ДУШАНБЕ, 6 июн — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти ҳукумати вилояти Суғд, дар ноҳияи Мастчоҳ даври ноҳиявии озмуни вилоятии ҳунарҳои мардумии “Кандакорӣ, гаҷкорӣ, оинабандӣ ва кундалнигорӣ” баргузор гардид.
Тавре манбаъ қайд намудааст, дар озмун ҳунармандони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот аз рӯйи номинатсияҳои “Кандакорӣ”, “Гаҷкорӣ” ва “Оинабандӣ” ширкат варзиданд.
“Тибқи натиҷагирии ҳайати доварон дар номинатсияи “Кандакорӣ” ҳунармандон – Бобоев Баҳодур ва Набиев Додоҷон аз Ҷамоати деҳоти Оббурдон, дар номинатсияи “Гаҷкорӣ” ҳунарманд Ҳофиззода Шоҳэраҷ аз Ҷамоати деҳоти Мастчоҳ ва дар номинатсияи “Оинабандӣ” ҳунарманд Бобоева Зулайхо аз Ҷамоати шаҳраки Обшорон ғолибият ба даст оварданд”, - таъкид намудааст манбаъ.
Дар ҳамин ҳол, тавре дафтари матбуоти ҳукумати вилояти Суғд иттилоъ додааст ба ғолибони озмун диплом ва мукофотҳои пулии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия тақдим карда шудааст.
ДУШАНБЕ, 18 янв — Sputnik. Ҳадафи таъсиси ин нашрия фароҳам овардани минбар барои истеъдодҳои наврас, муаррифию тарғиби дастовардҳо ва эҷодиёти онҳо мебошад, хабар дод Носирҷон Маъмурзода, сухангӯи ҳукумати Хатлон.
Ҷалби кӯдакону наврасон ба мутолиа ва илмомӯзӣ, инкишофи ҷаҳони маънавӣ ва дар рӯҳияи ватандӯстию худшиносӣ тарбия намудани онҳо аз ҳадафҳои дигари таъсиси нашрия унвон шудааст.
Ҷарима барои ниқобу дурӯғ: чӣ, кай ва дар куҷо? - муфассал
“Шумораи якуми нашрияи "Ғунчаҳои Хатлон", ки аз 16 саҳифаи формати А4 иборат аст, кӯдакону наврасони лаёқатманди вилояти Хатлонро ба хонандагон муаррифӣ намуда, дар бораи дастовардҳои онҳо дар озмуну олимпиадаҳои фаннӣ маълумот медиҳад”, - омадааст дар иттилоия.
Инчунин, дар ин шумора афсонаю чистонҳо, тезгӯяку латифаҳои бачагона, муаммою бозиҳои донишафзо, тестҳо, карикатураю калимаёбак, дарси забони англисӣ тавассути бозиҳо, кроссворду судоку ва дигар маводи ҷолиби диққати хонандагон ба чоп расидаанд.
ДУШАНБЕ, 18 янв — Sputnik. Тавре Фатҳиддини Замон, муҷрии телевизиони "Тоҷикистон" ва муаллифи барномаи нави "Тоҷикони дунё" ба Sputnik Тоҷикистон хабар дод, ин барнома, ки ҳадафаш муаррифии тоҷикистониёни дунёст, аллакай дар се кишвари дунё ба навор гирифта шуд ва ба назикӣ рӯи экран хоҳад омад.
Ба қавли муаллифи барнома, он дар кишварҳое, ба навор гирифта мешавад, ки дар онҳо ҷамъияти тоҷикон, донишҷӯён, шаҳрвандони муқим, диаспораҳои тоҷикон ва омӯзгорону олимону соҳибкорон ба сар баранд.
