Намозгузор, акс аз бойгонӣ

Пайравӣ аз дин: банди нав дар варақаи барӯйхатгирии аҳолии Тоҷикистон дар соли 2020

2010
(Таҷдидшуда 18:23 30.06.2019)
Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ҳафтаи равон тағйиру иловаҳо ба қонун “Дар бораи барӯйхатгирии аҳолӣ”-ро қабул кард

ДУШАНБЕ, 30 июн — Sputnik. Абдуҳалим Ғаффоров, раиси Ҳизби сотсиалистӣ ва  узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон дар масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ гуфт, лоиҳаи тағйиротро якҷоя бо вакил Миралӣ Достизода пешниҳод карданд.

Ба моддаи 4 қисми 5 илова карда шуд, ки тибқи он, “Барномаи барӯйхатгирии аҳолӣ ва усулҳои гузаронидани онро Комиссияи давлатии мусоидат ба барӯйхатгирии аҳолӣ тасдиқ мекунад”, - овардааст нашрияи парлумонии "Садои мардум" аз қавли Ғаффоров.

Абдуҳалим Ғаффоров инчунин илова намуд, ки барои пуррагардонии варақаҳои барӯйхатгирии аҳолӣ ба моддаи 6 сархати панҷум бо мазмуни – “пайравӣ ба дин” илова карда шуд.

Қабули ин тағйирот дар ҳолест, ки бар асоси дастури Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон барӯйхатгирии аҳолӣ дар кишвар соли 2020 гузаронда мешавад. Ба рӯйхатгирии аҳолӣ дар Тоҷикистон ҳар даҳ сол як бор гузаронда мешавад.

Тавре Ожонсии омори Тоҷикистон хабар додааст соли 2020 барӯйхатгирии навбатии аҳолӣ ва фонди манзил баргузор мегардад. Вобаста ба ин маъракаи муҳим бо қарори Ҳукумати Тоҷикистон комиссияи давлатӣ таъсис дода шудааст ва омодагиҳо ба ин маърака ҷараён дорад.

2010