Концерт посвященный алмазному юбилею Ага-Хана IV в ГЦКЗ Россия

Гурӯҳи "Шамс" дар Маскав ҳунарнамоӣ мекунад

187
Гурӯҳи овозадори "Шамс" дар Маскав сурудҳои ҷадид ва дӯстдоштаи пешинро тақдими ҳаводоронаш мекунад.

ДУШАНБЕ, 2 апр - Sputnik. Дар Маскав консерти гурӯҳи номдори "Шамс" баргузор мешавад. Дар ин бора дар гурӯҳи фейсбукии раҳбари ин дастаи ҳунарӣ Нобовар Чиноров хабар дода мешавад.

Гуфта мешавад, ки гурӯҳи  "Шамс" пас аз ҳунарнамоӣ дар Лондон, дар Маскав сурудҳои ҷадид ва дӯстдоштаи пешинро тақдими ҳаводоронаш мекунад. 

Гурӯҳи “Шамс”: Аз кӯдакӣ то шӯҳрати ҷаҳонӣ ва нақшаҳои нав

"Консерт рӯзи 7 апрел дар толори "Вдохновение" баргузор мешавад. Барномаи ҳунарии гурӯҳи "Шамс" соати 18:00 оғоз хоҳад шуд",-омадааст дар эълом.

Ин дар ҳолест, ки яке аз бунёдгузорони ин гурӯҳи номдор ҳунарманд, навозанда-Иқбол Завқибеков, писари марҳум Гурминҷ Завқибеков, соҳиби ҷоизаи мусиқии Оқохон дар бахши нигоҳдорӣ, эҳё ва оммависозии Осорхонаи ба номи Гурминҷ Завқибеков гардид. 

Ҷоизаҳоро дар шаҳри Лисабон Оқохони IV , Марселу Ребелу Ди Соуза, раисиҷумҳури Португалия ва шоҳзода Амин Оқохон ба барандаҳо супориданд.  Мукофотпулии ҷоизаро 500 ҳазор доллари амрикоӣ ташкил медиҳад, ки миёни барандаҳо тақсим мегардад.

Гурӯҳи "Шамс" ҳанӯз даҳсолаҳои пеш ташкил шуд.  Решаи пайдоиши он ба соли 1974 рост меояд, замоне, ки  Далер Назаров, Иқбол Завқибеков ва Тоҳир Паллаев сурудҳои чун "Турки Шерозӣ", "Сузӣ маро" ва ғайраҳоро эҷод ва пешкаши мухлисон карда буданд. 

Асосгузорони асосии гурӯҳ сароянда, компазитор ва ҳунарманди машҳур Далер Назаров ва Иқбол Завқибеков мебошанд. Дар гурӯҳ ҳунармандоне ба ҳам омаданд, ки аз ҷиҳати ҳиссиёти мусиқӣ, андеша ва мақсад ба ҳам наздик буданд.

Соли 1997 ин гурӯҳ аз Алмаато ба Тоҷикистон кӯчид ва дар кишвар зуд шӯҳрат пайдо кард. Сурудҳои аввалинро гурӯҳ солҳои 1997-ум сароида буд. Ин сурудҳое чун  Гули Лола ва Нигоро буданд.

Гурӯҳи "Шамс" бештари матни сурудҳояшро аз ашоъри бузургон- Ҷалолиддини Румӣ, Ҳофиз, Рудакӣ  ва Ҳилолӣ мегирад.

Номи гурӯҳ аз ҷониби маэстро, Далер Назаров гузошта шудааст.

187
Мавзуъ
Гурӯҳи "Шамс" ва Таҳмина Ниёзова дар Маскав ҳунарнамоӣ мекунанд
Гузориши аксӣ аз консерти гурӯҳи "Шамс" ва Салим-Сулаймон дар Маскав
Сурудҳои наву дӯстдоштаҳои пешӣ: табрикоти "Шамс", Ҳакимов, Меҳрнигор ва Дамирбек (ВИДЕО)