Ифтитоҳи бинои Қасри фарҳанг дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Раҳмон ба фарҳангиёни Суғд дафу доира ва дутору рубоб тақдим кард

94
(Таҷдидшуда 20:08 31.03.2019)
Дар доираи сафари кории худ ба вилояти Суғд, Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бинои нави Қасри фарҳанг, Мактаби мусиқӣ, Маҳфили ҳунармандӣ барои ҷавонон ва бинои Деҳоти ба номи “Ҳайдар Усмонов”-ро ба баҳрабардорӣ расонид.

ДУШАНБЕ, 31 мар — Sputnik. Раисҷумҳурро аҳли фарҳанги ноҳия бо самимияти хосса ва меҳру муҳаббати беандоза истиқбол гирифтанд, менависад хадамоти матбуотии раисҷумҳур.

Бинои навбунёд аз 2 ошёна ва таҳхона иборат буда, бо шаклу усули муосири меъморӣ бунёд гардидааст. Корҳои сохтмонӣ дар ин иншоот соли 2014 оғоз ёфта, роҳрав ва толори қаср бо истифода аз санъати қадимаи гаҷкорӣ ва оинабандӣ оро ёфтааст.

Қасри фарҳанг дорои толор бо 400 ҷойи нишаст буда, бо муосиртарин шароит барои гузаронидани маҳфилу ҷамъомадҳо, барномаҳои фарҳангӣ ва машқу тамрини дастаҳои ҳунарӣ таъмин мебошад. Ҳамчунин дар дохили Қасри фарҳанг ҳуҷраҳои алоҳидаи либосивазкунию пардозгарӣ барои ҳунармандон ва утоқҳои корӣ барои маъмурият бунёд гардидаанд.

Гуфта мешавад, ки Қасри фарҳанг ҳамчунин дорои китобхонаи замонавӣ буда, китобхонаи электронӣ ба хати баландшиддати Интернет пайваст гардидааст. Дӯстдорони китоб метавонанд дар толорҳои барҳавои хониш аз хазинаи бузурги ин китобхонаи деҳотӣ, ки бештар аз 5 ҳазор адабиёти гуногун дорад, истифода барад.

Ҳамчунин дар дохили бинои мазкур утоқҳои кории идораи Деҳоти ба номи “Ҳайдар Усмонов” ва Толори ақди никоҳ ҷойгир карда шудаанд. Бояд тазаккур дод, ки Деҳоти ба номи “Ҳайдар Усмонов” яке аз калонтарин деҳоти ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба ҳисоб меравад.  Ифтитоҳи бинои мазкур бо дарбаргирии хизматрасонии чанд соҳаи иҷтимоӣ дар як ҷой метавонад бисёр мушкилоти ҳаёти шаҳрвандонро осон кунад.

Атрофи бинои мазкур бо гулу буттаҳои ороишӣ ва дарахтони сояафкан оро ёфта, пурра чароғон карда шудааст.

Пас аз ифтитоҳи бинои Қасри фарҳанг, Мактаби мусиқӣ, маҳфили ҳунармандӣ барои ҷавонон ва бинои Деҳоти ба номи “Ҳайдар Усмонов”, Эмомалӣ Раҳмон дар толори замонавии ин маҷмааи фарҳангию хизматрасонӣ суханронӣ намуда, ифтитоҳи онро ба аҳли деҳот таҳният гуфтааст.

Раисҷумҳур зимни суханронӣ ба сатҳу сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, бунёди иншооти мазкурро намунаи таваҷҷуҳи зиёди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба соҳаи фарҳанг маънидод кардааст.

Сипас аҳли фарҳанги ноҳия барномаи бошукӯҳи консертиро манзури аҳли толор намуда, ҳамчунин миннатдории худро ба Пешвои муаззами миллат барои чунин як ҳадяи арзишманд баён карданд.

Ба фарҳангиёни ин макон аз номи Эмомалӣ Раҳмон асбобҳои гуногуни мусиқӣ, аз қабили дафу доира, дутор, рубоб ва ғайраҳо ба аҳли ҳунари Қасри фарҳанги деҳоти ба номи “Ҳайдар Усмонов”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров тақдим карда шуд.

94