Народний артист Таджикистана Афзалшо Шодиев

Афзалшоҳи Шодӣ пас аз консерт дар Хуҷанд дубора барои ҷарроҳӣ ба Олмон меравад

217
(Таҷдидшуда 19:39 07.08.2019)
Афзалшоҳи Шодӣ пас аз баргузор кардани консерт дар шаҳри Хуҷанд дубора барои идомаи табобат ба Олмон меравад

ДУШАНБЕ, 7 авг - Sputnik. Бар хабари сомонаи "Фараж", имрӯз ҳунарманди маъруф Афзалшоҳи Шодӣ дар шаҳри Хуҷанд консерти ваъдагиро баргузор мекунад.

Ин сароянда бояд чанд моҳи пеш дар ин шаҳр консерт баргузор мекард, аммо бо сабаби беморӣ ва табобат дар берун аз кишвар, натавонист.

Шитоби мухлисони самарқандии Афзалшоҳ ба дидорбиниву таронаи нави овозхон - Видео

Манбаъ аз қавли хабарнигори "Ҳақиқати Суғд" менависад, ки ин сароянда 7-8-уми августи соли равон, соати 17:30, дар Қасри ҷавонон ба номи Лоиқ Шералӣ консерт дорад ва ин аввалин консерти Афзалшоҳи Шодӣ баъд аз беморӣ ва табобат дар Олмон аст.

"Айни ҳол табобати ман ба пуррагӣ анҷом наёфтааст ва 17-уми август бояд барои ҷарроҳии навбатӣ дубора ба Олмон равам. Аз он, ки ба мардуми Хуҷанд ваъдаи қатъӣ дода будам, консертро баргузор хоҳам кард. Табибон иҷозати суруд хонданро доданд, аммо зиёд на. Ин аст, ки барномаи мо фақат дар шаҳри Хуҷанд баргузор хоҳад шуд, дар шаҳрҳои дигар баъд аз итмоми табобат ҳунарнамоӣ хоҳем кард",- омадааст дар хабари манбаъ аз қавли ин сароянда.

Гуфта мешавад, Афзалшоҳи Шодӣ  аз он мутаассиф аст, ки консерти хешро дар шаҳри Хуҷанд бинобар беморӣ дар вақташ баргузор кардан натавонист.

Тӯли беш аз 70 рӯзе, ки дар Олмон бо табобат машғул будам, ҳамеша Тоҷикистонро ёд ва муҳаббати мардумро эҳсос мекардам, изҳор доштааст Афзалшоҳи Шодӣ.

217
Барчаспҳо:
консерт, тоҷик, сароянда, Хуҷанд
Жители Таджикистана встретили праздник Ид аль-Фитр или Иди Рамазон

Дар Тоҷикистон Иди Рамазон таҷлил мешавад

493
(Таҷдидшуда 13:59 24.05.2020)
Имсол ба далели паҳншавии коронавируси навъи COVID - 19 дар Тоҷикистон таҷлили оммавии Иди Рамазон манъ шуд

ДУШАНБЕ, 24 май — Sputnik. Мусулмонони Тоҷикистон имрӯз, Иди Фитр поёни моҳи мубораки Рамазонро ҷашн мегиранд.

Иди Фитр, пас аз 30 рӯзи рӯзадорӣ дар поёни моҳи мубораки Рамазон қайд карда мешавад.

Иди Фитр дар сиюмин рӯзи моҳи мубораки Рамазон пас аз ғуруби офтоб дар оғози моҳи Шаввол таҷлил мешавад.

Чун дигар идҳои мусалмонӣ Иди Рамазон рӯзи дақиқ надорад ва вобаста ба тақвими мусалмонӣ муайян карда мешавад.

Маъмулан Иди Фитр дар Тоҷикистон бо гузоштани намози ид оғоз шуда, бо идгардаки кӯдакон ва хабаргирии пайвандону дуохонӣ дар ҳақци гузаштагон идома мекунад.

Имсол ба далели паҳншавии коронавируси навъи COVID - 19 дар Тоҷикистон таҷлили оммавии Иди Рамазон манъ шуд. Ба хотири ҳифзи саломатии мардум намози ид дар хонаҳо гузошта шуд ва дари масҷид баста гардид.

Омӯзгорон муваззаф шуданд дар рӯзи ид рафтори шогирдонашонро зери назорат гиранд

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мардуми кишварро ба муносибати ин ҷашн табрик карда, гуфт имсол Иди Рамазон дар авҷи паҳншавии коронавирус дар Тоҷикистон рост омад ва ба хешу пайвандону хонаводаҳое, ки наздикони худро аз даст додаанд, изҳори ҳамдардӣ кард.

Бино ба додаҳои Вазорати тандурустии Тоҷикистон, то соати 18:30 дақиқаи 23 май дар Тоҷикистон 2738 нафар гирифторони коронавируси нави COVID-19 ошкор гардида, аз ин беморӣ то кунун дар мамлакат 1223 нафар шифо ёфта, 44 кас ҷон бохтааст.

493
Барчаспҳо:
таҷлил, Иди Рамазон, Тоҷикистон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Юбилейный показ дизайнера Хуршеда Сатторова

Аз Шабнам то Нигинаю Мадина: аксияи хайриявии ситораҳои шоу-бизнес - видео

743
(Таҷдидшуда 13:33 24.05.2020)
Ситораҳои эстрадаи тоҷик дар давраи ҳамагирии коронавируси навъи COVID - 19 ва арафаи Иди Рамазон дар Тоҷикистон аксияи хайриявӣ роҳандозӣ карданд

ДУШАНБЕ, 24 май — Sputnik. Дар Тоҷикистон дар остонаи Иди Фитр нахустин аксияи хайриявии аҳли санъату фарҳанг роҳандозӣ шуда, ба 50 хонаводаи ниёзманд маводи ғизоӣ кумак расонида шуд.

