Президент Таджикистана Эмомали Рахмон в Хатлонской области

Раҳмон гуфт, пайғамбари Худо мусалмононро аз кадом кор манъ карда буд

828
(Таҷдидшуда 16:08 10.08.2019)
Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар номаи табрикоташ ба муносибати Иди Қурбон оростани дастархонро махсусан таъкид карда мардумро ба сариштакорӣ даъват кард

ДУШАНБЕ, 10 авг — Sputnik. Мехоҳам як нуктаи муҳимро, ки ба оростани дастурхони идона вобаста мебошад, бори дигар таъкид намоям, гуфтааст раисиҷумҳур.

"Баъзеҳо дар ҷомеаи мо то ҳанӯз ҳангоми оростани дастурхони идона ба зиёдаравию исрофкорӣ роҳ медиҳанд ва ба ин васила ба буҷети оилаи худ зиён ворид менамоянд. Дар натиҷа ҷанбаҳои маънавӣ ва ахлоқию тарбиявии ин иди саид, аз ҷумла хоксориву фурӯтанӣ ҳамчун хислатҳои ҳамидаи инсонӣ фаромӯш мешаванд ва ҳама чиз дар атрофи тановул кардани хӯроки аз андоза зиёд, яъне арзишҳои истеъмолӣ фаҳмида мешавад", - таъкид кардааст Эмомалӣ Раҳмон.

Доир ба масъалаи роҳ надодан ба зиёдаравию исрофкорӣ дар оростани ҳама гуна дастурхон – ҳам идона ва ҳам меҳмонӣ – Имом Абӯҳанифа аз ҳадисе ҳангоми меҳмонӣ дар хонаи саҳобаи пайғамбар Ҷобир ибни Абдуллоҳ ёдовар шудааст, ки чунин аст: — “Ҳамоно пайғамбари Худо моро аз “таклуфа”, яъне таҳаммули сарфу хароҷот ва машаққати аз тавоноӣ бештар манъ карда буд”.

Президент афзуда, аз ин рӯ, ҳангоми омодагӣ ва густурдани дастурхон ба хотири ид ва пазироии меҳмон исрофкориву зоҳирпарастӣ ва кӯшиши аз дигарон беҳтару бартар буданро бо анъанаву ойинҳои миллати бостонии тоҷик ва арзишҳои имониву эътиқодӣ вобаста кардан камоли беэҳтиромӣ аст.

Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардааст, ки арзиши дини мубини ислом ба ҳеҷ ваҷҳ қабул надоранд, ки шахси мусулмон бо дасти худаш ба сатҳи некӯаҳволии хонаводааш зиён ворид намояд.

Чӣ гуна мусулмонони Покистон гови қурбониро аз "осмон" мефароранд - Видео

"Баръакс, мо бояд дар рӯзҳои баргузории ин иди саид ба ҷанбаи маънавии масъала аҳаммияти зарурӣ диҳем", - гуфт президент.

Дар ин замина шахс метавонад корҳоеро анҷом диҳад, ки дар дафтари аъмолаш ба таври ҳамешагӣ ҳамчун садақаи ҷория сабт мегардад.

Вобаста ба истиқболи сазовори сисолагии истиқлолияти давлатӣ як идда шаҳрвандони огоҳи мо пасандоз ва маблағҳои ба нияти ҳаҷ ҷамъовардаашонро барои адои корҳои хайр, аз қабили бунёди мактабу марказҳои саломатӣ, сохтани роҳу пулҳо, таъмини мардум бо оби нӯшокӣ, аз худ кардану обод намудани заминҳои нав, беҳтар сохтани шароити манзили зисти хеш ё ёрӣ додан ба шахсони камбизоат, яъне ба корҳое, ки тибқи аҳкоми шариат савоби ҷория мебошанд, сарф карда истодаанд.

Иди Қурбон-2019: мафҳум ва анъанаҳои ҷашн

Раисиҷумҳур гуфт, баракати ин гуна саҳмгузорӣ ва корҳои писандида ҳам ҷамъият ва ҳам шахсиятро тарбият мекунад ва боиси тақвияти пояҳои ахлоқии ҷомеа мегардад.

Дар охир Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи ҳамватанонро ба муносибати фарорасии иди Қурбон табрик гуфта, барояшон тандурустиву саодати зиндагӣ, хонаи обод ва ризқу рӯзии фаровон орзу кардааст.

828