Меҳрнигори Рустам, овозхон, акс аз бойгонӣ

Рақс бо сарӣ болои “капот”: Меҳрнигор намоҳанги ҷадидашро нашр кард - видео

2718
(Таҷдидшуда 16:09 02.08.2019)
Меҳрнигори Рустам, овозхони ҷавони тоҷик намоҳанги ҷадиди худро зери унвони “Дили ошиқ” пешниҳоди мухлисон кардааст

ДУШАНБЕ, 2 авг — Sputnik. Намоҳангро, ки Меҳрнигор дар саҳифаҳояш дар шабакаҳои иҷтимоӣ пешниҳод кардааст, аз ҷониби коргардон Лидия Андре таҳия шудааст. Муаллифи оҳанг худи Меҳрнигор ва матни суруд маҳсули эҷоди Орзу Исоев, рӯзноманигор ва шоири шинохтаи Тоҷикистон мебошад.

Дар намоҳанг Меҳрнигори Рустам бо либосҳои гуногун дар мавзеъҳои гуногун, аз ҷумла бо либоси сарӣ болои капоти мошини гаронарзиш ҳунарнамоӣ ва рақс мекунад.

Нашри ин намоҳанг дар ҳолест, ки ахиран Меҳрнигор Рустам бо пешниҳоди як навор хабар дод, ки муш дар хонаи хобаш 2 диплом, шиноснома ва асноди дигарашро хӯрдааст.

Меҳрнигори Рустам, ки аввали моҳи равон Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо дипломи сурхи ҳуқуқшиносӣ хатм кард, дар саҳифааш дар Инстаграм ин санади газидаю сӯрохкардашударо нишон дода буд.

2718
Ҳаётой Муминова

Ордкашии Ҳаётой дар сарҳад ва тарки саҳнаи бузург: "ҳеҷ вақт сар хам намекунам" - видео

2377
(Таҷдидшуда 17:21 09.08.2020)
Ҳаётой Муъминова - Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон, дар бораи солҳои душвори 90-ум, ордкашӣ дар сарҳад ва тарки саҳнаи бузург нақл кард

ДУШАНБЕ, 9 авг — Sputnik. Ҳунарманди мардумии Тоҷикистон Ҳаётой Муъминова дар барномаи "Ногуфтаҳо" - и журналист Орзу Исоев дар бораи ҳаёти шахсӣ гуфт.

Ҳаётой Муъминова солҳои ҷанги шаҳрвандӣ, ки аз сангинтарин рӯзҳои мардуми Тоҷикистон буданд, нахустин фарзандашро ба дунё овард. Ӯ ҳамроҳи ҳамсараш барои дарёфти қути лоямут ва рӯзгоргузарнӣ ба тиҷорат рӯ овард.

"Ман аз Худованд шукргузорӣ мекунам, ки бароям чунин марди сабур, фурӯтан ва оқил ҳадя кард", - гуфт Ҳаётой дар бораи ҳамсараш ва орзу кард, ки Худованд ба ӯ 100 сол умр диҳад.

Ҳаётой Муъминова зане ҳаст, ки дар зиндагӣ ношукрӣ ва нолиданро намеписандад.

"Агар ба ман фишор оранд ҳам, садди роҳи ман шаванд ё хоҳиши ҳамкорӣ надошта бошанд, ман ҳеҷ вақт сар хам намекунам, ман бисёр хушрӯй баромада меравам. Инкори ҳар чиз тавлиди роҳи нав аст", - бовар дорад Ҳаётой ва аз ашхосе, ки садди роҳи ӯ шуданд ва боиси тарки саҳнаи бузург гардиданд, изҳори сипос мекунад.

Ҳаётой Муъминова шаш сол дар замони ҷанги шаҳрвандӣ ба тиҷорат машғул буду дар ин ҷодда муваффақ ҳам шуд.

"Тӯй нест, маош нест. Як дугона доштам дар Каленин Холбӣ, дигараш Истамой. Онҳо аслан мухлисонам буданд, ман дар маъракаҳояшон хизмат карда будам. Баъд гуфтанд мебинем аҳволатон хеле вазнин, биёед ман ба шумо тиҷоратро ёд медиҳам. Баъд  ангуштарини маркиза ва як гарданбандамро фурӯхта ба тиҷорат оғоз кардам". 

