Город Душанбе, архивное фото

Шоири тоҷик дар пайравии достони  “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ “Шоҳнома” навиштаст

892
(Таҷдидшуда 14:35 21.05.2019)
Ин асар ба мавзӯҳои ватандӯстӣ, ҷавонмардӣ ва накӯкорӣ бахшида шуда,  арзиши гарон ва баҳои баланд доштани  мафҳуми Ватанро  ба хонанда бозгӯ  мекунад

ДУШАНБЕ, 20 мая — Sputnik. Дар пайравии Аблқосим Фирдавсӣ ва бо риояи услуби нигориши асари безаволи ӯ шоири садаи 21-и тоҷик Содиқи Кашрӯдӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон достоне бо номи “Шоҳнома” навиштааст, иттилоъ додааст агентии “Ховар”.

 Дар достон ҳаводису рӯйдодҳои солҳои аввали истиқлолият, суханбозиву шиорпартоиҳои дурӯғини ҳизбҳову ҳаракатҳои иртиҷоӣ ва ба сангарҳо ҷудо кардани миллати тоҷик тасвир шудаанд.Баъдан муаллиф талошҳо ва ҷонбозиҳои Эмомалӣ Раҳмонро дар роҳи расидан ба ваҳдати миллӣ, таъмин намудани сулҳу субот, роҳ гирифтан ба сӯи ободиву шукуфоиро дар худ таҷассум менамояд.

Ин асар ба мавзӯҳои ватандӯстӣ, ҷавонмардӣ ва накӯкорӣ бахшида шуда,  арзиши гарон ва баҳои баланд доштани  мафҳуми Ватанро  ба хонанда бозгӯ  мекунад.

Азбаски мавзӯҳои интихобкардаи муаллифи достон ҳамеша дар  осори адибони  мо ва  адабиёти ҷаҳон ҷои махсуси худро доранд имрӯз беш аз ҳарвақта  ба  масъалаҳои муҳими ҷомеа табдил ёфтаанд, ин асари ибратангезро пешниҳоди хонандагон менамоем.

Ҳоло мо баъзе аз қисматҳои достони "Шоҳномаи" Содиқи Кашрӯдиро пешкашатон мегардонем.

Ш О Ҳ Н О М А

Оғози достон
Ба номи Худои ҷаҳонофарин.
Худованди кавну маконофарин.

Худованди рӯҳу Худованди ҷон.
Худованди ҳар ошкору ниҳон.

Худованди донои Кайҳонфурӯз,
Тавонбахши шому шабу субҳу рӯз.

Худованди обу Худованди нон,
Худованди иқболу рӯзирасон.

Худованди Моҳу Худованди Меҳр,
Худованди гарданда гардонсипеҳр.

Худованди ройу Худованди дин,
Худованди фармону тоҷу нигин.

Худованди донандаи роздон,
Худованди собиту саййорагон.

Худованди хоку Худованди бод,
Худованди адлу Худованди дод.

Худованди неки баландошйон,
Хирадро набошад ба зоташ гумон.

Худованди дирузу имрузу пас,
Худованди паймону фарйодрас.

Сухан андар ситоиши Шоҳ
Эмомалӣ Раҳмон
Шаҳо, ҷонат поку дилат шод бод.
Зи ту дар ҷаҳон то абад йод бод.

Туро пиру барно ҳама банда бод.
Ки хасмат ба пешат сарафканда бод.

Замона туро парварад бегазанд.
Шавад душманат музтару мустаманд.

Туро бар кушоиш ҳаме роҳ бод.
Бадандеши ту дар таги чоҳ бод.

Дурахшон бодо маҳу ахтарат.
Ки тоҷи шаҳӣ то абад бар сарат.

Хушиҳои гетӣ ба коми ту бод,
Ҳама кори некӯ ба номи ту бод.

Шуд аз корат кишвар, чу хуррамбаҳор,
Зиҳӣ бар ту, эй номвар шаҳрийор.

