Овозхон Қадами Қурбон ҳангоми сабти нахустин клип бо имиҷи нав

Намоҳанги нави Қадами Қурбон дастраси мухлисон гашт - навор

975
Намоҳанги нави Қадами Қурбон дар рӯзҳои охири ҷашни Наврӯз дастраси мухлисон ва ҳаводоронаш гаштааст

ДУШАНБЕ, 25 мар - Sputnik. Намоҳанги нави Қадами Қурбон дастраси мухлисон гаштааст. Сабти ин намоҳанг дар саҳифаи расмии Ҷонибек Мурод дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук пайдо шудааст.

Чанде пеш Ҷонибек Муродов дар саҳифаи расмияш иттилоъ дода буд, ки сабти суруди нави Қадами Қурбон 10 март анҷом шудааст ва рӯзҳои наздик сабти клип, ё худ намоҳанг ба ин суруд оғоз хоҳад шуд. Инак мо намоҳанги ин сурудро метавонем тамошо кунем.

Намоҳанг бо номи "Азизам" ба навор гирифта шудааст. Муаллифи матни ин суруд Илҳоми Ширин буда, оҳангсоз Шароф Шакарӣ мебошад.

975