Раиси Кумитаи сайёҳии Тоҷикистон хостори густариши гардишгарӣ бо Эрон шуд

Нумон Абдугафорзода, глава Комитета туризма
Нумон Абдугафорзода, глава Комитета туризма - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Нуъмон Абдуғаффорзода, раиси Кумитаи сайёҳии Тоҷикистон дар мулоқот бо Муҳаммад Тақӣ Собирӣ, сафири Эрон дар Душанбе густариши гардишгарӣ миёни ду кишварро баррасӣ кардаанд

ДУШАНБЕ, 4 авг - Sputnik. Дар ин дидор Абдулғафорзода бо ишора ба иштирокот ва пайвандҳои фаровони Эрон ва Тоҷикистон, хостори густариши беш аз пеши муносибатҳои тарафайн аз ҷумла дар ҳавзаи гардишгарӣ шуд, навиштааст Парс тудей.

Праздничное мероприятие в посольстве Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон
Нӯши ҷон: дар вилояти Суғд ҷашнвораи "Оши палав" баргузор мешавад

Манбаъ афзуд, ки Абдуғаффорзода хостори ҳузури фаъол ва ҳарчи бештари ширкатҳои гардишгарии эронӣ дар Тоҷикистон шуд ва ҳамчунин аз ҳузури гардишгарони эронӣ, истиқбол кард.

Муҳаммад Тақӣ Собирӣ ҳам дар навбати худ изҳор доштааст, ки Эрон ва Тоҷикистон дар ҳавзаи гардишгарӣ ва ҳунарҳои дастӣ муштаракоти фаровоне доранд.

Сафири Эрон дар Тоҷикистон, тақвияти гардишгарии саломат, баргузории ҳафтаи саноеи  дастии Эрон дар шаҳрҳои пурҷамъияти Тоҷикистон, ҳузури фаъолони бахши хусусии гардишгарии Тоҷикистон дар намоишгоҳҳои байналмиллалии Эронро таъкид кардааст.

Собирӣ бо ишора ба дидорҳои ахири миёни мақомоти олии ду кишвар, бар зарурати густариши ҳамкориҳои ҳамаҷонибаи Эрон ва Тоҷикистон ба вижа дар ҳавзаи ҳамкориҳои гардишгарӣ таъкид  ва омодагии Эронро ҷиҳати тақвияти муносибатҳо бо кишвари ҳамдин, ҳамфарҳанг ва ҳамзабони Тоҷикистон эълом кард.

Тақвияти ҳамкориҳои фарҳангӣ аз ҷумла баргузории ҷашни Наврӯз ба унвони мероси муштарак ва ҳамчунин сафари ҳайатҳои гардишгарӣ барои ошноӣ бо зарфиятҳои гардишгарии ду кишвар, аз ҷумлаи дигар мавориде будаст, ки  мавриди таъкиди тарафайн қарор гирифтаст.

Лентаи хабарҳо
0