Ҳамин тавр Ҳаётой рӯ ба тиҷорат овард ва ҳамроҳи ҳамсараш бозорнишин шуд. Дар тиҷорат Ҳаётой муваффақ шуд. Ӯ мегӯяд мушкилиҳо ҳам хубии худро дорад.

"Рафиқони зиёде пайдо кардем. Чор рӯз сурудхонда мерафтем Бишкек барои бор, боз сурудхонда меомадем. Мисли як оила шуда будем",- гуфт Ҳаётой.

Сароянда ҳамчунин дар бораи сахтиҳои тиҷорат нақл кард.

"Як бор гуфтанд орд камчин шудааст ва интиқоли он манъ аст, вале мо ба ин нигоҳ накарда бор мекардем. Мо то Регар бо мошини худамон ва баъд пиёда сарҳадро убур мекардем ва баъд мошинҳои Ӯзбекистон моро интизор мешуданд. Борро дар сарҳад бояд аз болои як ҷӯйбори калон мегузаронидем. Шафёр ба пушти ман бор мекард ман то ҷӯйбор мебурдам, Меҳрӣ аз ҷӯйбор гузаронид ба мошини дигар бор мекард", - нақл мекунад Ҳаётой ва меафзояд, ки агар сарҳадбонон дар чунин ҳолат онҳоро медиданд, мумкин буд парронанд ё ҷарима кунанд.

Ин кори сангинро занон ба хотири обод кардани хона ва сер кардани шиками худу кӯдакон анҷом медоданд.

Ҳаётой Муъминова мегӯяд, инсон то охирин лаҳзаи ҳаёташ барои хушбахтии худ талош мекунад ва танҳо бояд такя ба Худо кунад.

Орзу Исоев аз ошноӣ бо Ҳаётой гуфту зиндагии ӯро дабистони вафову садоқат ва сабуриву инсонпарварӣ хонд.

2377
Барчаспҳо:
ҳаёти шахсӣ, сароянда, Тоҷикистон, Душанбе
Историк Гафур Шерматов

Рӯнамоии китоби таърихнигори тоҷик дар бораи Ҷанги Бузурги Ватанӣ: видео

64
(Таҷдидшуда 11:38 08.08.2020)
Таърихнигори тоҷик Ғафур Шерматов китоби худро дар бораи аҳамияти иштироки Тоҷикистон дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ муаррифӣ кард

ДУШАНБЕ, 8 авг — Sputnik. Рӯнамоии китоби тозанашри таърихшинос оид ба ҶБВ дар Маркази илму фарҳанги Русия сурат гирифтааст, дар ин бора телевизиони “Мир 24”гузориш додааст.

Китоби тозанашр "Ҷанг ва Ғалаба. Тоҷикистон дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ"  унвон дошта, муаллиф барои таҳияи он панҷ сол заҳмат кашидааст.

Собиқадори ҶБВ аз Тоҷикистон, чӣ гуна пулемёти ҷангиашро дар осорхонаи Маскав шинохт?

Ба гуфтаи Шерматов, тамоми саҳмҳо ва ҷангҳоеро, ки зодагони ҶШС Тоҷикистон кардаанд, дар як китоб ҷой додан номумкин аст, аммо ӯ дар матн муҳимтарин марҳилаҳои Ҷанги Бузурги Ватаниро, ки ба  Тоҷикистон рабт дорад, қайд кардааст.

Аз Сталинград то Берлин: саргузашти собиқадори 112-солаи ҶБВ аз Тоҷикистон

Аксари сафҳаҳои китоб ба ҳаёти аҳолии ҷумҳурӣ дар рӯзҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ бахшида шудаанд.

Дар муаррифии китоб инчунин намояндагони пойгоҳи низомии 201-и Русия ва сафири фавқулодда ва мухтори Русия дар Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов ширкат варзиданд.

