Раиси Кумитаи занон ва оилаи Тоҷикистон Идигул Қосимзода

Раиси Кумитаи кор ба занон: "аз баъзе урфу одатҳои куҳнашуда мебояд даст кашид"

259
(Таҷдидшуда 19:42 15.05.2019)
Идигул Қосимзода  зарурати даст кашидан  аз урфу одатҳо, расму ойинҳои костаю шахшуда ва куҳнашудаи гузашта, аз ҷумла дар самти  оиладориро ба маврид меҳисобад  

ДУШАНБЕ, 15 мая — Sputnik. Идигул Қосимзода, раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни суҳбат бо мухбири АМИТ “Ховар”  “иброз намудааст, ки аз баъзе урфу одатҳои куҳнашуда мебояд даст кашид”.

 Ба иттилои манбаъ ҳамасола 15 май дар тамоми ҷаҳон Рӯзи байналмилалии оила, ки соли 1993 бо қарори Ассамблеяи Генералии СММ эълон гардидааст,   таҷлил карда мешавад.

Оила дар фарҳанги мардуми куҳанбунёди тоҷик ҳамчун ниҳоди муқаддас эътироф шудааст, зеро беҳтарин арзишҳои инсонӣ, аз қабили муҳаббату садоқат, самимияту вафодорӣ ва ҳамдигарфаҳмиву таҳаммулгароӣ маҳз дар оила ташаккул меёбанд.  Ҳамин аст, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оиларо узви асосии ҷомеа муайян намуда, дар баробари он дар мамлакат даҳҳо санадҳои меъёрию ҳуқуқии вобаста ба оила фаъолият мекунанд, ки ба рушд ва таҳкими он, пешгирии зӯроварӣ дар оила ва ҳифзи  ҳуқуқҳои аъзои оила равона гардидаанд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рўзҳои нахустини барқарор намудани сохти конститутсионӣ-моҳи ноябри соли 1992 дар баробари иҷрои вазифаҳои душвори рафъ намудани оқибатҳои фоҷиабори муоқвиматҳои шаҳрвандӣ ва бунёду таҳкими пояҳои давлатдорӣ ба таҳким ва танзими оила тадбирҳои судманд андешида, дар феҳристи чунин тадбирҳо бо пешниҳоди Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон консепсияи танзими оила қабул гардид. Ин консепсия барои боз ҳам солим гардонидани ахлоқу маънавиёт ва ҳалли маҷмўи масъалаҳои муҳими зиндагӣ нигаронида шудааст.

Тавре Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Идигул Қосимзода иброз намудааст, моҳияти консепсияи танзими оиларо назарияи муҳими сиёсӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, ахлоқиву маънавӣ ташкил дода, он пеш аз ҳама, ба низом даровардани муҳимтарин рукни ҷомеа-оиларо пешниҳод менамояд, ки ҳолату сифат ва сохти ў ҷомеаву давлатро муайян намуда, аз ҳар шаҳрванд муносибати бошуурона тақозо менамояд.

“Дар ҳифзи соҳибистиқлолии давлат ва ҷомеаи шаҳрвандии муосир оила ҳамчун мактаби аввалини рўзгор нақши назаррас дошта, дар ҳаёти инсонияту ҷамъият саҳми муҳим дорад ва ба одам эҳсосоти пурраи ҳаётӣ мебахшад. Бе он бахту саодати ҳақиқии инсон имконнопазир аст”,-афзуд Идигул Қосимзода.

Мояи ифтихор аст, ки Сарвари давлатамон ба масъалаи барпо намудани оила ва танзим намудани муносибатҳои оиладорӣ пайваста диққати махсус зоҳир намуда, таъкид менамоянд, ки “оила дар ҳама давру замон муқаддас ва рукни ибтидоиву асосии давлат ҳисобида мешавад. Аз ин рӯ, барпо намудани оилаҳои комилу мустаҳкам вазифаи аҳли ҷомеа ва волидайн мебошад”.

Оила падидаи иҷтимоӣ буда, онро ячейкаи пешбарандаи ҷомеа ном мебаранд. Он падидаест, ки ҷомеа ва давлат аз он ғизои маънавӣ мегиранд, падидаест, ки ин ду сохтори муҳимро муаррифӣ менамояд, паноҳгоҳест, ки аз даст задан ба ҳар гуна ҷиноят ва корҳои ношоям ҳар як аъзояшро эмин нигоҳ медорад. Пас, оила бояд чӣ гуна бошад? Суолест, ки атрофи он баҳсҳои доманадору сару садоҳо зиёданд.

