Фестивали вилоятии Атласу адрас баргузор гардид

Ба Бердиева Орзугул барои пирӯзиаш дар Фестивали “Атласу адрас” 3000 сомонӣ доданд

128
(Таҷдидшуда 14:33 01.06.2019)
Ахиран дар Театри давлатии мазҳакаи мусиқии ба номи Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд Фестивали вилоятии «Атласу адрас» баргузор гардид

ДУШАНБЕ, 1 июн — Sputnik.  Шоҳҷоизаи Фестивали вилоятии “Атласу адрас” - ро тарроҳ Бердиева Орзугул ба даст овард, иттилоъ додааст дафтари матбуоти ҳукумати вилояти Суғд.

Бино бар иттилои манбаъ, фестивали мазкур бахшида ба “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”, инчунин бо мақсади рушди соҳаи саноати сабук, аз ҷумла ривоҷу равнақ бахшидан ба истеҳсоли матоъҳои атласу адрас, тарғиби либосҳои аз матои табиӣ омодашуда бо истифодаи услубҳои миллии дӯзандагӣ, рушди меҳнати хонагӣ, баланд бардоштани завқи либоспӯшии миллӣ ва зебоипарастӣ баргузор гардидааст.

Манбаъ қайд намудааст, ки дар фестивали мазкур тарроҳону дӯзандагони беҳтарини вилоят иштирок намуданд.

Фестивал аз рӯи бахшҳои “Беҳтарин либоси кӯдакона”, “Беҳтарин либоси расмӣ”, “Беҳтарин либоси рӯзмарра”, “Беҳтарин либоси идона”, “Беҳтарин офариниши нақшу нигори атласу адрас аз ҷониби рассомон” “Беҳтарин матои атлас” ва “Беҳтарин матои адрас” ҷараён гирифт ва ҳайати ҳакамон пероҳанҳои тарроҳонро аз рӯи зебогӣ (намуди эстетикӣ) ва дизайни либос, нотакрорӣ ва ғайримуқаррарӣ, ҳалли тобиш ва обуранг, истифодаи ҳунарҳои гулдӯзии дастӣ ва қуроқдӯзӣ, интихоби ашёҳои ороишӣ баҳогузорӣ карданд.

Ҳамин тариқ, дар бахши “Беҳтарин либоси кӯдакона” ҷойи якум насиби Ҷалолова Ҳанифа, ҷойи дуюм насиби Самадова Биҳанифа, ҷойи сеюм насиби Аҳророва Амонҷон гардид.​

Дар бахши “Беҳтарин либоси расмӣ” ҷойҳои якум, дуюм ва сеюмро Нурбоева Зебо, Норчаева Саодат ва Каримова Дилафрӯз соҳиб шуданд. Мақомҳои ифтихории бахши “Беҳтарин либоси рӯзмарра”-ро Ашӯрматова Каромат, Масобирова Машҳура, Муҳаммадиева Зиёда ишғол намуданд.

Сабурова Мамлакат, Ниёзова Матлуба ва Раҳматова Маърифат ғолибони бахши «Беҳтарин либоси идона» дониста шуданд.

Рассом ва ҳунарманд Орифова Иноят ғолиби бахши “Беҳтарин офариниши нақшу нигори атласу адрас аз ҷониби рассом” эълон гардида, дар бахши “Беҳтарин матои адрас” Маркази таълимӣ-истеҳсолии адрасбофӣ ба номи Зулфия Баҳриддинова ва дар бахши “Беҳтарин матои атлас” ҶДММ “Атласи Хуҷанд” пирӯз гардиданд.

Манбаъ қайд намудааст, ки шоҳҷоизаи Фестивали вилоятии “Атласу адрас” - ро тарроҳ Бердиева Орзугул ба даст овард.

Дар ҳамин ҳол, дар вазъияти тантанавӣ ба ғолибони фестивал аз 800 то 1500 сомонӣ ва ба барандаи Шоҳҷоиза 3000 сомонӣ мукофотпулӣ тақдим карда шуд.

128
Барчаспҳо:
шоҳҷоиза, барандаи озмун, атлас, Атласи Хуҷанд, фестивал, Хуҷанд, Суғд, Тоҷикистон
Сценарист и кинорежиссер Искандар Усмонов

Искандар Усмонов дар Теҳрон ҷоиза гирифт

150
(Таҷдидшуда 19:45 28.11.2020)
Коргардон ва драматурги тоҷик Искандар Усмонов дар як Ҷашнвораи байналмилалии филмҳо дар шаҳри Теҳрон соҳиби ҷоиза гардид

ДУШАНБЕ, 28 ноя — Sputnik. Дар шаҳри Теҳрон маросими ҷоизасупорӣ ба иштирокчиёни Ҷашнвораи байналмилалии филмҳои "Муқовимат" баргузор гардид, хабар медиҳад рӯзномаи Вечёрка.

Маросими мазкур санаи 23 ноябр баргузор гардид ва як намояндаи Тоҷикистон низ сазовори ҷоиза гашт.

Манбаъ меафзояд, муаллифи сенарияи филми "Дар марз", коргардон ва драматурги тоҷик Искандар Усмонов бо ҷоизаи "Сенарияи беҳтарини филми ҳунарии кутоҳмуддат" мукофотонида шуд.

Филм дар ҳамкорӣ бо коргардони қирғиз Тинчтик Абилқосимов дар "Киргизфилм" ба навор гирифта шудааст.

Филм барои +18 ё поинтар: тағйири қонуни Тоҷикистон “Дар бораи кино”

Қаҳрамонони филми "Дар марз" бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва қирғизӣ ҳарф мезананд. Филм дар асоси саргузашти сокини солхӯрдаи як деҳаи Тоҷикистон, ки барои дидорбинии хешовандонаш ба деҳаи Қирғизистон меравад, таҳия шудааст.

Тавре коргардони тоҷик гуфт, филм 10 рӯз дар минтақаи Ботканди Қирғизистон ба навор гирифта шудааст.

Соли гузашта филми "Дар марз" дар озмуни байналмилалӣ дар VII Форуми филми ҷавони кишварҳои ИДМ "Умут" дар бахши "Мубрамияти ғоя" пирӯз шуда буд.

150
Поэт Тимур Зульфикаров

Маросими ҷоизасупории "Ситораи Иттиҳод" баргузор шуд: яке аз барандаҳо - Зулфиқоров

78
(Таҷдидшуда 14:51 28.11.2020)
Маросими супоридани ҷоизаи “Ситораи Иттиҳод” имсол тариқи онлайн баргузор шуда, яке аз барандаҳои он Тимур Зулфиқоров, нависандаи тоҷик мебошад

ДУШАНБЕ, 28 ноя — Sputnik. Ҷоизаи “Ситораи Иттиҳод” барои саҳм дар рушди фарҳангу китобхонӣ эъто мешавад.  Ҷоизаи мазкур, ки аз ҷониби Бунёди байнидавлатии  ҳамкориҳои гуманитарии кишварҳои узви ИДМ таъсис дода шудааст,  имсол тариқи онлайн супорида шуд, хабар додааст ТАСС.

Яке аз барандаҳои он Тимур Зулфиқоров, шоиру нависандаи русзабони тоҷик мебошад.

Барандаҳои “Ситораи Иттиҳод” соҳиби диплом, нишони рамзӣ ва ду миллион рубл мешаванд.

Дар баробари Зулфиқоров ба феҳрасти барандагони ҷоиза инчунин чеҳраҳои шинохтаи фарҳанг аз кишварҳои ИДМ – Озарбойҷон, Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон ва Молдова шомил гардиданд.

Аз ҷумла ҷоизаи мазкурро нависандаи шинохта аз Русия, Гузел Яхина, муаллифи романи “Зулайхо чашм мекушояд” соҳиб гардидааст. Фаррух Зокиров, овозхону оҳангсоози шинохтаи ӯзбек, роҳбари гуруҳи “Ялла” низ барандаи ҷоиза шуд.

Ҷоизаи мазкур ҳамасола дар се бахш – илму маориф, фарҳангу санъат ва фаъолияти гуманитарӣ тақдим карда мешавад.

Имсол тариқи онлайн инчунин ҷоизаи “Иттиҳоди падидаҳо”, ки ба мутахассисони ҷавон тақдим мегардад, ба тарроҳи ҷавон аз Тоҷикистон, Муҳаммадносир Абдуллоев супорида шуд.

78
Барчаспҳо:
ба таври онлайн, ҷоиза, ИДМ

Вазорати маорифи Русия мегӯяд, ягон донишҷӯйи хориҷӣ хориҷ нашудааст

0
(Таҷдидшуда 17:44 30.11.2020)
То ҳол ба Вазорати маорифи Русия аз ҷониби донишҷӯёни хориҷӣ ягон шикоят дар мавриди хориҷшавии онҳо аз донишгоҳҳои кишвар ворид нашудааст

ДУШАНБЕ, 30 ноя — Sputnik. Вазорати маориф ва илми Русия мегӯяд, дар замони пандемия ягон донишҷӯйи хориҷӣ аз донишгоҳҳои ин кишвар ба далели ҳозир нашудан ба дарсҳо, хориҷ нашудааст, хабар медиҳад котиботи вазорати мазкур.

Ба иттилои манбаъ, то ҳол аз ҷониби донишҷӯёни хориҷӣ низ ягон шикоят дар мавриди хориҷ шудани онҳо, ворид нагардидааст.

"Ҳамаи муассисаҳои олии таълимӣ дар шаҳрҳои Маскаву Санкт-Петербург ва дигар минтақаҳо дар робита ба ҷилавгирӣ намудан аз паҳншавии маризии коронавирус, ба таҳсили фосилавӣ фиристода шуданд", - таъкид мешавад дар хабари манбаъ.

Вазорат инчунин итминон дод, ҳамаи донишҷӯёне, ки бинобар чораҳои маҳдудкунӣ ба Русия омада наметавонанд, ҷойҳои буҷетиӣ онҳо нигоҳ дошта мешавад.

Супоришҳои Исматуллозода барои баргардонидани донишҷӯёни тоҷики дар хориҷ таҳсилкарда

Инчунин хабар дода мешавад, ки Вазорати маориф ва илми Русия барои донишкадаҳои олӣ оид ба ташкили самараноки таълими фосилавӣ тавсияҳо таҳия кардааст.

Бо мақсади мусоидат дар ташкили таълими фосилавӣ, Вазорати маориф якҷоя бо Россотрудничество масъалаи бо ҷойҳои корӣ таъмин намудани донишҷӯёни хориҷиро дар идораҳои Россотрудничество ва филиалҳои донишгоҳҳои Русия дар ҷои истиқоматашон кор карда истодааст.

Инчунин дар Тоҷикистон, Вазорати маорифи ҷумҳурӣ ба донишҷӯён пешниҳод кард, ки то ба эътидол омадани вазъ муваққатан дар донишгоҳҳои маҳаллӣ таҳсил кунанд.

0
Барчаспҳо:
хориҷ, донишҷӯён, вазорати маорифи Русия