Дар аксия Шабнами Сурайё, Нигина Амонқулова, Мадина Ақназарова, Хуҷастаи Мирзовалӣ, Зайнура Пулодова, Шабнами Собирӣ, ровӣ ва рӯзноманигор Мубориз Усмонов, Сабринаи Назрӣ ва ғайраҳо ширкат кардаанд.

Посмотреть эту публикацию в Instagram

Аввалин челлендж (аксияи хайрияви) миёни ахли санъату фархангу сухан рохандози намудем. Ташаккур ба ташкилкунандагон : @madinaaknazarova_ @rajahmadofficial @delay_dobro_tajikistan Ин навори таргиби (реклама) ва хайп нест, танхо ба хотири водор намудани Шумо азизон дар рохи анчом додани амалхои хайр аст. Мо дар якчояги кудратмандем, ки дасти чандин маъюбону ниёзмандону беморонро бигирем. Пеш аз хама миннатдории худро ба хамаи шахсоне, ки челленчи моро дастгири карданд баён менамоем. Бо кумаку дастгирии Шумо мо тавонистем ки ба 50 оила кумак (озукавори) расонем. Ин танхо огози кори мост. Дар челленчхои оянда мо шахсонеро даъват менамоем, ки имконияти моли доранд , мувофики имконият 1, 5 ,10 сомони ба оилахое, ки дар ин давраи вазнин мухточи дастгириянд, ёрдам намоем. Биёед якдигарро дар ин рузхои сахт дастгири кунем. @nurov_a_i @rajahmadofficial @nigina_amonqulova @khujasta.m @mubor1z @zulaykhoofficial @rafaelgulov @shabnamsurayoofficial @shabnami_sobiri @sabrinai_nazri_official @umedjoni_burhon @_rukhshonakarimova_ @safinajon___8 @fatim.9595 @bonu_shop_tj @zaynura_pulodova @showshotime @pulatovagulasal @shahnozirustam.official @soffi_1111_official @delay_dobro_tajikistan

Публикация от Madina Aknazarova (@madinaaknazarova_)

"Ин навори тарғибӣ ва хайп нест, танхо ба хотири водор намудани Шумо азизон дар роҳи анҷом додани амалҳои хайр аст. Мо дар якҷоягӣ қудратмандем, ки дасти чандин маъюбону ниёзмандону беморонро бигирем. Пеш аз ҳама миннатдории худро ба ҳамаи шахсоне, ки челленҷи моро дастгирӣ карданд баён менамоем. Бо кумаку дастгирии Шумо мо тавонистем ки ба 50 оила кумак (озукавори) расонем", - гуфтаанд дар шарҳи аксия сарояндагон ва афзудаанд, ки ин оғози кор буда дар аксияҳои оянда ба ин кори хайр ашхоси доро ҷалб мешаванд.

Кумаки як миллионӣ: ба муҳоҷирони ниёзманди Маскав 37 тонна маводи ғизоӣ доданд

Аз навор дида мешавад, чӣ гуна мардуми ниёзманд аз дастгирии ситораҳо изҳори шодмонӣ мекунанд ва дар ҳаққи онҳо дасти дуо мебардоранд.

Вазорат омори нави гирифторон, шифоёфтагон ва фавтидагон аз COVID-19 -ро гуфт

Вазорати тандурустии Тоҷикистон мегӯяд, то соати 18:30 дақиқаи 23 май дар Тоҷикистон 2738 нафар гирифторони коронавируси нави COVID-19 ошкор гардида, аз ин беморӣ то кунун дар мамлакат 1223 нафар шифо ёфта, 44 кас ҷон бохтааст.

743
Барчаспҳо:
кумак, кори хайр, ситораҳо, Тоҷикистон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Свеча

Бобои Файз муаллифи таронаи машҳури "Очата бугу" даргузашт

0
(Таҷдидшуда 10:53 25.05.2020)
Файзӣ Сулаймон, мусафеди, ки  бо сароидани таронаҳои мардумӣ миёни омма бо номи Бобои Файз машҳур аст, даргузаштаас

ДУШАНБЕ, 25 май — Sputnik. Дар ин бора як манбаъи Sputnik Тоҷикистон гуфт, сарояндаи шинохта субҳи имрӯз дар синни 82 солагӣ даргузашт.

Ба иттилои манбаъ, Бобои Файз пас аз чанде беморӣ даргузашт, аммо шарҳ надод аз кадом беморӣ.

Номи Бобои Файз замоне вирди забонҳо гашт, ки тароинаи мардумии ӯ таҳти унвона "Очата бугу" нашр гашт.

Бобои Файз ҳатто бо сароидани ин тарона дар наврӯзии соли 2013 президент Эмомалӣ Раҳмонро мафтун карда буд ва хостори таҳияи барнома дар телевизион бо иштироки ин ҳунармандро карда буд.

Ӯ дар як суҳбаташ қад кард, ки қаблан низ ба овозхонӣ мушғул буд, аммо таронам "Очата бугу" ӯро бисёртар миёни мардум шинохта кард.

Файзӣ Сулаймон, бо тахаллуси Бобои Файз соли 1938 дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон ба Дунё омадааст.

Ин дуввумин сарояндаи тоҷик аст, ки давоми шабонарӯзи ахир даргузашт.

Рӯзи гузашта 24-уми май низ, Ҷӯрабек Назрӣ, овозхони маъруфи тоҷик, дар синни 74-солагӣ даргузашт

Ҷӯрабек Назрӣ чанд рӯзи ахир дар шифохонаи "Истиқлол"-и Душанбе табобат мегирифт.

 

 

0