Ба андешаи Идигул Қосимзода, солимии ҷомеаро ба солимии оила ва насли солим вобаста медонанд, ки ин барҳақ дуруст аст. Ҷомеа аз оилае, ки намуна аст, оилае, ки дар маҳал обрӯю эҳтиром дорад, оилае, ки фарзандони тарбиядида ва солим дорад, оилае, ки баробарҳуқуқии аъзои хешро мувофиқи қонунҳои амалкунандаи зиндагӣ эътироф кардааст, сарчашма мегирад.

“Мутаассифона, кам андар кам чунин оилаҳо ба назар мерасанд, ки ба талботи меъёрҳои оила ва оиладорӣ ҷавобгӯ бошанд. Мисоли инро дар масъалаҳои мубраме, ки имрӯзҳо аҳли ҷомеа ва махсусан мутахассисони соҳаи дахлдорро ба ташвиш овардааст ва аз он бонги изтироб мезананд, мебинем. Ин пошхӯрии оилаҳост, ки бо омилҳои гуногуни ҳаётӣ аъзои он пароканда мешаванд ва нисбат ба ҳамдигар ҳисси бадбинӣ, нафрату надоматро дар вуҷудашон мепарваранд”,- мегӯяд И. Қосимзода.

Ба иттилои идораи Сабти асноди ҳолатҳои шаҳрвандӣ (САҲШ), пошхӯрии оилаҳо агар дар ҷамъбасти соли 2018 11013 адад, ки нисбат ба соли 2017 913 ҳолат зиёд ба қайд гирифта шуда бошад, дар семоҳаи соли 2019  3191 ададро ташкил медиҳад, ки нисбат ба семоҳаи соли 2018 148 адад зиёд аст.

Омилҳои пошхӯрӣ ва ё парокандашавии оилаҳоро Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз  вазъи душвори иқтисодӣ, омода набудани ҷавонон ба оиладорӣ, зӯроварии хонаводагӣ, никоҳи хешутаборӣ ва тавлиди фарзанди заъиф, муҳоҷирати меҳнатӣ, дахолати шахсони сеюм ва ҳоказо арзёбӣ мекунад.

Ба андешаи ӯ, як гапи бемантиқ ё нигоҳи тезу ғазаболуди яке аз аъзои оила сабаби вайроншавии муносибатҳо ва билохира пошхӯрии оилаҳо мегардад.

Ба андешаи мавсуф, яке аз сабабҳои ҷудошавии оилаҳо ин вазъи иқтисодии кишвар ба ҳисоб меравад, ки дар бисёр мавридҳо хароҷоти зиёд сабаби ҷангу низоъҳои оилавӣ мегардад. Қабули  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» саривақтӣ буда, маҳз ба ҳамин хотир роҳандозӣ гардидааст. Аз қабули қонуни мазкур беш аз даҳ сол гузашта бошад ҳам, вале то ҳол нафароне ёфт мешаванд, ки зидди ин қонуни миллӣ садо баланд мекунанд. Аз ҷумла, рӯзноманигор Саломиддин Мирзораҳматов дар саҳифаи фейсбукии худ навиштааст, ки «ба наздикӣ дигар ҳамсоя ҳамсояи худро на танҳо дар шаҳрҳо, балки дар деҳот низ нахоҳад шинохт…”.

Вале раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи ҷумҳурӣ Идигул Қосимзода ин андешаро ғалат шуморида, мегӯяд, ки ҳадафи асосии қабули Қонуни ҶТ «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба низом даровардани анъана ва ҷашну маросимҳо дар асоси дастовардҳои фарҳанги миллӣ ва тамаддуни ҷаҳонӣ мебошад. Талаботу меъёрҳои ин қонун, қабл аз ҳама, ба беҳдошти сатҳи зиндагии мардуми кишварамон равона гардидаанд.

Ба андешаи ӯ, пеш аз тӯй ва баргузор намудани маросимҳои бошукӯҳ бисёр вақт дар оилаҳо миёни зану шавҳарон ҷангу ҷанҷол сар мезанад. Бонувони хонадон барои таҳия ва харидорӣ намудани ҷиҳози барои тӯй зарурӣ  бо марди хона баҳсу мунозира намуда, маблағҳои зиёд талаб мекунанд.

“Бешак, дар амалӣ намудани танзими расму ойин ягон қувваи дигар бештар аз занон саҳм гирифта наметавонад ва танҳо модарону бонувонанд, ки  урфу одатҳоро дар зеҳну шуури наслҳо талқин мекунанд.  Дар тӯй мавқеи занон хеле калон буда, аксар вақт онҳо сабабгори зиёдаравӣ мегарданд. Мувофиқи мақсад аст, ки модарон масъули назорати тӯйи домодию арӯсӣ бошанд”,-мегӯяд раиси Кумитаи кор бо занон ва оила.