Дар Тоҷикистон ду шабакаи нави телевизионӣ ифтитоҳ мешавад
"Тоҷикони дунё" ба ҳайси "Андешаи Миллӣ" барои ҳар як тоҷик новобаста дар кадом нуқтаи ҷаҳон буданаш, бояд хидмат кунад. Ҳоло фурсате фаро расидааст, ки фарзандони миллати пароканда, Тоҷикистонро ҳамчун хонаи умед эътироф, муаррифӣ ва муҳофизат намуда, онро дар газанди ояндаи олам ва ҷангҳои иттилоотиву ҷангҳои геополитикии пинҳонмондаи минтақа муҳофизат намоянд", - мегӯяд муаллифи барнома.
То ҳол 3 қисм аз ин барнома дар хориҷи кишвар ба хусус Малайзия, Аморати Муттаҳидаи Араб ва Қатар сабт гардид, ки тоҷикони муқими ин кишварҳо иштирок намуданд.
"Дар ояндаи наздик бо боз шудани марзҳо аз таҳдиди COVID 19 нақша дорем оид ба тоҷикони Руссияву Амрико ва Аврупову Африқо барнома таҳия созем", - меафзояд Фатҳиддини Замон.
Ин лоиҳа бо чунин шаклу услуб бори нахуст дар телевизиони "Тоҷикистон" аст. Дар назар ҳаст баъзе аз барномаҳои "Тоҷикони Дунё" дар дохил ва хориҷи кишвар ба тариқи онлайн сурат гирад.
Соли 1903 дар Фаронса дар бораи баргузор намудани аввалин пойгаи велосипедронӣ — "Тур де Франс" эълон ба нашр расид.
Соли 1992 99% — и аҳолии Осетияи Ҷанубӣ дар раъйпурсӣ барои ҷудо шудан аз Гурҷистон овоз доданд.
Соли 2016 дар Ҷопон дар синни 112 куҳансолтарин сокини сайёра- Ясутаро Коидэ вафот кард.
Соли 2018 дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар рейтинги нави ФИФА зинаи 126-умро соҳиб гардид.
Соли 1936 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ноҳияҳои Хуҷанд ва Қумсангир таъсис дода шуданд.
Соли 2010 дар шаҳри Душанбе Маркази нави омӯзишӣ дар назди Институти такмили ихтисос барои кормандони Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд.
Соли 2013 дастаи наврасони Тоҷикистон (U-21) дар даври аввал- гурӯҳи «А»-и мусобиқаи «Ҷоми Иттиҳод» дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия дастаи Эстонияро бо ҳисоби 1:0 мағлуб кард.
Соли 2015 дастаи «Хуҷанд»-и Хуҷанд дар Ҷоми «Баҳористон» дар шаҳри Гулистон (собиқ Қайроққум) ҳайати ҷавонони дастаи «Жетису»-и Қазоқистонро шикаст дод.
Соли 2017 дар арафаи 25-солагии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон медали «25-солагии Хадамоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон» таъсис дода шуд.
Соли 2018 Ӯзбекистон барои интиқоли транзитии борҳо тавассути роҳи оҳан аз Тоҷикистон ва ба Тоҷикистон аз 30 то 50 % сабукӣ пешниҳод намуд.
Рӯзи 19 январ кӣ ба дунё омадааст
Соли 1798 — файласуфи фаронсавӣ, асосгузори сотсиология Огюст Конт.
Соли 1809 — нависандаи амрикоӣ, шоир, намояндаи романтизм Эдгар По.
Соли 1813 — металлурги англис Генри Бессемер.
Соли 1851 — астрономи нидерландӣ Якобус Каптейн, ки теорияи гардиши галактикаҳоро исбот карда буд.
Соли 1865 — рассоми рус Валентин Серов.
Соли 1900 — шоири советӣ ва русиягӣ, муаллифи суруди "Катюша" Михаил Исаковский.
Соли 1974 — овозхони попи Русия Влад Сташевский.
Соли 1988 — ҳунарманди кино Алексей Воробьев.
Соли 1989 — размикори муҳорибаҳои омехта Дастин Поре.
Соли 1968 — рассоми советӣ Владимир Серов.
Соли 1971 — шоири советӣ Николай Рубтсов.
Соли 2007 — овозхони советӣ Мурат Носиров.