Кирил Медников дар барномаи Песни дар шабакаи ТНТ

Гуфт бачаи одист аз Душанбе: суҳбати Медников аз авлоду хонадоршавӣ то орзую мушкилот

773
Кирил Медников, овозхони ҷавони тоҷикистонӣ, ки бо суруди муаллифияш дар барномаи “Песни”-и шабакаи телевизионии “ТНТ” доварон ва мухлисонро тасхир намуд, дар бораи ҳаёту эҷодиёташ суҳбат кард

ДУШАНБЕ, 22 мар — Sputnik. Медников бо суруди “Photo of us”-аш ба марҳилаи дигари озмуни “Песни” роҳ ёфт. Ӯ мегӯяд, ба ҷавонҳое, ки монанди худаш одиянд, вале  орзуҳои бузург доранд, бовар дорад.

Медников дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон гуфт, дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст ва аҷдодаш ҳанӯз солҳои 60-уми асри гузашта ба Тоҷикистон аз вилояти Пенза кӯчидаанд. Ӯ тавзеҳ дод, ки кӯч ба Тоҷикистон асосан тасмими бобояш будаст.

“Дар Тоҷикистон бародари бобоям зиндагӣ мекардаст ва баъди нақлҳои зиёд аз ҳавою табиат ва меваҳою ҳаёт дар Тоҷикистон ба бобоям писанд омадаст ва ӯ ҳам тасмими кӯч гирифтааст. Вай солҳои 60-уми асри гузашта бо зану ду фарзандаш ба Душанбе омад. Дар Душанбе модари ман таваллуд шуд ва хонаводаи мо дар ин шаҳр ҷой гирифт”, - изҳор дошт Медников.

Ӯ афзуд, ки дар синни 17-солагӣ, баъди хатми мактаби Вазорати дифои Русия тасмим гирифт, таҳсилашро дар Русия идома диҳад.

Ҳанӯз замони таҳсилаш дар Мактаб ба Маскав ва Санкт Петербург барои иштирок дар олимпиадаҳо аз забони русӣ меомадааст ва баъди хатми мактаб ба бахши буҷавии Донишкадаи металҳои Маскав дохил шудааст.

“Феълан дар магистратура таҳсил мекунам ва барои ҳимояи диплом омодагӣ дорам”, - изҳор дошт Кирил.

Ӯ гуфт, маълумоти касбии мусиқӣ надорад ва гарчанде майл ба санъат ҳанӯз дар солҳои мактабхонӣ дошт, ҷиддӣ ба мусиқӣ ҳеч гоҳ машғул набудааст. Танҳо замоне, ки 10-11 сол доштааст, дар як хор ҳунарнамоӣ мекардааст ва дар чорабиниҳои гуногун дар сафоратҳои Ҳинд, Олмон Русия ва Театри опера ва балет иштирок мекардааст. Аммо 2-3 сол пас, баъди азҳампошии хор, Медников танҳо дар доираи мактабу хонааш сурудхонӣ мекардааст.

Овозхони ҷавони тоҷикистонӣ нақл кард, ки бори нахуст гитараро соли 2010 ба даст гирифт ва нахустин оҳангҳоро тариқи YouTube аз худ кард.

Ӯ дар аввал танҳо бо забони русӣ суруд мехондааст, аммо ҳангоми ҳунарнамоиҳои хор дар намояндагиҳои кишварҳои гуногун сурудхониро ба забонҳои мухталиф оғоз кардааст.

“Вақте калонтар шудам, танҳо бо забони англисӣ суруд мехондам, ин бароям наздиктар аст. Дар кӯдакӣ ҳам асосан мусиқии попи ғарбиро гӯш карда, забонро аз худ кардам. Забони англисӣ байналмилалӣ аст ва ба ҳамин восита мехоҳам маро одамони бештар бифаҳманд”, - тавзеҳ дод Кирил.

Медников дар бораи ҳунарнамоии қаблияш дар озмуни “The Voice of Poland 9”-и телевизиони Полша низ нақл кард, ки  бо суруди “Hold Back the River”-и Ҷеймс Бей баҳои хуби доваронро сазовор гашта буд.

“Барои таҳсил тайи 6 моҳ дар Полша қарор доштам ва тасмим гирифтам, ки дар барномаи “The Voice” иштирок кунам. Дар бахше, ки доварон овозхонро надида баҳогузорӣ  мекунанд, гузаштам, аммо дар бахши сабқатҳо аз озмун ғалтидам”, - изҳор дошт Кирил.

Феълан Медников дар барномаи “Песни” дар шабакаи телевизиони “ТНТ” қувваозмоӣ мекунад.

“Иштирок дар барномаи “Песни”-ро наметавонам бузургтарин дастоварди зиндагиям гӯям, аммо ба ҳар сурат ин як пирӯзӣ аст. Аслан, ҳеч гоҳ ман дар чунин саҳнаҳои бузург ҳунарнамоӣ накардаам. “Песни” бароям аҳамияти бузург дорад. Вақте суруди муаллифиро иҷро мекунӣ, онро тавре анҷом медиҳӣ, ки дилат мехоҳад, ин эҳсоси тамоман дигар, имкони нишон додани худ мебошад”, - гуфт овозхони ҷавони тоҷикистонӣ.

Ӯ мегӯяд, муҳимтарин ва мушкилтарин бахш дар чунин сабқатҳои овозхонӣ интихоби дурусти суруд мебошад, то таассуроти зарурӣ дар доварон ҳосил шавад. Мушкилии дигарро мубориза бо худ гуфт.

“Вақте ба саҳна мебароӣ,  на танҳо ҳамчун санъаткор бояд омодагӣ бинӣ, балки аз нигоҳи равонӣ низ бояд худро омода кунӣ”, - изҳор дошт Кирил.

Дар мавриди овозхонҳое, ки Медников ҳаводорашон ҳасту мехоҳад ба онҳо баробар шавад, ин сарояндаи ҷавони тоҷикистонӣ Эд Ширан, Ҷеймс  Бэй, Ҷастина Тимберлейк ва гуруҳи One Republic-ро ном бурд.

Зимни суҳбат дар бораи нақшаҳо Медников гуфт, мехоҳад оилаи мустаҳкам бунёд кунаду оромона ҳаёти арзандаро пеш барад.

“Агар дар бораи мусиқӣ гӯем, соле пеш ман бо тамоми қалб ба умқи он ворид шудам, феълан мехоҳам аз маҳдудаи чор девор барояму худро дар сатҳи нав бисанҷам. Мехоҳам, ки мардуми бештаре маънии сурудҳои маро дарк кунад”, - хулоса кард Кирил Медников.

773
Театри ноҳияи Ёвон

Театри ноҳияи Ёвон касбӣ мешавад

49
(Таҷдидшуда 13:14 03.07.2020)
Мақомоти иҷроияи Хатлон хабар дод, ки теъдоди театрҳои касбӣ дар вилоят афзоиш ёфта, ба чор адад баробар мешавад

ДУШАНБЕ, 3 июл — Sputnik. Бо дастгирии раиси вилояти Хатлон, Қурбон Ҳакимзода театри халқии ноҳияи Ёвон ба театри касбӣ табдил хоҳад ёфт, хабар дод Носирҷон Маъмурзода, мудири Шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон.

Ба иттилои манбаъ, дар доираи сафари кории худ ба ноҳияи Ёвон раиси вилоят дар Қасри фарҳангии ноҳия композитсияи ҳунармандони театри халқиро бахшида ба 5500-солагии Саразм тамошо карда, бо ҳунармандон мулоқот орост.

Котибот афзуд, ки пешниҳоди ба театри касбӣ табдил ёфтани театри халқӣ пазируфта шуда, Қурбон Ҳакимзода барои дастгирии ҳамаҷиҳатаи фаъолияти он дастур дод.

Феълан дар ин театри халқӣ 15 ҳунарманди ҳирфаии театр фаъолият мекунанд. Раиси вилоят ваъда дод, ки дар нахустин намоиши саҳнавии театри касбӣ иштирок хоҳад кард.

Котиботи ҳукумати Хатлон илова намуд, ки то имрӯз дар ҳудуди вилояти Хатлон се театри ксбӣ фаъолият мекунанд. Дар сурати мақоми театри касбиро гирифтани театри халқии ноҳияи Ёвон, теъдоди театрҳои касбии вилоят ба чор адад мерасад.

49
Барчаспҳо:
касбӣ, театр, Ёвон, Тоҷикистон
Министр культуры Таджикистана Зульфия Давлатзода

Ҳамдардии вазири фарҳанг бо хонаводаи Амонулло Қодиров

723
(Таҷдидшуда 19:02 02.07.2020)
Раҳбарияти Вазорати фарҳанги Тоҷикистон бо аҳли хонаводаи Амонулло Қодиров, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон изҳори ҳамдардӣ кардааст

ДУШАНБЕ, 2 июл — Sputnik. Фарҳангиёни Тоҷикистон ба аҳли хонаводаи Амонулло Қодиров, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон изҳори таслият кард, хабар медиҳад Вазорати фарҳанг.

"Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аҳли фарҳанги кишвар аз даргузашти собиқадори соҳаи театр, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Амон Қодиров андӯҳгин буда, ба наздикону пайвандони марҳум изҳори тасаллият менамоянд", - омадааст дар номаи таслият.

Ёдрас мешавем, ки Амонулло Қодиров, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, рӯзи 28 июн дар шаҳри Душанбе дар синни 75-солагӣ аз олам чашм пӯшид.

