибати Соли нави тоҷикӣ-форсӣ бо суханони табрикоти таҷлилкунандагони ин идро муборакбод гуфтааст.

“Ҳамаи таҷлилкунандагони Наврӯз-қадимтарин ҷашн дар рӯи Заминро дар Иёлоти Муттаидаи Амрико ва дар саросари олам самимона табрик менамоям”, — қайд кардааст Трамп.

Наврӯз-рӯзи аввали соли тақвими форсӣ, рӯзи муқаддас барои зардуштиҳо ва баҳиҳо, инчунин ҷашни миллӣ дар Эрон, Тоҷикистон, Афғонистон ва  дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ мебошад.

Онро дар бисёр минтақаҳои Қафқоз, дар Балкан, инчунин дар Осиё Ғарбӣ низ таҷлил мекунанд.

“Наврӯз барои бисёр одамон дар Осиёи Марказӣ ва Ғарбӣ, махсусан дар Эрон беҳтарин фурсат барои шукргузорӣ ва ҷашнгирист, то ки бо ҳам ҷамъ омада, бо ҳисси нави хушбин соли рафтаро гусел ва баҳорро пешвоз гиранд”, — гуфт президент.

Наврӯз моҳи март, дар рӯзи эътидоли баҳоронаи шабу рӯз, ҳангоме, ки офтоб дар хатти экватори Замин қарор мегирад ва шабу рӯз баробар мегарданд, фаро мерасад. Имсол дар Амрико эътидоли баҳоронаи шабу рӯз 20 март  ба амал омад.

Котиби давлатии ИМА Майк Помпео низ онҳоеро, ки Наврӯзро таҷлил менамоянд, бо таманниёти нек шодбош намуд. “Аз номи мардуми Амрико таҷлилкунандагони Наврӯзро дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Эрон ва тамоми ҷаҳон самимона табрик менамоям. Бигзор Соли нав пур аз эҳё, саломатӣ ва шукуфоӣ бошад. Наврӯз муборак!”.

Ёдовар мешавем, ки ҷашни байналмилалии Наврӯзро 16 март дар бинои Сафорати ИМА дар Тоҷикистон низ таҷлил намуданд. Дар ин маросим Сафири Амрико дар Тоҷикистон Ҷон Марк Поммершайм ва ҳамсари ӯ ширкат варзиданд.

326
Барчаспҳо:
табрикот, ҷашн, Наврӯз, Амрико