Мавсуф иброз медорад, ки барпо намудани тӯю  дигар маъракаҳои дабдабанок  мояи саодату хушбахтии  навхонадорон- фарзандони онҳо  шуда наметавонад. Баръакс,  чунин харҷҳои беҳуда  метавонанд сабаби  пайдо гардидани  нофаҳмиҳо байни ду оилаи хешшаванда ва ҳатто  сабаби хонавайронии  фарзандони онҳо  гарданд. Чуноне ки  аз таҳлили аризаҳои муроҷиаткунандагони  Кумита бармеояд,  дар аксар ҳолатҳо  ҷангу ҷидол  ва гилаву озорҳо дар оилаҳо  ба қавли мардум аз ҳамин “фалонӣ фалон чӣ оварду ту наовардӣ, мо кардему шумо накардед”-ҳо   сар мешаванд, ки  рафта –рафта оилаҳои ҷавон вайрон мешаванд.

“Имрӯз зарурат пеш омадаст, ки аз урфу одатҳо, расму ойинҳои костаю шахшуда ва куҳнашудаи гузашта, аз ҷумла дар самти  оиладорӣ даст кашем, оилаи обутобёфтаи солим, намунавӣ, орӣ аз ҳама гуна хулқу атвори нописанд, ҳамқадами замони муосирро барпо ва фарзандони солиму солеҳро  тарбия намоем. Чунки зиндагии инсон ҳосили як тасодуф нест, балки оинаест, ки инъикоси корҳои шахсро ба ӯ бармегардонад”,- изҳор менамояд Идигул Қосимзода.

Бояд тазаккур дод, ки бо мақсади ҳимояи ҳуқуқҳои оила ҳамчун асоси ҷамъият, танзими ҳуқуқии муносибатҳои вобаста ба пешгирии зӯроварӣ дар оила, ҷонибдории сиёсати давлатӣ дар масъалаи пешгирии зӯроварӣ дар оила, ташаккул додани вазъи тоқатнопазирии ҷомеа нисбат ба чунин ҳолатҳо, ошкор, пешгирӣ   ва бартарафсозии сабаб ва шароити ба зӯроварӣ дар оила мусоидаткунанда ва андешидани тадбирҳои дахлдор, ҳамчунин мусоидат кардан ба баланд бардоштани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила” аз 19 марти соли 2013 қабул карда шуд. Қонуни мазкур муносибатҳои ҷамъиятиро вобаста ба ҳолатҳои пешгирии зӯроварӣ дар оила танзим карда, вазифаҳои субъектҳои пешгирикунандаи зӯроварӣ дар оиларо дар масъалаҳои ошкор, пешгирӣ ва бартарафсозии сабаб ва шароити ба он мусоидаткунанда муайян менамояд.

Тавре сардори шуъбаи таъминоти ҳуқуқӣ ва котиботи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷабалӣ Сангов иброз намуд, зӯроварӣ дар оила кирдори зиддиҳуқуқии қасдонаи дорои хусусияти ҷисмонӣ, рӯҳӣ, шаҳвонӣ ё иқтисодӣ, ки дар доираи муносибатҳои оилавӣ аз ҷониби як узви оила нисбат ба дигар узви оила содир мешавад ва боиси поймол шудани ҳуқуқ ва озодиҳои узви дигари оила мегардад, мебошад.

“Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила” як зумра мақомоти давлатиро ҳамчун субъектҳои пешгирикунандаи зӯроварӣ дар оила муваззаф гардонидааст. Аз ҷумла, бо назардошти мусоидат ба баланд бардоштани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд, моддаи 12 (Ваколатҳои мақомоти соҳаи маориф оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила)-и Қонуни мазкур мақомоти соҳаи маорифро ваколатдор намудааст, ки маорифчиён дар якҷоягӣ бо мақомоти дахлдор дар таҳия ва татбиқи барномаҳо вобаста ба ҳолатҳои пешгирии зӯроварӣ дар оила фаъолона иштирок карда, бо дигар субъектҳои пешгирикунандаи зӯроварӣ дар оила ҳамкории судманд дошта бошанд”.

Ба зикри ӯ. Вазорати маориф бояд бо падару модар ё дигар намояндаи қонунии ноболиғ оид ба масъалаҳои таълиму тарбияи фарзанд ҳамкории доимӣ ба роҳ монда, дар сурати ошкор шудани ҳолатҳои ба таълимгирандагон ва тарбиягирандагони дар оилаҳои носолими таҳти фишору зӯроварӣ қарор дошта, дар якҷоягӣ бо мақомоти дахлдор тадбирҳои таъхирнопазир андешанд. Вобаста ба масъалаи пешгирии зӯроварӣ дар оила миёни ҷомеа ва коллективҳои меҳнатӣ тадбирҳои иттилоотию таблиғотӣ андешанд.

“Аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба ҳолатҳои пешгирии зӯроварӣ дар оила дар якҷоягӣ бо дигар мақомоти дахлдор иқдомҳои муайяне амалӣ гардида истодаанд. Аз ҷумла, бо дастгирии Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ дар чаҳорчӯбаи Лоиҳаи «Пешгирии зӯроварӣ дар оила” (PDV), ки аз ҷониби филиали ширкати консалтингии GOPA дар Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ мешавад, дастури методии «Ҷанбаҳои тарбиявию таълимии баробарии гендерӣ ва пешгирии зӯроварии оилавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳия гардида, барои омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ дар масъалаи омӯзиши мавзӯъҳои баробарии гендерӣ ва пешгирии зӯроварӣ дар оила дар чаҳорчӯбаи фанҳои таълимии “Одоби муошират ва рӯзгордорӣ (дар синфи 9), “Маърифати оиладорӣ» (синфи 10), “Асосҳои давлат ва ҳуқуқ” (дар синфҳои 8-9) ва “Ҳуқуқи инсон” (синфҳои 10-11) ҳамчун манбаи иттилоотӣ ҳангоми ташкил ва баргузории маҷлисҳои падару модарон дар мавзӯи “Пешгирии зӯроварӣ дар оила нисбат ба кӯдакон” ҳамчун манбаи ёрирасон тавсия карда шудаанд.

Бояд гуфт, ки Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаҳои маърифати оиладорӣ, баланд бардоштани масъулияти падару модарон дар таълиму тарбияи фарзанд, омода кардани фарзандон ба ҳаёти мустақилона ва пойдории оила таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда,  таъкид медоранд, ки бунёди оила аз падару модар ва ҳар шаҳрванд тақозо менамояд, ки дар шеваи тадбири он пурмасъулият ва дар муомилаву муносибат эҳтиёткор бошанд.

Дар ин бобат Идигул Косимзода иброз медорад, ки барои пешгирӣ намудани ҳодисаҳои номатлуб фарзандонро ба мактаби оила, ба ҳаёти мустақилона омода намоем, зеро тамоми бурду бохти мо ба оилаву оиладорӣ алоқаманд аст.

“Падару модар бояд ба таълиму тарбияи фарзанд боз ҳам ҷиддӣ назар карда, фарзандонро дар рӯҳияи инсондӯстӣ, меҳру вафо, садоқат ба меҳану миллат, ҳувияти баланди миллӣ, ҳифозатгари марзу буми Ватан, парчамбардорони ҳақиқӣ, донишманду соҳибкасб тарбия намоянд, то он ки фарзандон ба муқобили падидаҳои манфии ғаразнок устувор ва муқовиматпазир бошанд, насли ҷавонеро бояд тарбия намоянд, ки дар муборизаи ҳаёт ҳар монеаи пешомадаро бартараф ва ҳар навъ мушкилоти моддию маънавии оилавиро ҳал карда тавонад ва ҳеҷ гоҳ гирифтори ноумедӣ нагардад”,- мегӯяд номбурда.

Бояд гуфт, ки оила дар ҳама давру замон ҳамчун арзиши олии ҷомеа ҳисобида шуда, ҳифзи байналмилалӣ-ҳуқуқии оила, модару кӯдак дар санадҳои байналмилалӣ ба мисли Эъломияи умумии ҳуқуқи башар, Паймони байналмилалӣ дар бораи ҳуқуқҳои сиёсӣ ва шаҳрвандӣ, Паймони байналмилалӣ дар бораи ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ва дигар санадҳои байналмилалӣ танзим шудаанд.

Бо мақсади таъмини ҳуқуқҳо ва кафолати баробарии воқеии мардону занон, пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон як зумра санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ба мисли Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо”, “Дар бораи пешгирии зўроварӣ дар оила” ва дигарҳо қабул шудаанд. Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи пешгирии зўроварӣ дар оила”, ки ба пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо дар самти муносибатҳои оилавӣ равона шудааст, саривақтӣ буда, самаранок амалӣ гардида истодааст, ки ин аз дастгирии ҳамаҷонибаи давлату Ҳукумат баҳри баланд бардоштани мавқеи зан, бахусус оила шаҳодат медиҳад.

259
Барчаспҳо:
оила, шаҳодатнома, анъана, Душанбе, Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди ҳукумати ҶТ, Тоҷикистон