Ба оину таърих бубахшиди ҷон,
Забонро забонат биафзуд тавон.

Зи ту ҷовид номи бузургон ба даҳр,
Ҳам обод роҳу пулу деҳу шаҳр.

Сухан андар ситоиши
Ҳаким Фирдавсии Тӯсӣ
Аз он рӯз Яздон ҷаҳон офарид,
Чу Фирдавсӣ одам суханвар надид.

Ҳакиме буд номовару кордон,
Хирадманду донандаи бостон.

Зи таърихи гетӣ бигуфт ӯ сухан,
Навишт як сар пайкори даври куҳан.

Зи Ҳурмузду Зардушти фархундапай,
Зи Ҷамшеду Заҳҳоку Ковуси кай.

Зи Кайхусрав, Афредуну Ардашер,
Зи гурдону номоварони далер.

Зи Эрону Тӯрону туркони зӯр,
Зи Афросиёбу зи Баҳроми гӯр.

Зи Сӯҳробу Рустам, зи кини падар,
Зи Таҳмина, сӯгаш ба марги писар.

Зи Доробу Дорову Исфандийор,
Зи Искандару оташи корзор.

Зи Нӯшинравону зи Сосонийон,
Зи оғози гетӣ, ҷаҳон то ҷаҳон.

Бигуфт аз Бузургмеҳру аз Борбад,
Зи Парвизу Хусрав, зи неку зи бад.

Зи Усмону Уммар, зи хоки Аҷам,
Зи куштору тороҷу ҷавру ситам.

Ҳама саргузашти Аҷам йод кард.
Руҳи рафтагонро бадин шод кард.

Андар кори ҷаҳон
Ҷаҳон устувор аст, ба неку ба бад,
Ба тезиву тундӣ, ба дому ба дад.

Ба обу ба хоку ба боду ба нон,
Ба чаррандагону ба паррандагон.

Ба барқу ба нору ба нуру чароғ,
Ба ҷому маю соқию дарду доғ.

Ба қозиву дузду ба зиндону банд,
Ба молу манолу ба суду газанд.

Ба зӯрии гурдону кори шаҳон,
Ба гуфтори ҳушйору девонагон.

Ба рӯзу шабу ҳам ба шому саҳар,
Ба борону барфу ба абри гузар.

Ба Моҳу ба Хуршеду исторагон,
Ба гармову сармо, баҳору хазон.

Ба тӯфону гарду гаҳи хокбез,
Ба оину кешу дами растахез.

Ба сулҳу салоҳу ба ҷангу ҷадал,
Ба ғавғою афғону шӯру мағал.

Ба шебу фарозу ба хору ба хас,
Ба золиму мазлуму фарйодрас.

Ба моҳиву мӯру ба боғу чаман,
Ба булбулу тӯтӣ ба сарву суман.

Ба ҷондору беҷону саҳрову дашт,
Ба андӯҳу шодӣ, сару саргузашт.

МАЪЛУМОТНОМА ДАР БОРАИ ШОИР:

Содиқи Кашрудӣ 15 октябри соли 1960 дар деҳаи Чорбоғи Рустои Деҳхонободи вилояти Қашқадарё, дар хонаводаи марди руҳонӣ  Ашӯри Шоназар   зода шудааст.

Содиқи Кашрӯдӣ аз даврони ҷавонӣ ба хондани шеъру ғазал ва дигар жанрҳои назму насри форсу тоҷик рағбати калон пайдо намуда, хусусан бо ашъори пурбору нурбори шоирони классик, ба монанди устод Рӯдакии Самарқандӣ, Ҳаким Фирдавсии Тӯсӣ, Аҳмади Ҷомӣ, Умари Хайёом, Низомии Ганҷавӣ, Носири Хусрав, Шайх Аттори Нишопурӣ, Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, Шайх Саъдии Шерозӣ, Хоҷа Ҳофизи Шерозӣ, Амир Хусрави Деҳлавӣ, Хоҷа Камоли Хуҷандӣ, Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ, Соиби Табрезӣ, Сайидои Насафӣ, Мирзо Абдулқодири  Бедил, Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ  ва дигарон аз наздик ошно аст.

Аз соли 2004 то соли 2014 дар маснади Мушовири калони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати ҳуқуқӣ кор кардааст. Соли 2002 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ӯ рутбаи дараҷавии Мушовири давлатии адлияи дараҷаи III дода шуд. Дорандаи медали "Хизмати шоиста" мебошад. Алҳол  дар Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маснади Мушовири калон оид ба масъалаҳои ҳуқуқиро бар ӯҳда дорад.

Содиқи Кашрудӣ новобаста аз пуркории худ сарводаву чакома менависад, суруду тарона мехонад ва оҳанг эҷод мекунад ва мехонад. Чакидаҳои хомаи ӯ бо номи "Субҳи Содиқ", "Ғазалиёт", "Ашъори мунтахаб" ва "Нидои қарнҳо" дастраси ҳаводорони  адабиёт ва санъат  гаштаанд.

 

892
Барчаспҳо:
шеър, Фирдавсӣ, Шоҳнома, Тоҷикистон
Театр, архивное фото

Замони оғози мавсими тамошои намоишҳои театрҳо дақиқ шуд

61
Тамошои намоишҳои театрҳои касбӣ аз ҷониби кормандони вазорату кумитаҳо ва идораву корхонаҳои давлатӣ дар ду мавсим доир мегардад

ДУШАНБЕ, 24 фев – Sputnik. Дар Тоҷикистон мавсими тамошои намоишҳои театрҳои касбӣ аз рӯзи 3 апрел шурӯъ мешавад, хабар медиҳад Вазорати фарҳанг.

 ба иттилои манбаъ,тамошои намоишҳои театрҳои касбӣ аз ҷониби кормандони вазорату кумитаҳо ва идораву корхонаҳои давлатӣ  дар ду мавсим доир мегардад.

Дар мавсими аввали он спектаклҳо рӯзҳои 3, 10, 17, 24  апрел, 8, 15 май ва 12 июни соли равон дар Театри давлатии академии драмавии ба номи А. Лоҳутӣ, Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ, Театри давлатии ҷавонон ба номи М.Воҳидов, Театри таҷрибавии тамошобини ҷавон ба номи М.Қосимов ва Театри давлатии драмавии русии ба номи В. Маяковский ба саҳна гузошта мешаванд.

Мавсими дуввуми намоиши спектаклҳо 2, 9, 16, 23, 30 октябр дар театрҳои болозикр доир мешавад.

Вазорати фарҳанг гуфт, китобҳои Ҳошим Гадоро ба маблағи 16 000 сомонӣ хариданд

Ба гуфти масъулин, дар репертуари театрҳо соли равон намоиши асарҳои нави саҳнавӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон пешбинӣ гардидааст. Ҳамчунин нимаи дуюми моҳи майи соли равон Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ- "Парасту-2021" баргузор мегардад, ки тӯли як ҳафта мухлисони театрӣ метавонанд аз намоишҳои озмунӣ ба таври ройгон бархурдор гарданд.

Таҳияи асарҳои нав дар репертуари муассисаҳои театрӣ аз моҳи апрел тартиб дода шудааст.

61
Барчаспҳо:
Тоҷикистон, театр
Масҷиди марказии Душанбе, акс аз бойгонӣ

Суоли усто аз Шӯрои уламо: аз “пилорама”-и арзишаш 35 ҳазор сомонӣ закот супорам?

623
(Таҷдидшуда 14:56 23.02.2021)
Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон мегӯяд, дар асбобу таҷҳизоти касбу кор закот воҷиб намешавад

ДУШАНБЕ, 23 фев — Sputnik. Як корбари сомонаи Шӯрои уламо аз ин ниҳод суол кардааст, ки ба нияти кор ва пеш бурдани зиндагӣ ба маблағи 35 ҳазор сомонӣ пилорама харид ва оё аз ин дастгоҳ бояд закот супорад ё на.

Шӯрои уламо посух додааст, ки закот бояд аз даромаде, ки аз ин дастгоҳ ҳосил мешаваду ба андозаи нисоб расад, пардохт гардад.

“Дар асбобу таҷҳизоти касбу кор закот воҷиб намешавад, агар фоида ва даромаде, ки аз он ба даст меоред, ба миқдори нисоби закот, яъне 20 ҳазор сомонӣ баробар шавад ва як сол аз он гузарад, дар ин ҳолат пардохти закот лозим мешавад”, - изҳор дошт Шӯро.

Ин ниҳод қаблан изҳор дошта буд, ки вақти додани закот аз замони ба нисоб расидани мол вобаста аст

"Адои закот аз замони ба нисоб расидани мол вобаста аст, яъне дар кадом моҳе моли шумо ба нисоб расад, аз ҳамон вақт вуҷуби закот шуруъ мешавад ва пас аз гузаштани як сол пардохти закот воҷиб мегардад. Масалан, агар дар моҳи март моли шумо ба нисоб расид, пас аз гузашти як соли қамарӣ бар шумо адои закот воҷиб мешавад", - тавзеҳ дода буд Шӯрои уламо.

Соли гузашта нисоби закот 21 ҳазор сомонӣ муайян шуда буд.  Ба иттилои Шӯрои уламо, закот бар шахсе фарз аст, ки дорои нисоби закот, яъне молики 21000 сомонӣ бошад. Пас аз гузаштани як сол аз вақти соҳиби нисоб шудан ба андозаи 525 сомонӣ ба фақире ё мискине ҳамчун закот мепардозад.

623
Барчаспҳо:
Шӯрои уламои ҶТ, Тоҷикистон
Конкурс Чакомаи Гесу в Худжанде

Мӯдарозтарин духтари Душанберо муайян карданд

0
(Таҷдидшуда 21:07 24.02.2021)
Дар Душанбе фестивали "Чакомаи гесу" ҷамъбаст гардид ва ғолибони озмун - духтарони муйдарози пойтахт муайян шуданд

ДУШАНБЕ, 24 фев — Sputnik. Имрӯз дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр "Чакомаи гесӯ" баргузор гардид.

Дар оғози фестивал намоишгоҳи маҳсулоти ороишии  ҳунармандон, анвои гуногуни ороиши миллии занонаи аз ҷиҳати экологӣ фоидаовар ва лавозимоти марбут ба парваришу ороиши мӯйю рӯй  ба маъраз гузошта шуд.

Дар фестивал инчунин ашъори баланпоя ва суруду рақс, ривояту таронаҳои мардумӣ оид ба ҳусну таровати рӯй, ҷозибаи гесӯ, сарулибос ва ороишоти миллӣ, истифодаи маҳсулоти табиии ватанӣ дар парваришу нигоҳбини рӯйю мӯй ва муҳофизати пӯсти дасту рӯй тарғибу ташвиқ гардид.

Дар фестивали мазкур муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ, Раиси Кумитаи занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳилолбӣ Қурбонзода, ғолибони даври ноҳиявии фестивал аз ноҳияҳои пойтахт ва сокинони шаҳр  иштирок намуданд.

Мавриди зикр аст, ки давоми се соли охир фестивали мазкур дар доираи эълон гардидани солҳои 2019-2021 ҳамчун Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар тамоми қаламрави мамлакат доир  мегардад.

Рустам Эмомалӣ қарор кард: дар Душанбе фестивали "Чакомаи гесу" баргузор шавад

Дар фарҷоми Фестивал ғолибони бахшҳои он ва иштирокчиёни фаъол бо диплому сипоснома ва ҷоизаи махсуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе сарфароз гардонида шуданд.

0