Амонулло Қодиров 10 июни соли 1945 дар ноҳияи Шаҳринав ба дунё омада, соли 1965 Омӯзишгоҳи ҷумҳуриявии маданӣ-равшаннамоии ноҳияи Ленин (ҳоло Коллеҷи фарҳанги ноҳияи Рӯдакӣ) ва соли 1971 Институти давлатии санъати театрии ба номи А.Луначарскийи шаҳри Маскавро хатм кардааст.

Ӯ қариб тамоми умр дар театри ҷавонони ба номи Маҳмудҷон Воҳидов ҳунарнамоӣ карда, соли 1982 сазовори унвони Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон ва соли 1994 соҳиби унвони Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон шуд.

Қодиров бо даҳҳо нақшаш дар театр ва синамои тоҷик, бахусус бо нақши Ҳодӣ дар дуэти Шодию Ҳодӣ ҳамроҳ бо Шодӣ Солеҳов дар ёдҳо мемонад.

"Дар ҳаҷв доди ҳунарро медиҳад. Ҳарчанд образҳои лирикӣ, драмавӣ, фоҷиавиро низ бо маҳорати баланд иҷро мекунад, ҳолати рӯҳию дунёи ботинии қаҳрамононашро ҳамаҷониба мекушояд. Тамошогарон ба истеъдодаш дар беш аз шаст спектакли театр, аз қабили «Дон Жуан», «Умри ҷовид», «Латифаҳои деҳот», «Якпула савдо, садпула ғавғо», «Робиаи Балхӣ», «Умед», «Табиби зӯракӣ» баҳои баланд додаанд", - омадааст дар маълумоти Википедия.

Амонулло Қодиров ҳамчунин дар филмҳои «Субҳи Ганг», «Достони Сиёвуш», «Ҳафт арӯси дуздидашуда», «Аспҳо дар моҳтобшаб», «Хоби хирси сафед» ва дар чандин намоишномаи телевизионӣ нақшҳои мондагор офарида, дар дубляжи даҳҳо филм ба забони тоҷикӣ низ иштирок кардааст.

723
Барчаспҳо:
вазир, Вазорати фарҳанги ҶТ, ҳамдардӣ, ҳунарпеша, Тоҷикистон
Учения спасательного отряда в водоеме, архивное фото

Наҷоти се ҷавон аз ғарқшавӣ дар обанбори “Барқи тоҷик”

0
(Таҷдидшуда 16:51 06.07.2020)
Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон аз наҷоти се ҷавон дар обанбори “Барқи тоҷик” ”-и шаҳри Гулистон хабар дод

ДУШАНБЕ, 6 июл — Sputnik. Ба нақл аз дафтари матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон,  рӯзи 5 – уми июли соли равон кормандони бахши наҷоти Раёсат, ки дар обанбори “Баҳри Тоҷик”-и шаҳри Гулистон қисми навбатдорӣ ташкил намудаанд, 3 нафар шаҳрвандонро аз ғарқшавӣ наҷот доданд. Ду нафари онҳо ноболиғи 13-сола буда, яке 21 сол доштааст.

Бино ба гузориши Раёсат ноболиғон сокинони шаҳри Хуҷанд ва ҷавони 21-сола зода ва сокини деҳаи Роғи, ҷамоати Палдораки ноҳияи Масчо будаанд. 

Дар ҳамин ҳол, манбаъ аз ғарқ шудан ва ҳалокат расидани як сокини 22-сола дар дарёи Кофарниҳон хабар дод.

Бино ба иттилои манбаъ, санаи якшанбе, 5-уми июл як зодаи шаҳри Кӯлоб, ки ҳоло муваққатан дар хобгоҳи маҳалли Гипроземи шаҳри Душанбе истиқомат дошт, ҳангоми оббозӣ дар қаламрави деҳаи Қарияи Камари ноҳияи Рӯдакӣ дар Кофарниҳон ғарқ шудааст. 

Амалиёти ҷустуҷӯи ҷасади ғарқшуда то фаро расидани торикӣ идома дошт, вале ҷасад пайдо нашуд. Корҳои ҷустуҷӯву наҷот дар минтақа идома дорад.

Ҳамзамон манбаъ зикр кардааст, ки танҳо зарфи ду рӯзи охир хабари марги 4 нафар дар обҳои кишвар расид, ки ин наметавонад нигаронкунанда набошад.

КҲФ қайд кардааст, ки сабаби аслии ин ҳодисаҳои нохӯш надонистани қоидаҳои шиноварӣ ва бепарвоии волидон аст, ки фарзандони ноболиғи худро тани танҳо ба оббозиву шиноварӣ иҷозат медиҳанд.

0
Барчаспҳо:
наҷот, ғарқшавӣ, ҷавон, Гулистон, обанбор, Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода, Тоҷикистон