64
Барчаспҳо:
таърих, рӯнамоӣ, Ҷанги Бузурги Ватанӣ, муҳаққиқ, Ғафур Шерматов
Панорама города Худжанд, архивное фото

Дастури шаҳрдори Хуҷанд барои ошкорсозии "бениқобон": гигиенаву масофа риоя намешавад

0
(Таҷдидшуда 11:03 10.08.2020)
Масъулони ҳукумати шаҳри Хуҷанд бо баргузории ҷаласа манбаъи паҳншавӣ ва роҳҳои пешгирӣ аз бемории вируси коронаро мавриди баррасӣ қарор додаанд

ДУШАНБЕ, 10 авг – Sputnik. Маъмури Юсуфзод, котиби матбуотии ҳукумати Хуҷанд дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон гуфт, дар ҷараёни кори ҷаласа масъулини шаҳр мавридҳои сироятёбӣ ва мубориза бо бемории коронавируси навъи COVID-19 ро таҳқиқ намудаанд.

Фирӯза Нуруллозода, муовини раиси Хуҷанд гуфтааст, ки мушоҳида мешавад, ки аз ҷониби баъзе шаҳрвандон талаботҳои беҳдоштӣ риоя намегардад ва ин омил ба афзоиши хуруҷи беморӣ бе таъсир намемонад.

“Бозору ҷойҳои истироҳатӣ ва тўю маъракаҳо аз манбаъҳои паҳншавии беморӣ ба шумор мераванд. Бо вуҷуди муайян шудани талаботи беҳдоштӣ мутаасифона аз ҷониби шаҳрвандон гигиенаи ҷамъиятӣ бастани ниқол риояи масофаи иҷтимоӣ аслан риоя карда намешавад”, гуфтааст Нуруллозода.

Маъруф Муҳаммадзода, раиси Хуҷанд ва сардори Ситод оид ба пешгирӣ ва мубориза бо COVID-19 ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар аъзоёни ҷаласа дастур додааст, ки дар бозорҳо ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ рейд гузаронанд ва ҳолатҳои риоя нашудани тавсияҳои беҳдоштӣ аз сӯи сокинонро ошкор намоянд.
Ахиран Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон рӯзи 10 июн ба моддаи 207 – и Кодекси ҷиноӣ (вайрон намудани қоидаҳои санитарию эпидемиологӣ), моддаҳои 112 (риоя накардани қоидаю меъёрҳои санитарию гигиенӣ ва санитарию эпидемиологӣ) ва 113 (риоя накардани қоидаҳои мубориза бо эпидемия) – и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ як қатор тағйиру иловаҳо ворид намуда ҷавобгарӣ аз рӯи ин моддаҳои қонунро шадидтар намуд.

Аз ҷумла дар қисми қисми 1 и моддаи 113 бе ниқоб ҳузур доштанд дар ҷойҳои ҷамъиятӣ дар шароити буруз ва густариши маризиҳои ба одам хатарнок ё замони иҷрои тадобири қарантинӣ ҷарима дар ҳаҷми аз ду то панҷ нишондиҳанда барои хисобҳо, мутаносибан 116 то 290 сомонӣ таъйин шудааст.
Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мегуянд, ҳоло ин моддаҳо тоза ба қонун ҳамроҳ шудаанд ва аз ин хотир корҳои тарғиботӣ мебаранд, то мардум моҳияти қонунро дуруст дарк кунанд, дар акси ҳол барои риоя накардани ин бандҳои қонун татбиқи ҷазо ногузир аст.
Вазорати тандурустии Тоҷикистон бегоҳии дирӯз 9 уми август омори тозаи сироятёбӣ, табобат ва фавт аз бемории COVID-19 ро ироа кард.

Ба иттилоъи ин ниҳод дар як шабонарӯзи охир дар ҷумҳурӣ 40 ҳодисаи нави беморӣ дарёфт гардида, дар маҷмӯъ шумораи гирифторони ин маризӣ ба 7785 нафар баробар то ин сана 6573 (84,4%) нафар аз бемории COVID-19 шифо ёфта, дар пайи хуруҷи он то имрӯз 62 нафар фавтидаанд.

0
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон